22:41:24 02-уми Июни 2025 сол

ИЗҲОРОТИ ЭЪТИЛОФИ СОЗМОНҲО ДАР РОБИТА БА ҚАЗИЯИ “ASIA-PLUS"

Эътилофи Созмонҳои ғайридавлатии Тоҷикистон барои таҳияи гузориши олтернотив ба Кумитаи дифоъ аз шиканҷаи СММ бо интишори баёнияе аз афзоиши мавориди кайфархост алайҳи рӯзноманигорон ва расонаҳо изҳори нигаронӣ кардааст.

 

asiaplus_newspaperДар баёнияи ин эътилоф, ки намояндагони ҳафт созмони ғайридавлатӣ аз ҷумла ҳуқуқдонон зери он имзо гузоштаанд гуфтаанд ахиран дар Тоҷикистон мавориди ба додгоҳ кашида шудани нашрияҳо ва хабарнигорон дар робита ба ҳимоят аз ҳайсият ва шараф дар ҳоли афзоиш аст. Муаллифони ин баёния аз баҳси ҳуқуқӣ миёни Анвар Тағоймуродов, раиси бахши идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати кишвар ва нашрияи "ASIA-PLUS" ба унвони мисол ёдовар шудаанд.

 

Ба гуфтаи онҳо ба додгоҳ кашидани рӯзноманигорон ва расонаҳо ба боло рафтани сатҳи худсонсурӣ дар миёни хабарнигорон ва коҳиши матолиби ҷолиб дар ҳафтаномаҳо ва расонаҳои мустақили хабарӣ шудааст. Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ дар робита ба вуҷуди шиканҷа дар Тоҷикистон, ки дар мақолаи нашрия низ бар он ишора рафтааст навиштаанд:

 

“Кумитаи алайҳи шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2006 баъд аз баррасии гузориши Тоҷикистон дар мавриди иҷрои кунвенсиюни алайҳи шиканҷа дар гузориш машваратӣ ба мавҷудияти мавориди истифода аз шиканҷа дар ҷараёни бозрасиҳои парвандаҳо ва гирифтани шавоҳид аз боздоштшудагон дар Тоҷикистон ишора карда ва ба мақомоти ин кишвар машварат дод, ки маъмуронеро ки аз ин шева истифода мекунанд ба муҷозот бикашанд ва амнияти афроди таҳти шиканҷа қарор гирифтаро таъмин кунанд.”

 

Дар Тоҷикистон мавзӯъи нашри мақолае таҳти унвони "Тафтиш ё инкивизитсия (истинтоқ)" муҷиби ба додгоҳ кашида шудани ҳафтаномаи “ASIA-Plus" шудааст. Дар ин мақола аз қавли шоҳидон иддаъо шудааст дар ниҳодҳои интизомӣ дар вилояти Суғд афроди боздоштшуда мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд.

 

Ба дунболи нашри ин мақола женерол Анвар Тағоймуродов, раиси бахши идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи Вазорати кишвар аз ин нашрия ба додгоҳ шикоят бурд. Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар робита ба ин мақола муҳокимаи ҳафтаномаи “ASIA-Plus”-ро аз авоили моҳи феврали соли равон оғоз кард.

 

Женерол Тағоймуродов, раиси бахши ҷароими созмонёфтаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон нашрияи “ASIA-Plus” ва Рамзия Мирзобекова, муаллифи матлабро ба "тавҳину бӯҳтон" алайҳи хеш муттаҳам кардааст. Аммо Рамзия Мирзобекова, хабарнигори “ASIA-Plus” ва муаллифи ин матлаби ҷанҷолбарангез мегӯяд, ки “онҳо дар навиштани матлаб ба ҳеҷ гуна иштибоҳ роҳ надодаанд.”

 

Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, рӯзи мушаххаси муҳокимаи баъдии ин қазияро эълом накардааст. Масъулони Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ дар баёния ба он низ таъкид кардаанд, ки моддаи 30-уми Қонуни Асосии Тоҷикистон дар мавриди озодбаёнӣ ва моддаи 19 паймони байналмилалии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ, ки Тоҷикистон онро дар соли 1999 эътироф кардааст, ба мардум ҳуқуқи озодандеширо додааст.

 

Намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ гуфтаанд матлаби ҳафтаномаи “ASIA-Plus", ки дар Тоҷикистон яке аз пурхонандатарин нашрияҳо ба ҳисоб меравад ва дар он номаҳо ва иқтибосҳои зиёде оварда шудааст, намунае аз матолибест, ки дар он дар мавриди рух додани ҷароим гузориш шудааст ва ба дунболи интишори ин матлаб мусалламан масъулони интизомии Тоҷикистон бояд парвандаи ҷиноӣ боз мекарданд ва таҳқиқот анҷом медоданд.

 

Созмонҳои ғайридавлатӣ мегӯянд дар сурате, ки далоили ин матлаб дар таҳқиқот таъйид нашавад дар ин ҳафтанома матлаби баъдӣ аз такзиби он пахш мешавад. Ҳамчунин дар баёния омадааст, ки бо ин вуҷуд хабарнигор ба ҳангоми навиштани матлаб ва таъмини амнияти мусоҳибаш ҳаққ дорад, ҳуввияти вайро эълом накунад. Намояндагони созмонҳои ғайридавлатӣ менависанд, ки мавриди нигаронӣ аст, ки хабарнигоре, ки дар бораи рух додани ҷурм матлаб навиштааст, имрӯзҳо таҳти фишор қарор дорад ва ин хабарнигорро ба ҳамдастӣ бо теруристҳо гунаҳкор мекунанд.

 

Дар охири ин баёния масъулони Эътилофи Эътилофи созмонҳои ғайридавлатӣ аз қузоти додгоҳ низ даъват кардаанд, ки дар баррасии қазияи ҳафтаномаи “ASIA-Plus" мунсифона рафтор кунанд. Ҳамчунин дар баёния аз маъмурони интизомии Тоҷикистон даъват шудааст, ки барои таҳқиқи воқеъӣ будани мавориди шиканҷае, ки дар матлаб дар бораи он гуфта мешавад, иқдом кунанд.

 

Ин баёнияро ҳафт созмони ғайридавлатӣ аз ҷумла идораи ҳуқуқи башар ва риояти қонун, Анҷумаи вукалои мудофеъи вилояти Суғд, Созмони “Ампаро”, Анҷумани вукалои мудофеъи мавсум ба “Сипар”, Маркази ҳуқуқи башар, созмони “Имконоти баробар” ва созмони “RDI” Тоҷикистон имзо кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/matbuot/4656-robita-ba-kaziyai-asiaplus.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854