21:36:45 02-уми Июни 2025 сол

ТАЪСИСИ ЯК ХАБАРГУЗОРИИ НАВИ МУСТАҚИЛ ДАР ТОҶИКИСТОН

Дар Тоҷикистон хабаргузории мустақилле ба номи "Озодагон" таъсис ёфтааст. Зафари Суфӣ, муассис ва сардабири ҳафтаномаи мустақилли "Озодагон", муассиси ин хабаргузорист. Ҳадаф аз таъсиси ин хабаргузорӣ, ба гуфтаи оқои Суфӣ, тавлиди хабар ва ироаи он ба таври сареъ ба хонанда аст.

zafar sufiМатолиби хабаргузории “Озодагон”, ки сойти интернетии он ҳануз фаъол нашудааст, нахуст ба забони тоҷикӣ, аммо баъдан ба забони русӣ ва сипас, ба хатти форсӣ, низ мунташир хоҳанд шуд. Оқои Суфӣ мегӯяд, ки корбарони тоҷикзабони интернет интихоби зиёде миёни сойтҳои хабарӣ ва таҳлилӣ ба забони тоҷикӣ надоранд ва ба ин хотир, роҳандозии хабаргузории ҷадиди электрунӣ ба забони тоҷикиро амре муассир барои "густариши фазои хабарии тоҷикзабон" медонад.

Зафари Суфӣ ҳамчунин эълом кард, ки сардабирии хабаргузории ҷадидро Хилватшоҳи Маҳмуд, рӯзноманигори маҳаллӣ, бар ӯҳда хоҳад гирифт. Ҳайъати кормандони ин хабаргузорӣ аз ҳашт нафар аз хабарнигорон иборат аст.

Ба гуфтаи масъулони хабаргузории "Озодагон" ин хабаргузорӣ ду моҳ қабл дар Вазоарти адлияи Тоҷикистон сабти ном шуда, вале ба далели "нофаҳмиҳо" миёни ин вазорат ва вазорати фарҳанг таҳияи куллияи асноди зарурӣ барои оғози фаъолияти он то ҳоло тӯл кашидааст. Нашри огаҳӣ ва эълонҳо дар бораи хабаргузории "Озодагон" дар нашрияҳо оғоз шуда, аммо сойти интернетии хабаргузорӣ интизор меравад дар ояндаи наздик фаъол шавад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854