21:00:10 30-уми Июни 2025 сол

RSF ДАРХОСТИ ТОҶИКИСТОНРО "ҒАЙРИҚОНУНӢ" ХОНД

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз, дархости боздошти Додоҷони Атовуллоро “ғайриқонунӣ ва пуч” хондааст.

Додочони АтовуллоРӯзи сешанбеи 12-уми апрел Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон гуфта буд, ки ҷониби Тоҷикистон ба як қатор кишварҳо, аз ҷумла ба Русия дархости расмӣ ироъа кардааст ва онҳо мунтазири посух ба ин дархост ҳастанд: «Нисбати ӯ парвандаи ҷиноӣ ҳаст, ӯ дар ҷустуҷӯ қарор дорад. Мо ҳуҷҷатҳоро ҳам ба мақомоти Русия ва кишварҳои дигаре, ки бо онҳо шартнома дорем, равон кардем барои боздошти ӯ ва ба Тоҷикистон додани ӯ. Посух ҳоло нест».

Аммо Гузоришгарони Бидуни Марз бо нашри баёнияе гуфтааст, аз онҷо ки Додоҷони Атовулло соли 2002 ҳаққи паноҳандагӣ дар Олмонро ба даст овардааст, “Русия ва Олмон наметавонанд ба ӯ даст расонанд.”

Додоҷони Атовулло ба бовари мақомот дар шаҳри Маскав ба сар мебарад ва Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, умедвор аст, Русия мисли пешин дархости истирдоди Тоҷикистонро рад хоҳад кард.

ТОҶИКИСТОН ХОСТОРИ ИСТИРДОДИ АТОВУЛЛО АСТ

Дар гузашта низ борҳо Тоҷикистон дархости боздошт ва истирдод ё вопасдоди Додоҷони Атовуллоро аз Русия намуда буд. Дар соли 2001 Додоҷони Атовулло зимни бозгашт аз Олмон ба Маскав боздошт шуд, аммо таҳти фишори мақомоти сиёсии кишварҳои аврупоӣ озод шуд. Дар соли 2008 низ дигарбора Тоҷикистон хостори боздошт ва вопасдоди оқои Атовуллоев шуд, аммо Русия боз ҳам далелҳои ҷониби Тоҷикистонро барои боздошти ӯ нокофӣ донист.

Дархости боздошти Додоҷони Атовулло бар асоси парвандаи ҷиноии дар соли соли 2008 бозшуда ва маводи илҳоқӣ ба он ба Русия ироъа шудааст. Мақомот ба ин боваранд, Додоҷони Атовулло дар Русия ба сар мебарад. Ва бино ба иттилои дарёфтӣ, дар аввали соли равон як гурӯҳи вижаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, таҳти сарварии мансабдори боломақоми Додистонии кулли Тоҷикистон ба Русия фиристода шуд, то дар ин бора бо мақомоти зидахли Русия вориди гуфтушунид шавад.

Ин гурӯҳ агарчанд натавонист он замон бо мақомоти олирутбаи марбутаи Русия мулоқот кунад, аммо акнун маълум мешавад, ҳадди ақал муваффақ шудааст, ки дархости расмии худро таслим кунад. Мақомоти Тоҷикистон Додоҷони Атовуллоро дар даъват барои сарнагунии низоми ҳоким, тӯҳмату таҳқир ба унвони Президенти Тоҷикистон ва робита бо гурӯҳҳои зидди давлатии таҳти пайгард муттаҳам медонанд.

Дар ин мавзӯъ:

ДОДСИТОНИ КУЛЛ: ДАР РОБИТА БА АТОВУЛЛО ПОСУХ НАГИРИФТАЕМ

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ