15:03:52 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ИЗҲОРОТИ САФИРИ ИМА КЕН ГРОСС БА МУНОСИБАТИ РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ОЗОДИИ МАТБУОТ

Аз номи Сафорати ИМА ман мехоҳам ба халқи Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот табрикоти худро изҳор намоям. Эъломияи умумии ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид озодии матбуотро ҳамчун пояи асосии ҷомеаи демократӣ ҳимоя менамояд.

ken-gross_amriko3266.jpgБарои нигоҳ доштани ҷомеаи солим шаҳрвандони инфиродӣ бояд ҷиҳати изҳор намудан ва шунидани фикру мулоҳизаҳои мухталиф озод бошанд. Имрӯз Сафорати ИМА ташаббусеро барои ҷалби ҷавонони саросари Тоҷикистон ба рӯзноманигорӣ оғоз менамояд. Сафорат ба доир намудани барномаи таълимӣ мусоидат менамояд, ки талабагони мактабҳои миёнаро бо хабарнигорӣ шинос месозад, ва ба онҳо имконияти навиштан ва ба табъ расонидани мақолаҳоро тавассути Интернет фароҳам меоварад. 

Ман бо камоли майл эълон мекунам, ки Сафорат рӯзноманигори "Азия Плюс" Рамзия Мирзобековаро барои иштирок дар сафари бахшида ба Рӯзи умумиҷаҳонии озодии матбуот ба шаҳрҳои Ню-Йорк ва Вашингтон интихоб намуд. Хонум Мирзобекова мақолаи "Тафтишот ё инквизитсия"-ро навиштааст, ки қазияи Усмон Бобоев, сокини вилояти Суғдро мустанад кард, ки гӯё ки дар рафти бозпурсӣ ба ҳалокат расидааст.

Мо мутмаинем, ки барои мансабдорони давлатӣ қатъиян зарур аст, ки ҳодисаҳои иддаошудаи шиканҷаро бо дақиқат тафтиш кунанд ва рӯзноманигоронеро, ки дар ин мавзӯъ гузориш медиҳанд, ҷазо надиҳанд. Ҳангоми сафари худ ба Иёлоти Муттаҳида хонум Мирзобекова бо рӯзноманигорони саросари ҷаҳон вомехӯрад ва бо мансабдорони боломақоми Қасри Сафед, Департаменти давлатӣ, Созмони Миллали Муттаҳид ва созмонҳои ғайриҳукуматии дар соҳаи озодии матбуот фаъолияткунанда мусоҳиба мекунад. 

Мо аз озодии воситаҳои ахбори омма дар тамоми ҷаҳон пуштибонӣ мекунем. Дар Тоҷикистон мо оиди боздошти давомноки рӯзноманигори аштӣ Маҳмадюсуф Исмоилов, мурофиаҳои судии айни ҳол бар зидди рӯзномаи Пайкон суратгирифта, ва даъвои ба наздикӣ бар зидди хабарнигори «Имруз Ньюс» Мирзомуроди Бозор баамаломада нигаронем. Мо рӯйдодҳои марбути ин парвандаҳоро бодиққат мушоҳида менамоем ва умедворем, ки дӯстони мо дар Ҳукумати Тоҷикистон эътироф мекунанд, ки воситаҳои мустақили ахбори омма дар ҷомеаи солиму демократӣ нақши муҳимро мебозанд.

Аз номи Президент Обама ман бори дигар ҷонибдории доимии Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро аз озодии воситаҳои ахбори омма дар Тоҷикистон тасдиқ мекунам. Сафорати ИМА баҳри мусоидат ба рушди воситаҳои озод ва мустақили ахбори омма дар мушорикат бо Ҳукумати Тоҷикистон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва аъзоёни воситаҳои ахбори омма кор мекунад. Мо мушоҳида намудем, ки бесуботӣ бештар на аз озодии аз ҳад зиёд, балки аз озодии аз ҳад маҳдуд маншаъ мегирад.  Изҳори озоди нуқтаҳои назари мухталиф мамлакатро нерӯмандтар мегардонад ва қадами нахустини ноилшавӣ ба ризоият аст.

3 майи соли 2011

«Рӯзгор»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi