15:57:39 02-уми Июни 2025 сол

НОМАИ ХАБАРНИГОРОНИ ТОҶИК БА МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН

Созмонҳои журналистӣ ва хабарнигорони тоҷик бо ирсоли як нома хостори ислоҳи баъзе аз бандҳои тарҳи қонуни нави “Воситаҳои ахбори умум” шудаанд. Дар номаи хабарнигорон гуфта шудааст, ки ҳарчанд ин тарҳ дар муқоиса ба қонуни феълии "Воситаҳои ахбори умум" бартариҳо дорад, аммо аз камбудҳо холӣ нест.

joornalists22122.jpgТарҳи ин нома дар Рӯзи ҷаҳонии озодии баён, 3-юми майи соли 2011, ба муҳокимаи хабарнигорон пешниҳод шуда ва акнун ба Маҷлиси намояндагон ирсол гаштааст. Хабарнигорон дар ин нома пешниҳодҳои худро ба вакилони парлумон ироа кардаанд, то дар баҳси тарҳи қонун ба назар гирифта шавад.

Аз ҷумла, дар номаи онҳо омадааст, ки “Бақайдгирии давлатии воситаҳои ахбори умум бо тартиби барои шахсони ҳуқуқӣ  ва соҳибкорони инфиродӣ муқарраршуда иштибоҳи дағали ҳуқуқист, зеро ВАУ усулан наметавонанд субъекти ҳуқуқ бошанд. Онҳо ҳамагӣ ва фақат шакли паҳн намудани ахбори оммаанд.”

Ҳамчунин таъкид кардаанд, ки сабтиноми воситаҳои ахбори умум ва оинномаи идораи нашрияҳо бояд ба ӯҳдаи Вазорати адлияи Тоҷикистон ва ё мақомоти махсуси ваколатдори давлатӣ доир ба ин бахш вогузор карда шавад. Ба назари созмонҳои хабарнигории Тоҷикистон, бояд дар ин тарҳи қонун мафҳумҳои “раддия” ва “ҷавоб” дар алоҳидагӣ шарҳ дода шаванд, “зеро ин ду мафҳум аз ҳам тафовут доранд.”

Нуктаи дигаре, ки хабарнигорон хостаанд, то он ислоҳ шавад, масъалаи “шаъну шараф” аст. Хабарнигорон гуфтаанд, шахси ҳуқуқӣ, яъне идора, муассиса ё ширкат наметавонад соҳиби “шаъну шараф” бошад. “Конститутсияи Тоҷикистон, Кодекси гражданӣ чунин ҳолатро фақат ба шаҳрванд ва инсон мутааллиқ медонанд”,- омадааст дар номаи хабарнигорон.

Кормандони расонаҳо дар муроҷиатномаи худ аз вакилони Маҷлиси намояндагон хостаанд, дар мавриди ҷуброни зиёни маънавӣ дар тарҳи қонуни "воситаҳои ахбори омма" низ таҷдиди назар сурат бигирад.

“Дар тарҳи қонун бояд моддаи махсус ба асосҳо, шарту шароит, тартиби қатъи табъу нашр ва боздоштани фаъолияти ВАУ ихтисос дода шавад. Инчунин, дар матни лоиҳа мебоист мафҳум ва мӯҳтавои амалҳои таҳқиқоти журналистӣ ва тартиби паҳн намудани ахбору маводе, ки аз тариқи пинҳонӣ сабт шудаанд, ҷой дода мешуд”, - гуфта шудааст дар номаи хабарнигорон.

Созмонҳои журналистӣ, ба монанди Шӯрои васоити ахбори ом, "Медиа-Алянс", НАНСМИТ, нашрияҳои мустақил ва хабарнигорон дар охири номаи худ аз вакилони Маҷлиси намояндагон хостаанд, то лоиҳаи қонуни «Воситаҳои ахбори умум» дар ду қироат баррасӣ шуда, пас аз қироати аввал ба муҳокимаи умумимардумӣ пешниҳод гардад.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854