CPJ: "ИТТИҲОМОТИ СОХТАГӢ АЛАЙҲИ УСМОНОВРО ЛАҒВ КУНЕД"
Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон (CPJ) бо интишори баёнияе тоза аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки иттиҳомоти ба гуфтаи ин созмон “сохтагӣ” алайҳи хабарнигори боздоштшудаи Би-би-сӣ дар шаҳри Хуҷандро лағв кунад. Ҳамчунин, ин созмон муҷаддадан хостори озодии Ӯрунбой Усмонов шуда ва гуфтааст, ки иттиҳомоти ворида алайҳи оқои Усмонов бо фаъолиятҳои хабарнигориаш пайванд дорад.
Нина Огниянова, ҳамоҳангсози барномаҳои Урупо ва Осиёи Миёнаи Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон, гуфтааст: “Мо аз мақомоти Тоҷикистон мехоҳем, ки аз иттиҳомот алайҳи Ӯрунбой Усмонов даст кашанд. Усмонов, ки танҳо ба хотири фаъолиятҳои рӯзноманигориаш танбеҳ мешавад, бояд бедиранг озод карда шавад.”
Дар ин баёния ҳамчунин гуфта шудааст, ки масъулони ин кумита барои баррасии қазияи боздошти Ӯрунбой Усмонов бо намояндагони сафорати Тоҷикистон дар Омрико, вазоратҳои умури хориҷа ва дохила, кумитаи амнияти миллӣ тамос гирифтаанд, вале ҳеҷ касе дар ин ниҳодҳо ҳозир нашудааст ин мавзӯъро шарҳ диҳад.
Ин созмони байналмилалии мудофеъи озодии баён аз қавли Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, навиштааст, ки муваккилаш расман ба узвият дар созмони мамнӯъи Ҳизби Таҳрир муттаҳам шуда ва имкон дорад то ба 15 соли зиндон маҳкум шавад.
Ҳарчанд, ба гуфтаи хонуми Воҳидова, Ӯрунбой Усмонов ин иттиҳомро рад карда ва изҳор доштааст, ки бо ин ҳизби мамнӯъ ҳеҷ иртиботе надорад, вале баъид нест бо чанд нафаре, ки аз узвияти онҳо дар ин созмон огоҳӣ надошта, барои таҳияи барномаҳои родиюӣ мусоҳиба карда бошад.
Дар ин баёния аз қавли масъулони шабакаи хабарии Би-би-сӣ омадааст, ки Ӯрунбой Усмонов дар ҷараёни таҳияи матолиби родиюӣ бо ҷонибҳои мухталиф ва афроди дорои ақоинд ва андешаҳои гуногун мусоҳиба мекард ва ин амр яке аз меъёрҳои кори ҳирфаии хабарнигорӣ аст.
Кумитаи Дифоъ аз Рӯзноманигорон ҳамчунин аз вазъи саломатии оқои Усмонов изҳори нигаронӣ карда ва аз қавли Малоҳат Абдуазимова, ҳамсари оқои Усмонов навиштааст: "Вақте ӯро дар боздоштгоҳ дидам, нашинохтам, сахт лоғар шуда буд. Вай бо душворӣ роҳ мерафт ва бо мушкил саломуалейк мекард."
Ин созмон таъкид кардааст, ки фишорҳо бар давлати Тоҷикистон барои озодии Ӯрунбой Усмонов дар ҳоли афзоиш аст ва аз баёнияҳои ахири кишварҳо, созмонҳо ва иқдомоти хабарнигорон дар ин замина ёдовар шудааст.
Дар ҳамин ҳол, Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон, як созмони ғайридавлатии нозир бар фаъолияти расонаҳо дар ин кишвар, ки бештар ба баррасии баҳсу ихтилофот миёни расонаҳо, нашриёт ва рӯзноманигорон мепардозад, кумисиюне барои баррасии мақолоти чопшуда дар бораи Урунбой Усмонов таъсис додааст.
Масъулони ин Шӯро мегӯянд, ки таъсиси ин кумисиюн бо дархости дафтари намояндагии Би-би-сӣ дар Тоҷикистон сурат гирифта ва онҳо ду мақолаи чопшуда дар сойти Pressa.tj ва нашрияи "Народная газета"-ро мавриди барарсӣ қарор хоҳанд дод. Торнамои Pressa.tj рӯзи шанбеи 18 июн матлаберо мунташир кард, ки дар он хабарнигор пас аз мусоҳиба бо Ӯрунбой Усмонов дар идораи маҳалли амният дар Суғд аз қавли ӯ навиштааст, ки гӯё “вай бо амири Ҳизби Таҳрир дар Тоҷикистон чанд маротиба дидор доштааст.”
Вале Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи оқои Усмонов, ки рӯзи душанбе бо муваккилаш дидор дошт, мегӯяд, ки вай ин иддаъоҳоро рад карда ва гуфтааст, ки чунин ҳарфҳоро ба хабарнигор нагуфтааст. Гузашта аз ин, ба гуфтаи хонуми Вҳидова, дар матлаби чопшуда дар торнамои Pressa.tj нукоте тавҳиномез нисбат ба оқои Усмонов ба мушоҳида мерасад ва бархе иттилоъот ва иддаъоҳои матраҳшуда дар ин мақола амнияти ӯро ба хатар меандозад.
“Народная газета”, нашрияи русизабони давлати Тоҷикистон, низ рӯзи чаҳоршанбеи 22 июн матлаберо дар бораи боздошти оқои Усмонов мунташир карда ва ӯро “псевдожурналист” ва “экстремист” номидааст. Би-би-сӣ мегӯяд, ки корбурди ин таъбирҳо тавҳин ба хабарнигори боздоштшудаи он аст ва ҳамчунин, моддаи 11 Эъломияи ҳуқуқи башар ва моддаи 20 Қонуни асосии Тоҷикистон дар бораи асли бароат ё эҳтимоли бегуноҳии афроди боздоштшударо нақз мекунад.
Моддаи 11 Эъломияи ҳуқуқи башар мегӯяд: “Ҳар инсоне, ки ба иртикоби ҷурме муттаҳам шудааст, ҳақ дорад, ки бегуноҳ шумурда шавад, то замоне ки ҷурми ӯ бо риъояти ҳамаи муқаррароти қонунӣ ва дар додгоҳе шаффофу одилона ва озод собит шавад ва ӯ аз ҳамаи имконот барои дифоъ аз худ бархурдор буда бошад."
Дар моддаи 20 Қонуни асосии Тоҷикистон низ омадааст: “Ҳеч кас дар иртикоби ҷурме гунаҳкор дониста намешавад, то замоне ки ҳукми додгоҳ дар бораи исботи ҷурми ӯ эътибори қонунӣ пайдо кунад.”
Масъулони Шӯрои ВАО ё расонаҳои Тоҷикистон, мегӯяд, ки кумисиюни таъсисшуда мақолотро мавриди омӯзишу баррасӣ қарор хоҳад дод, бо тарафҳои баҳс мулоқот ва натоиҷи баррасии худро эълом хоҳад кард.
Дар ҳамин ҳол, тибқи иттилоъи Файзинисо Воҳидова, вакили мудофеъи Урунбой Усмонов, рӯзи дувум аст, ки бозрасони амниятӣ ба бозпурсии оқои Усмонов дар ҳузури вакили мудофеъаш идома медиҳанд. Вале ба гуфтаи хонуми Воҳидова, вай ба хотири мухтал накардани раванди таҳқиқи ин қазия, наметавонад ҷузъиёти ин бозпурсиҳоро ифшо кунад.
Би-Би-Си