15:49:22 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

ПАХШИ БАРНОМАҲОИ РОДИОИ “ИМРӮЗ” МУТАВАҚҚИФ ШУД

 

Аз субҳи рӯзи сешанбеи 11 август пахши барномаҳои родиои “Имрӯз” дар Тоҷикистон комилан мутаваққиф шудааст. Ба гуфтаи масъулони родиои “Имрӯз”, рӯзи 27 июл, яъне ду ҳафта қабл, дар пахши барномаҳои ин родию мушкилоте пеш омада ва дар мавҷи муртабит бо он садоҳои бегона пайдо шудаанд. Ба ин тартиб, дар ду ҳафтаи ахир барномаҳои ин родию тавассути фиристандаҳои эҳтиётӣ пахш мешуд ва амвоҷи он танҳо дар шаҳри Душанбе дастрас будааст.

Рустами Ҷонӣ, раиси кулли ширкати “Ориёномедиа” ва муассиси родиои “Имрӯз”, гуфт, ки Маркази мутобиқати элекромагнитӣ ва радиомониторинг, як ниҳоди вобаста ба Идораи давлатии назорат дар бахши мухобирот ва иттилоърасонии Вазорати нақлиёт ва иртибототи Тоҷикистон, низ олуда будани мавҷи ин шабакаро ташхис додааст. 

Вале мақомоти ширкати саҳҳомии "Телерадиоком", ки пахши амвоҷи родиои “Имрӯз”-ро ба ӯҳда дорад, аз тавзеҳи далоили мушкили пахши барномаҳои ин родию худдорӣ карданд.

Афзун бар ин, оқои Ҷонӣ гуфт, ки масъулони ин ниҳод ба кормандони Маркази мутобиқати элекромагнитӣ ва радиомониторинг иҷозаи вуруд ба сохтмони "Телерадиоком" ва ташхиси мушкилоти пахши барномаҳои родиои “Имрӯз”-ро надодаанд. 

Рустами Ҷонӣ гуфт, ки илали мутаваққиф шудани пахши барномаҳои ин родиюро намедонад, вале ин амр ба далели мушкилоти молӣ иттифоқ наафтодааст. Ба гуфтаи ӯ, родиои “Имрӯз” дар муддати муқаррар пули иҷора ва ҳаққи пардохти пахши барномаҳоро ба Ширкати саҳҳомии "Телерадиоком" пардохт кардааст.

Аммо Сӯҳроб Алиев, раиси "Телерадиоком" ба Би-би-сӣ гуфт, ки пахши барномаҳои родиои “Имрӯз” ба далели мушкилоти фаннӣ мутаваққиф шуда ва ҷанбаи сиёсӣ надорад. 

Ба гуфтаи оқои Алиев, аз ҷумлаи ду хатти садо миёни минтақаи Гусхор, воқеъ дар 40-килуметрии шимоли шаҳри Душанбе, ки фиристандаҳои родиои “Имрӯз” дар он ҷо мустақарранд ва модули марказӣ дар шаҳри Душанбе, як хат аз фаъолият бозмондааст. Яъне садо аз Душанбе ба Гусхор расида, аммо аз он ҷо барнамегардад. 

Ҳамакнун гурӯҳе аз муҳандисони ин ширкат барои мушаххас кардани илали ин амр ба минтақаи Гусхор рафтаанд ва мумкин аст оҷилан мушкили пахши барномаҳои родиои “Имрӯз” ҳал шавад. 

Рӯшан нест, ки мушкили пахши барномаҳои ин родию ду ҳафта қабл пайдо шуда, вале чаро масъулони ширкати "Телерадиоком" танҳо имрӯз ба ислоҳи ин вазъ иқдом кардаанд?

Сӯҳроб Алиев гуфт, ки вай муддате дар як сафари хидматӣ дар нерӯгоҳи Сангтӯда-1 қарор дошт ва ҳоло пас аз бозгашт ба шаҳри Душанбе ба ин мушкил расидагӣ хоҳад кард. 

Зимнан, дар моҳи августи соли гузашта, дар остонаи нахустин солгарди таъсиси родиои “Имрӯз” низ "бо далоили фаннӣ" пахши барномаҳои ин родию ба муддати 15 рӯз мутаваққиф шуда буд.

Масъулони ширкати саҳҳомии "Телерадиоком" аз шарҳи далоили мутаваққиф шудани пахши барномаҳои родиои “Имрӯз” худдорӣ карданд.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi