16:39:40 30-уми Июни 2025 сол

"ҶАНГИ ИТТИЛООТИ"-И РУСИЯ АЛАЙҲИ ТОҶИКИСТОН ДАР ПАЙИ ҚАЗИЯИ ХАЛАБОНҲО

Қазияи зиндонӣ шудани халабони Русия дар Тоҷикистон “ҷанги иттилоотӣ” миёни ду кишварро тақвият додааст. Дар ҳоле, ки дар 24 соъати охир расонаҳои Русия бо чопи матолиби шадидуллаҳн алайҳи ҳукми додгоҳи Қурғонтеппа ба халабонҳо ва мавқеъи давлати Тоҷикистон дар ин қазия интиқод кардааст, ба назар мерасад расонаҳои Тоҷикистон дар он чи "ҷанги иттилоотӣ" номида мешавад, бо камбуди маводд барои матолиби ҷавобӣ рӯбарӯ ҳастанд.

/images/stories/2011/11/12_rus_press_2011.jpgБа нувони мисол бархе аз нашрияҳои Русия навиштаанд, ки ҳукми додгоҳ алайҳи халабони Русия ба мавзӯъи озодии Рустам Ҳукумов, писари Амонулло Ҳукумов, раиси ширкати “Роҳи оҳани Тоҷикистон” ва яке аз шахсиятҳои пурнуфуз дар сиёсати кишвар рабт дорад. Аммо мақомоти зидахли Тоҷикистон дурустии ин хабарро ба расонаҳои тоҷикӣ таъйид ё такзиб намекунанд.

Тибқи иттилоъи шабакаи телевизиюнии НТВ-и Русия, Рустам Ҳукумов соли гузашта аз сӯйи маъмурони интизомии ин кившар дар шаҳри Шелковои вилояти Маскав ба иттиҳоми қочоқи ҳеруин боздошт шудааст. Ба гузориши ин расона маъмурони интизомӣ аз оқои Ҳукумов ва се шаҳрванди дигари Тоҷикистон ҳудуди 10 килугромм ҳерунро кашф ва мусодира карда ва додгоҳи ин шаҳр Рустам Ҳукумувро ба мӯҳлати 9,5 сол равонаи зиндон кардааст.

Ахиран Додгоҳи олии Русия ба муҳокимаи шикояти истинофии вакилони мудофеъи оқои Ҳукумов аз ин ҳукми додгоҳи шаҳри Шелково оғоз кардааст. Бархе расонаҳои Русия навиштаанд, ки дар гузашта мақомоти тоҷик талошҳои ноком барои озоди Рустам Ҳукумов анҷом додаанд. Ба навиштаи ин расонаҳо, Амонулло Ҳукум аз пайвандони президент Раҳмон аст ва гузашта аз ин, яке аз фарзандонаш бо духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон издивоҷ кардааст.

Нашрияи “Ивестия”-и чопи Маскав бо такя ба манобеъи вазорати хориҷаи Русия иддаъо кардааст, ки барои бори нахуст нест, ки мақомоти тоҷик дар равобит бо Русия аз чунин наҳва истифода мекунанд. Ин манбаъ афзудааст: “Чунин бархурд маъмулан зимни мустақар кардани нерӯҳои низомии Русия дар ин кишвар ва ё имзои созишномаҳои иқтисодӣ рух медиҳанд ва ин як амри маъмулӣ шудааст.”

Дар ҳамин ҳол, як мақоми баландпояи Тоҷикистон, ки аз бурдани номаш худдорӣ кард, куллияи ин иттиҳоми расонаҳои Русияро бепоя хонд ва афзуд, ки “хабарнигорони ин кишвар алайҳи Тоҷикистон ҳамлаи иттилоъотӣ анҷом медиҳанд.” Ба эътиқоди вай, дар “ҷанги иттилоъотӣ” қавоиде вуҷуд надорад ва расонаҳои гурӯҳии Русия ба пахши итилоъи бепоя машғул шудаанд. Бо ин вуҷуд, ин манбаъ аз зиндонӣ шудани писари Амонулло Ҳукум дар Русия ба далели қочоқи маводди мухаддир изҳори беэътилоӣ кард.

Саймуддин Дӯстов, раиси Сандуқи таҳлилии мавсум ба “ИНДЭМ” мегӯяд, ки аз боздошт ва зиндони шудани писари Амонулло Ҳукум дар Русия барои қочоқи маводди мухаддир иттилоъ доштааст. Вай афзуд: “Бо дарназардошти ин нукта, ки Амонулло Ҳукум шахсияти пурнуфузтарин дар минтақаи Қӯрғонтеппа ва яке аз чеҳраҳои пурнуфузи сиёсии Тоҷикистон аст, чунин эҳтимол метавонад вуҷуд дошта бошад, ки боздошт ва зиндони шудани халабони рус ба мавзӯъи озодии писараш аз зиндони Русия бастагӣ дошта бошад.”

Парвиз Муллоҷонов, сиёсатшиноси тоҷик мегӯяд, ки ҳеҷ яке аз фарзияҳоро наметавон сарфи назар кард ва дурустии ин иддаъои расонаҳои русӣ танҳо замоне метавонад собит шавад, ки агар баъд аз чанд моҳ писари Амонулло Ҳукум аз зиндони Русия озод шавад. Аз сӯйи дигар, оқои Дустов бар ин назар аст, ки халабони рус воқеъан қавонини Тоҷикистонро нақз кардааст ва ҳукми додгоҳ мунсифона буд. Вай ин суолро матраҳ кард, ки чаро мақомоти Русия тӯли 8 моҳ дар ин робита хомӯш буд?

Оқои Дӯстов гуфт: “Русҳо бар ин бовар буданд, ки ҷониби Тоҷикистон дар бораи даст доштани халабонҳои рус ба қочоқи аслиҳа иттилоъ доранд. Ва замоне, ки маводди тафтишот ба дасти вакилони мудофеъ расиданд, ин тарси ҷониби Русия аз байн рафт ва онҳо дар атрофи ин мавзӯъ шӯру валвала бардоштанд.”

Ба эътиқоди ин таҳлилгари тоҷик, фаъолияти халабонҳои рус ба фаъолияти Виктор Бут, шаҳрванди Русия, ки ҳоло барои қочоқи аслиҳа аз сӯйи додгоҳе дар Омрико муҳокима мешавад, мушобеҳ аст. Вай афзуд, ки тибқи иттилоъи вай дар гузашта Виктор Садовничий, халабони маҳкумшудаи рус "дар қочоқи аслиҳа дар яке аз кишварҳои офриқоӣ даст доштааст."

Парвиз Муллоҷонов бо ишора ба печидагиҳои қазияи халабонҳо мегӯяд, ки на ҳама аз асрори боздошти ин халабонҳо то ҳол рӯшан шудааст. Бо ин вуҷуд, оқои Дӯстов мегӯяд, ки Президент Раҳмон бо дарназардошти "худкома будани низоми Тоҷикистон” аз судури чунин ҳукм бояд огоҳ мебуд. Вай гуфт: “Вале, фикр мекунам, ки адами таҳлилгарони қавӣ дар атрофи раиси ҷумҳур, вай натавонистааст пайёмадҳои воқеъии ин амрро пешбинӣ кунад."

Ҳоло, ба гуфтаи Саймуддин Дӯстов, як занги телефунӣ ба Президент Раҳмон аз сӯйи Владимир Путин, нахуствазири Русия, ки ҳамзамон номзад ба мақоми раисиҷумҳурии ин кишвар аст, метавонад мушкили халабони русро ҳал кунад. Аммо ба эътиқоди соҳибназарон бархе аз давраҳои сиёсӣ дар Русия мехоҳанд тавассути тақвияти "ҷанги расонаӣ" аз эҳсосот ва тамоюлоти зиддитоҷикӣ дар ҷомеъаи ин кишвар барои расидан ба ҳадафҳои сиёсиашон истифода кунанд.

Аммо дар ин миён коршиносони тоҷик ҳушдор медиҳанд, ки афкори умум дар Тоҷикистон, ки то ҳол ба суди Русия будааст, ба дунболи фишорҳои афзояндаи Русия метавонад зиддирусӣ шавад ва ин вазъ дар ниҳоят давлати Тоҷикитсонро водор мекунад, то мавзеъгирии худро нисбат ба Русия тағйир бидиҳад. Парвиз Муллоҷонов мегӯяд, ки дар ниҳоят халабони рус ба кишвараш истирдод мешавад, зеро, ҳар ду кишвар ба ташаннуҷи равобит алоқаманд нестанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ