09:12:35 06-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Декабр 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
            1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31          

ОЁ ДАР ТОҶИКИСТОН ХАБАРНИГОРОН АЗ ХАТАР ЭМИН ҲАСТАНД?

Бино ба иттилои Институти байналмилаии матбуот (IPI), соли 2012 дар саросари ҷаҳон 119 хабарнигор кушта шудааст. Ин созмони журналистӣ таъкид кардааст, ки аксари хабарнигороне, ки ҳангоми инъикоси ҳодисаҳо кушта шудаанд, на аз тирҳои тасодуфӣ ба марг расидаанд, балки ҷонибҳои даргир ба хотири аҳдофи сиёсии худ ва барои ҷилавгирӣ аз пахши хабар, огоҳона журналистонро қатл кардаанд.

/images/stories/2012/11/25_sharqi-ozod-251112.jpgТибқи ин пажӯҳиш, ки рӯзи 24-уми ноябр нашр шуд, аз ҳама кишвари хатарнок барои хабарнигорон Сурия дониста шудааст, ки ҳангоми инъикоси даргириҳои нерӯҳои давлатӣ бо ошӯбгарон, 36 журналист ҷони худро аз даст додаанд. Дар қатори сарзаминҳои хатарзо барои хабарнигорон, кишварҳои Шарқи Наздик ва Африқо, аз ҷумла Сомалӣ ном бурда мешавад, ки соли равон дар қаламрави он 16 хабарнигор кушта шудаанд.

Аммо Институти байналмилалии матбуот дар гузориши худ аз кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракуманофеъ (ИДМ) ном набурдааст. Созмонҳои журналистии ин кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон низ бар инанд, ки дар ин масъала минтақаҳои мазкур барои ​хабарнигорон хатарзо намебошад, вале шаклҳои манфии дигари бархӯрдҳое дида мешавад, ки мақомоти ҳукумати кишвар аз пахши хабар ва инъикоси ҳодисаҳо  махсусан ҷилавгирӣ мекунанд.

Рамзия Мирзобекова, хабарнигори шинохтаи "Азия Плюс" бо ёдоварӣ аз ҳаводиси 24-уми июли Хоруғ мегӯяд, ки мақомоти Тоҷикистон огоҳона ба журналистҳо имкон намедоданд, ки аз ҷараёни амалиёти неруҳои қудратӣ хабару гузориш таҳия намоянд:

«Албатта дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон бисёр журналистҳо кушта шуданд ва баъзеи онҳо махсус барои манфиати кадом тарафҳо ба қатл расонида шуда буданд. Вале хушбахтона ҳоло вазъ ба ин андоза нест. Аммо дар ҳодисаҳои 24-уми июли Хоруғ мақомот бо ҳар роҳе талош мекарданд имкони журналистҳоро барои пахши воқеияти ҳаводис тангу маҳдуд кунанд. Аввал маро дар руйхати Комиссияи 20-нафара ҳамроҳ карданд, баъдан бо амри раиси вилоят маро иҷозаи ширкат дар ҷаласаҳои ин комиссияро надоданд. Мақомдорон аз ҷараёни амалиёт, аз ҳодисаҳои биёр муҳиме, ки ба ҳаёти мардуми оддӣ дахл дошт, ба суолҳои мо посух дода наметавонистанд ва барои ҳамин намехостанд, мо ба манбаъҳои муҳими расмӣ дастрасӣ дошта бошем.»

Мақомоти Тоҷикистон ҳамчунин дар ҷараёни амалиёти Хоруғ ва аз ин қабл дар ҷараёни амалиёни нерӯҳои давлатӣ дар Рашт, алоқаи телефониро маҳдуд кардf буданд. Дар ҷараёни ҳодисаҳои Бадахшон, фаъолияти бархе хабаргузориҳо, аз ҷумла сомонаи «Азия Плюс» дар қаламрави Тоҷикистон масдуд шуд ва мақомот дар сафари намояндагони корпусҳои дипломатӣ ба қаламрави Бадахшон маҳдудият ҷорӣ намуданд.

​​Хилватшоҳи Маҳмуд, дабири кулли Шӯрои расонаҳои Тоҷикистон бар ин назар аст, ки мақомдорони Тоҷикистон як роҳи «мудшуда»-ро дунбол доранд, ки ин ҳам ба баҳсҳои додгоҳӣ кашидани нашрияҳо ва рӯзноманигорон аст. Ва бо ин роҳ мехоҳанд ба журналистҳо тарс диҳанд, ки ба «паҳлуҳои ҳассос»и  вазорату идораҳо ва аъмоли шахси вазиру раисҳо даст набаранд.

Аз тарафи дигар ҳамчуноне, ки Хилватшоҳи Маҳмуд меафзояд, журналистҳои Тоҷикистон ба он андоза дастрасӣ ба манбаъҳои муҳим ва ашхоси аввали бонуфузи кишвар надоранд, ки ба ҷони онҳо хатар эҷод шавад: «Хушбахтона дар зарфи панҷ- шашсоли ахир дар Тоҷикистон сӯиқасд ба ҷони журналистон сурат нагирифтааст. Вале таҳдидҳои лафзӣ бисёр ба мушоҳида мерасад. Дигар ин ки журналистҳои Тоҷикистон ба он андоза маълумот ва дастрасӣ  надоранд, ки аз тарафи ин ё он гурӯҳ мавриди сӯиқасд қарор гиранд.»

Аммо Хилватшоҳи Маҳмуд меафзояд, ин ба он маъно нест, ки дар Тоҷикистон хабарнигорон комилан аз хатар эмин бошанд. Ба қавли вай сӯхтори бозори «Корвон» бори дигар нишон дод, ки мақомот барои маҳдуд кардани пахши хабар ва инъикоси ҷараёни ҳодиса бо журналистҳо бадрафторӣ карданд ва баъзеи онҳоро боздошт намуданд.

Аз ҷумла Саймиддин Дӯстов, муассиси ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар ҷараёни роҳпаймоии эътирозгарон ба хотири оташсӯзӣ дар бозори "Корвон" аз сӯи кормандони пулис боздошт шуда буд. Ӯро дар Шӯъбаи умури дохилӣ 3 соат нигоҳ доштаанд. Дар ин ҳодисаҳо ба хабарнигорони Би-би-си низ аз тарафи кормандони милиса бадрафторӣ шудааст.

Аз ин рӯ ба хотири бехатарии журналистҳо ва барои ташхиси онҳо дар ҳодисаҳое назири эътирозҳои тоҷирони "Корвон", пешниҳод шуд онҳо либоси ягона ва ранги вижа дар бар дошта бошанд. Ин масъала дар як нишасти Созмонҳои журналистии Тоҷикистон дар моҳи августи соли равон таъкид шуда буд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi