ТЕЛЕВИЗИЮНИ ТОҶИКИСТОН 50 СОЛА ШУД
Сеюми октябр мусодиф бо 50-умин солгарди оғози фаъолияти телевизиюни тоҷик аст. Кумитаи давлатии родию ва телевизиюни ин кишвар ба муносибати ин рӯз мизи гирде бо номи "Нақши воситаҳои ахбори умум дар пешрафти равандҳои демукротиза" баргузор кард.
Дар ин мизи гирд умдатан кормандони Кумитаи родию ва телевизиюн ва хабарнигорони расонаҳои давлатӣ ҳузур доштанд. Таъкид шуд, ки нахустин барномаи телевизиюни тоҷик 3 октябри соли 1959 тавассути телевизиюни давлатии мавсум ба "Студияи телевизиюнии Сталинобод" пахш шуд. Дар оғоз ин телевизиюн ҳафтае ду маротиба 6 то 7 дақиқа ба забонҳои русӣ ва тоҷикӣ барномаи иттилоъотӣ пахш мекард.
Ҳамакнун ин телевизиюн дар коноли мавсум ба Шабаки аввал бо фарогирии тақрибан саддарсадӣ дар саросари Тоҷикистон барнома пахш мекунад ва то ҳол танҳо телевизиюни саросарӣ дар Тоҷикистон аст.
Ғайр аз ин, набуди рӯзномаҳо дар кишвар ва фаъолияти родиюҳои мустақил умдатан дар сатҳи маҳаллӣ, телевизиюни давлатиро ба унвони ироакунандаи аслии хабар ба мардум сохтааст. Ҳарчанд дар Тоҷикистон ҳамакнун 9 ташкилоти телевизиюнии давлатӣ ва 21 ғайридавтатӣ сабт шуда ва фаъолият мекунанд.
Аммо Асадуллоҳ Раҳмонов, раиси Кумитаи родию ва телевизиюни Тоҷикистон гуфт "Чанд соли охир расонаҳои Тоҷикистон мониторинг мегузаранд ва ба фаъолияти радио телевизиён дар баробари дигар ҳафтаномаҳо ва расонаҳо баҳои баланд мегиранд.
Бо ин вуҷуд бархе аз созмонҳои байналмилалии ҳуқуқи башар аз ҷумла Кохи Озодӣ ё Фридум Ҳауз дар гузориши ахири худ дар остонаи рӯзи ҷаҳонии матбуъот, аз вазъияти озодии баён дар Тоҷикистон интиқод кардааст. Бино ба гузориши ин созмон хабарнигорони тоҷик ба гунаи солҳои қаблӣ ҳамчунон таҳти фишор қарор доранд ва бо мушкилоти фаровоне рӯбарӯ ҳастанд.
Яке аз мушкилоти марбут ба озодии баён дар Тоҷикистонро соҳибназарон дар ин мебинанд, ки салоҳияти судури иҷозатномаи фаъолият барои родию ва телевизиюнҳои мустақил ба Кумитаи давлатии родию ва телевизиюн вогузор шудааст. Ин дар ҳолест, ки Қонуни феълии Тоҷикистон Дар бораи матбуъот ва васоити дигари оммаи дар соли 1990, яъне дар замони шӯравӣ тасвиб шуда ва бо интиқоди бархе соҳибназарон ба ҳамроҳ аст.
Вале Саидалӣ Сиддиқов, мудири шӯъбаи иттилоъотии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд ин қонун дар замони шӯравӣ тасвиб шуда, аммо дар замони истиқлол ба он дар шаш мавриди ҷудогона, тағйиру иловаҳо ворид шуда ва "барои танзими фаъолияти расонаҳо дигар санадҳои меъёрӣ низ қабул шуданд."
Дар ҳоле ки ба туҳмат ва бадгуйӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон бар асоси қонуни шаҳрвандӣ расидагӣ мешавад, аммо давлати Тоҷикистон ин аъмолро ҷиноят хонда ва барои иртикоби онҳо дар бандҳои 135 ва 136-и қонуни кайфарии худ муҷозотеро таъйин кардааст.
Пештар, бархе созмонҳои байналмилалии мудофеъи озодии баён хоста буданд, ки ин муқаррарот аз қонуни кайфарӣ ба дур андохта шавад, вале давлати Тоҷикистон ин дархостҳоро ҳамвора нодида гирифтааст.
Би-Би-Си