23:21:56 30-уми Июни 2025 сол

ҲАФТАНОМАҲО ЧӢ МЕНАВИСАНД?

Сафари сарвари мусалмонони шиъаи исмоилияи ҷаҳон Мавлоно Шоҳкарим Ал Ҳусайнӣ ба Тоҷикистон ва кушоиш ёфтани Маркази Исмоилиёни Тоҷикистон дар Душанбе бозтоби густурдае дар матбуоти хусусии ин ҳафтаи чопи Душанбе доштааст. Хабарнигори ҳафтаномаи «Миллат» Наҷмиддини Шоҳинбод дар матлаби худ «Оғохони 4 дар Тоҷикистон» дар робита бо ифтитоҳи аввалин Маркази Исмоилиён дар маҳдудаи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ менависад, ки «баъди қабули Қонуни ҶТ дар бораи дин ин тадбир аввалин кори амалии ин Қонун маҳсуб мешавад. Ифтитоҳи Маркази Исмоилиён давоми мантиқии соли бузургдошти Имоми Аъзам аст.

 

Зеро дар набардҳои ақидавӣ ва мухолифатҳо Ҳанафиён ва Исмоилиён аз ҳамдигар дифоъ менамуданд. Мусалмонони шиъаи Исмоилия аз замони Имом Ҷаъфари Содиқ ақоид ва қавонини Абӯҳанифаро эҳтиром мегузоранд. Исмоилиёни ҷаҳон 50 сол баҳри ҳамгироӣ, ҳамкории комили тамоми мазҳабу равияҳои Ислом кӯшиши зиёд ба харҷ медиҳанд.

 

Сарвари Исмоилиён пайваста дастуру ҳидоят медиҳад, ки Ислом дар ҷаҳони рӯ ба томгароӣ, задухӯрди манфиатҳои иқтисодӣ, тақсими харитаи геополитикӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, рақобати бозор, тавассути ҷараёнҳои нави радикалии ба вуҷуд овардани ҷудоӣ дар Ислом ва бӯҳронҳои молиявӣ бо бо усули таҳаммулпазирӣ бо роҳи муколима саҳми хешро гузорад. Маҳз сиёсати зидди зӯроварӣ фанатизми мазҳабӣ Оғохонро дар Ғарб шӯҳратманд кардааст».

 

Ҳафтаномаи «Нигоҳ» дар рубрикаи «Ногуфтаниҳо… бо Дориюши Раҷабиён» матлаби зебои ин журналисти дур аз Ватан , вале ҳамеша дар ёди онро, ки ҳамин мавӯъро пайгирӣ кардааст, пешкаши хонандагони худ кардааст. Раҷабиён бо ишора ба таъмири ин марказ азҷумла менависад: «Сохтмони 23-миллиондолларии такондиҳандаи Марказ бегкмон аз зеботарин ва мондагортарин биноҳои Душанбе аст. Аммо фалсафаи ин бино зеботар аз вуҷуди худи он ҷилва мекунад: се миллион пора хишти самарқандӣ рӯи ҳам чида шуда, то дар хоки Душанбе сохтмонеро ба шеваи хонаҳои равзанадори бадахшӣ шакл диҳад, ки ишора ба зарурати якпорчагии қавми парешони мост. Яке аз сохтмонҳои аслии муҷтамаъ чаҳоргӯш аст, ба шакли сохтмонҳои Эрони Бостон, ки нишонае аз чаҳор охшиҷ (унсури зиндагӣ) – обу хоку боду оташ дорад. Худи Марказ ҳам мураккаб аз чаҳор бахш аст, ки даври як чорбоғ сохта шудаанд: бахшҳои мазҳабӣ, омӯзишӣ, иҷтимоъӣ ва идорӣ».

 

Рамзия Мирзобекова хабарнигори ҳафтаномаи «Азия-Плюс» дар мақолаи хеш аз суханронии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳини ифтитоҳи ин Марказ чунин иқтибос овардааст: « Ман дар сӯҳбатҳои хусусии худ бо Оғохон гуфтам, ки ҳастанд ашхоси алоҳидае, ки онҳоро аз ин кори мо хуш намеояд. Ба онҳо гуфтам, ки ман пешвои мазҳабии эшонро истиқбол хоҳам кард. Ман наметавонам ҳақиқатро нодида гирифт. ӯ пайравони худро дорад ва онҳо пеш аз ҳама шаҳрвандони Тоҷикистонанд. Онҳо солиёни дароз дар орзуи дидани Имоми худ буданд.

 

Ман чӣ гуна метавонам, ки ин корро манъ кунам? Баръакс ман ҳамеша омодаам, ки Аълоҳазратро ин ҷо хайра мақдам бигӯям. Ман борҳо аз ӯ хоҳиш кардам, ки бо аҳли хонаводааш ба ин ҷо ташриф биёрад, ки бо онҳо низ мо шиносоӣ пайдо кунем. Шояд ҳамин гуна шавад,ки дар ин ҷо барои фарзандашон арӯс пайдо кунанд, ё шояд моён аз пайвандони эшон касеро барои худ келин бигирем…Бале, аксари шаҳрвандони Тоҷикистон пайравони мазҳаби Имоми Аъзам ҳастанд. Вале ҳамин бузургвор Имом Аъзам оё таҳаммулгароӣ ва муносибати ҳасана доштан бо пайравони мазоҳиби дигарро ба мо панд надодаанд?».

 

Интизор меравад, ки дар нимаи дуюми моҳи октябр дар Маскав мулоқоти сарони кишварҳои Русия ва Тоҷикистон баргузор гардад, ки дар он бо эҳтимоли зиёд масъали ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт. Аз ин рӯ бархе аз ҳафтаномаҳо бо ишора ба ин мулоқот мавзӯи буду боши низомиёни русро дар Тоҷикистон дар саҳифаҳои худ мавриди таҳлилу танқид қарор додаанд.

 

Аҳмади Иброҳим дар мақолаи «Кӯлоб, хукхона ва ҳузури ҳарбии русҳо» оиди зиёни ба мардуми Кӯлоб расондаи низомиёни рус дар чанд соли ахир сухан гуфта дар хулосаи хеш менависад: «Ба ақидаи инҷониб вақти он расидааст, ки Тоҷикистон дар муносибат бо Русия мани худро пш гузорад. Собит созад, ки мо метавонем рӯзе аз шарикии ҳарбӣ батамом даст бикашем ва рӯ ба мамлакати дигаре биёрем. Барои чӣ мо наметавонем бо Ирон, Чин, Ҷопон, Фаронса ва ИМА барин абарқудратон ҳамкорӣ кунем, ё бо Русия ақди никоҳ бастаем?

 

Баъзеҳо ақида доранд, ки мо бо сабаби муҳоҷирати корӣ, ки дар Русия садҳо ҳазор муҳоҷирони мо пайи дарёфти қути лоямутанд, пойбанди Русия гаштаем ва иҷборан ӯро падари уғай гирифтаем. Ба хотир биёред қӯшунҳои мусаллаҳи лашкаркашони бузурги дунёро, ки маҳз барои дарёфти ғуломон даст ба ғасби мамолики дигар задаанд.

 

Ба ивази садҳо ҷанговарони худ, ки тайи задухӯрдҳо қурбон мешуданд чанд ғулом ба даст меоварданд. Мардикорони мо бошад, бе ягон муҳориба худро ҳаволаи ғуломии Русия кардаанд. Онҳо дар маҷмӯъ пули пучак месозанд». Ба навиштаи ин журналист агар дар шаҳри Кӯлоб дар ҳамин шабу рӯз як назарсанҷӣ гузаронида шавад мардуми шаҳр ҳамагӣ бар зиди ҳузури низомиёни рус дар ин минтақа раъй хоҳанд дод».

 

«Рӯзгор»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ