11:33:47 26-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2016 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

«Спектакл»-и тоҷикӣ дар ТВ-и Русия: Истеҳзо ва мотам

Бурҳон Салмонов, махсус барои «Рӯзгор»

Тибқи омор беш аз як миллион шаҳрвандони Тоҷикистон дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, аксаран дар Федератсияи Русия дар шароитҳои гуногун барои дарёфти қути лоямут заҳмат мекашанд. Муҳоҷират, аз рӯйи хулосаи коршиносон, ҳамчун падидаи иҷтимоӣ барои ҳар миллат тарафҳои мусбату манфӣ низ дорад.

1.pust-govoriyat 555Агар қисме аз муҳоҷирони мо, бахусус мардон бо маблағе, ки ба даст меоранд, шароити рӯзгори оилаҳои хешро дар Тоҷикистон каме беҳтар карда бошанд, ҳастанд мардоне, ки бо рафтанашон ба кишварҳои бегона даҳ-понздаҳ сол беному нишон гашта, тақдири оилаҳои худро ба ҳукми фаромӯшӣ ҳавола кардаанд. Дар Тоҷикистон онҳоро бо алам «гумгаштаҳо» меноманд. Аксари хешовандони «гумгаштаҳо» бо гузашти 10-15 сол умедашонро аз зинда мондани онҳо канда, ба арвоҳашон хайроту садақа дода, онҳоро дар қатори мурдагон медонанд.

Ду моҳ аст, ки яке аз ин «гумгаштаҳо» бо номи Саид Шарипови тоҷик «қаҳрамон»-и Намойиш-шоуи машҳури «Пусть говорят»-и ТВ Русия (ОРТ) гаштааст. Онҳое, ки шоми 9 октябри соли равон ин намойишро дида ва тамошо кардаанд, дарк намуданд, ки он бештар ба спектакли зиндаи тоҷикӣ шабоҳат дошт.

Ин намойиши ҳузнангез фоҷиаи як оилаи тоҷик буд, ки телевизиони кишвари бегона онро воқеъбинона ба маъраз гузошт. Бори аввал ман ҳамчун тамошобин дидам, ки дастгоҳи тавонои иттилоотии ин кишвари бузург, ки беш аз як миллион муҳоҷирони моро ғунҷондааст, ба мо дилсӯзӣ дорад, ба ғаму дарди мо шарик аст ва аз ҳама муҳим–дар ҳалли мушкилоти иҷтимоии Тоҷикистон бетарафу тамошобин нест.

«Қаҳрамон»-и намойиши аввал, ки 11 сентябри соли равон аз ин шабака пахш гардид ва «Муҳаббати аввалин» ном дошт, Елена Костирикинаи сабукпой – сокини вилояти Тула буд ва намедонист, ки падари фарзанди ба дунёовардааш кист. Лена писарчаи дусолаашро танҳо тарбия карда, шавҳари қонуниаш Сергей ӯро ба сабукпойӣ муттаҳам медонад ва иброз дошт, ки кӯдак аз нигоҳи хунӣ ба вай тааллуқ надорад.

4.pust-govoriyat 555Шавҳар се маъшуқаи занашро гумонбар дониста, гуфт, ки чанд боре ғайрирусеро бо зани хатокораш якҷо дидааст. Дар намойиши дуюм аз миёни се падари гумонбар бахти ғайрирус, ҳамватани мо Саид Шарипов, «баландӣ» кард; ташхиси «ДНК» муайян сохт, ки вай падари кӯдаки дусолаи Елена Костирикина аст. Хурсандии Саид ҳадду канор надошт ва шодмона гуфт: «Ман тамоми умр бефарзанд будам, шукр, ки Худованд ба ман дидори фарзандро муяссар гардонд».

Ӯ дар назди тамошобинони сершумор Ленаро ба оғӯш кашида, бӯсаборон намуд. Садои иштирокчиёни намойиш: «Офарин, Саид, мард бояд чунин бошад!» ӯро хеле болидахотир намуда буд. Яке аз коршиносон хурсандона иброз дошт, ки мусалмонон дар оиладорӣ намуна буда, рисолати мазҳабию диниашонро нисбат ба зан сахт риоя мекунанд.

Аммо Саид ҳеҷ гумоне надошт, ки ӯро дар Тоҷикистон аллакай зану фарзандонаш шинохта, барои шармандагии падару шавҳар ашки ҳасрат мерезанд… Гумон ҳам намебурд, ки бо занги телефонии яке аз ҳамватанонамон журналистони ин шабакаи ҷаҳонӣ ду рӯз баъд ба Тоҷикистон сафар мекунанду сирру асрори ӯро фош месозанд. Бале, ӯ ба ин бовар надошт ва ба тӯйи арӯсӣ бо Елена Костриикина омодагӣ медид.

Дар намойиши сеюми «Пусть говорят» Саид Шарипов қаҳрамони асосӣ буд. Барандаи намойиш Андрей Малахови кунҷков бо садои марғуладор иброз дошт, ки Саид Шарипове, ки дар Русия ба тӯйи арӯсӣ омодагӣ мебинад, дар Тоҷикистон зану фарзанд дорад. Аз соли 2003 дар Русия кору зиндагӣ карда, ба зану фарзандон ва ҳатто ба модараш аз худ дарак надодааст. Саид Шарипов, ки паҳлуи Елена менишаст, бешармонаю беҳаёна посух гуфт, ки ин дурӯғ аст.

2.pust-govoriyat 555Барои исботи дурӯғи Саид бо ишораи А.Малахов ҳамсари ӯ Шаҳзода Шарипова вориди студия гашт ва бо забон тоҷикӣ гуфт, ки аз соли 1993 бо Саид ақди никоҳ дорад ва шаҳодатномаи ақди никоҳро ба ҳозирин нишон дод. Саид занашро нашинохт ва ӯро эътироф ҳам нанамуд. Кӯрдилӣ аз ин ҳам зиёд мешавад? А.Малахов таваҷҷуҳи тамошобинонро ба сабти аз Тоҷикистон расида; хонаи модар, чеҳраи нуронии вай бо докаи боли сар партофтаи модарони хатлонӣ, се фарзанди чашм дар роҳи падар ва симои ҳақку ҳамсояҳои Саид Шарипов ҷалб намуд.

Баъди ин ҳаёҳую ғиреви иштирокчиёни намойиш баланд шуд. Бисёре аз онҳо бо дидани ин манзараҳои дар ҳақиқат ҳам ҳузнангез ашк мерехтанд, аммо Саид карахт буд, ба ҳамаи ин бетафовут менигарист, гӯё ки ӯро аз санг офарида бошанд. Ба студия модари зор, ки фарзанди ҷигарбандашро 10 сол боз надидааст ва се нафар фарзандони Саид ворид мегарданд. Яхи Саид об шуд, ки аз ҷой хест ва ба пешвози модар қадам гузошт. Фиғону нолаи онҳо санги хороро об мекард.

–Ман Саидро инсону одам намешуморам,–гуфт ба тамошобинон Анна Граджая – зебосанами соли 2013-и Русия, ки меҳмони намойиш буд.–Шаҳзодаи занаш бонуи зебо, малика аст. Ҳашт сол дарбадар гашта, фарзандонашро калон кардааст. Ҳайфи ин хел ҷавонмард, садқаи ин хел фарзандони зебою доно шавад.

Баъди лаҳзае порчае аз сабти тӯйи арӯсии духтари калонии Саид, ки бе ишитироки падар гузаштааст, пахш гардид. А.Малахови хеле ба риққатомада ба Саид муроҷиат мекунад;

–Ин духтари шумо аст, Саид? Ӯро шинохтӣ? «Ман оилаю фарзанд надорам» гуфтагиат дурӯғ будааст-ку? Мардона аз модар, хонуму фарзандонат узр пурс! Ин гуноҳи сахту сангинест барои ҳар инсоне, ки дар кадом дину мазҳаб набошад.

Саид гунаҳкорна сар хам мекунад ва бо ҷунбондани сар тасдиқ менамояд, ки дар зиндагӣ хатои бузургеро содир намудааст, аммо аз домони Елена даст накашид ва хунсардона гуфт, ки бо ӯ оилаи нав барпо карданист.

3.pust-govoriyat 555– Ман тоҷиконро хеле хуб мешиносам ва иззату ҳурматашон мекунам,–рӯ овард ба ҳозирон коршиноси масоили иҷтимоӣ Елене Кудинова,– Саид, ки умраш аз чилсола болост, рафтори бачагона кардааст. Бо рафтори як нафар хатокор набояд ба ин ё он миллат баҳо диҳем. Тоҷикон одамони хеле хубу меҳнатӣ ва самимӣ ҳастанд, ман онҳоро хеле ҳам дӯст медорам.

Намойиш хеле беғаразона ва аз сиёсат дур буд. Чунон ки дар боло хотирнишон намудем, он масъалаи басо ҳам муҳим– паёмадҳои муҳоҷирати меҳнатӣ, ҳифзи оилаю оиладориро дар ин раванд ва рисолати падару модаронро дар назди фарзандон мавриди таҳлили амиқ ва арзёбӣ қарор дод.

Рости гап, ягона чизе, ки аз ин намоиш ба дил таскин мебахшид ва эҳсоси қаноатмандиро дар мо бедор мекард, ин рафтору гуфтори Шаҳзода, яъне зани Саид ва фарзандонаш буданд. Бо рафтору гуфтори худ онҳо бартарияти тарбияи шарқиёнаро дар масъалаи муносибати зан бо шавҳар ва фарзандон бо падар бори дигар амалан исбот карданд. Ин зани ҳақиқатан ҳам биҳиштӣ бо дидани шавҳаре, ки даҳ сол боз ӯву фарзандонашро партофтаву боре аз онҳо ёд накарда худро ба оғӯши зани бегонае задааст, сару рӯйканӣ накард, доду фарёд назад, ҳатто ӯро мазаммат нанамуд.

Ҳатто намонд, ки яке аз духтаронаш дар дифои модар бо падар бо овози баланд дарди дил бигӯяд. Фарзандон бо дидани падар, падаре, ки тӯли даҳ сол маишату кайфу сафоро бар онҳо тарҷеҳ додааст, онҳоро бо садҳо мушкилоти зиндагӣ дар кӯдакияшон танҳо ба танҳо гузоштааст, худро боз ҳам бар оғӯши ӯ партофта зор-зор гиристанд. Зеро  онҳо хуб медонанд, ки дини мубини мо- ислом фармудааст, ки дар ҳама ҳолат фарзанд бояд ҳурмати падару модарро нигаҳ дорад.

Ин намойишро на ҳама шояд дидаанд. Беҳтар мебуд ин намойишро ТВ-ҳои Тоҷикистон пайгирӣ менамуданд. Махсусан барномаи ахири «Пусть говорят»-ро тавассути чаҳор шабака мустақиман пахш мекарданд айни муддао мебуд. Намойиши такрории он аз тариқи шабакаҳои мо дар ҷомеа аз нигоҳи мусбӣ хеле ҳам таъсиргузор хоҳад буд. Зеро имрӯз дар ҷомеъа, мутаассифона, дар ҳар як деҳаву дар ҳар як гӯшаи ҷумҳурӣ мо чунин шаҳзодаҳоро зиёд мебинем, ки ба ҷуз кашидани бори гарони зиндагонӣ дар шонаҳои нозукашон боз дар ғами саидҳои гумгаштаи хеш ҷигархунанд. Шояд чунин барномаҳо ба дили санги хораи саидҳо кора кунаду ёди ёру диёр, фарзандони хору зор кунанд.



Шарҳҳо   

 
+2 #3 МОСКВАGuest 29.10.2013 22:03
Марди набувад агар ки фарзанд хор аст,
Бо бурдаи нон чашми сараш гар чор аст.
Мард нест хамоне, ки бигуяд занро
Дар зиндагии мову ту тифлат бор аст.
Марде ба Худо барои тифле нолад,
Марди дигаре зи тифлаке безораст,
Чун мард кунад тарки чигарбандонаш,
Бо у зи дилам лаънати ман бисёраст.
Марди набувад зи рафтани умр ои,
Чуи писаре, ки у ба давлат ёр аст.
Эй мард агар марди насихат аз ман,
Муи писарат давлати бетакрор аст.
Ба мардоне, ки тарки зану фарзанд
карда дар охир пушаймон шуда бар мегарданд.
 
 
+2 #2 МОСКВАGuest 29.10.2013 22:01
Ба руи волидон чашмат макун тез.
Мазан бар чони худ ту ханчари тез.
Ки буд он Модари бечора гамхор,
Падар буд рузу шабхо аз пайи кор.
Шуди имруз чавони пахлавоне,
Падар Модар заъифу нотавоне.
Ба тифлият нигахбони ту буданд,
Шабу руз аз пайи нони ту буданд
 
 
+2 #1 МОСКВАGuest 29.10.2013 21:58
САЛОМ АЛАЙКУМ БА ХАМАИ МАРДУМИ ТОЧИКИСТОН МО ЯКЕ АЗ МУСОФИРОНИ ШАХРИ МОСКВА ВАКТЕ КИ ИН БАРНОМАРО НИШОН ДОДАНДУ САЙИДИ БЕНОМУС ВАКТЕ КИ АЗ МОДАР КИ РУЙ ГАРДОНД МО ДАР НАЗДИ ИН МАРДУМИ БЕГОНА БЕБРУЙ ШУДЕМ.МОДАРЧОНИ МЕХРУБОН ХУДОВАНДО ШУМОРО УМРИ ДАРОЗ ВА ХЕЧГОХ ДАРДРО НАБИНЕД ВА БА ЗАНУ ФАРЗАНДОНИ САЙИД МО ГУФТАНИЕМ КИ ХУДОВАНДО САБР БА ШУМО НАСИБ БИГАРДОНАД ХАМАИ ШУМОРО НИГАХБОН БОШАД КИ ДОГИ ИН БЕНОМУСРО ШУМО НАКАШЕН.ИН САЙИД БЕОБРУЙ ШУД НАЗДИ ХАКУ ХАМСОЯ ВА ХЕШУ ТАБОР ВА ФАРЗАНДУ ЗАН КИ АЗ МОДАР РУЙ ГАРДОНДУ ДАР ХАКИ ИН МОДАР ГАПИ НОХАКЕ ГУФТ БА КАТОРИ РАХМИТИ ШУДАГОН ХИСОБ КАРДААСТ.

МОДАР ХУБ ХАСТ ПАДАР НОЗАНИН ХАСТ
БАРОДАР МЕВАИ РУИ ЗАМИН ХАСТ.
БАРОДАР КАДРИ ХАМДИГАРО БИДОНЕД
КИ ЧОИ ОДАМИН ЗЕРИ ЗАМИН АСТ
 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi