11:52:19 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Раҳмон Ӯлмасов: "Муҳоҷирати меҳнатӣ буд, ҳаст ва мемонад"

ё рӯнамои китоби "Муҳоҷирати муосир: таърих, назария ва сиёсат"

Султони ҳамад, «Рӯзгор»

Ҳафтаи гузашта дар Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон рӯнамои китоби таълимии "Муҳоҷирати аҳолӣ: таърих, назария ва сиёсат" баргузор гардид. Китобро гуруҳи олимони Тоҷикистону Русия таҳти раҳбарии устоди ин Донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Ӯлмасов Р.Ӯ. навиштаанд.

rahmon-ulmasov 1Профессор Ҷамшед Шанбезода, муовини ректор оид ба корҳои таълимии Донишгоҳ дар суханронии муқаддимавии хеш иброз дошт, ки чун масъалаи муҳоҷирати аҳолӣ дар замони мо ба проблемаи хеле муҳими ҳаёти иҷтимоӣ табдил ёфтааст, ҳайати профессорону устодони Донишгоҳ ба ин масъала таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунад. Муассисаи таълимии онҳо яке аз аввалин донишгоҳҳое ба шумор меравад, ки дар шуъбаи "Муносибатҳои байналмилалӣ" ба таълими фанне таҳти унвони "Равандҳои муҳоҷират" оғоз кардааст.

Дар назди Донишгоҳ Институти илмӣ-тадқиқотии "Муҳоҷират" фаъолият мекунад, ки масъулияти раҳбарии онро профессор Ӯлмасов Р.Ӯ. ба ӯҳда дорад. Ва инак ба нашр расидани китоби мазкур ҳам далели он аст, ки дар ин самт дар оянда низ дар ин Донишгоҳ корҳои судманде анҷом хоҳанд гирифт.

Ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ Нуралӣ Солеҳов дар суханронии худ азҷумла гуфт, ки тибқи омори расмӣ дар ҷаҳони имрӯз беш аз 240 миллион нафар аҳолии рӯи замин дар муҳоҷират қарор дорад. Назарсанҷиҳо нишон медиҳанд, ки беш аз як миллиард инсони сайёраи мо орзуи ба муҳоҷират рафтанро доштааст. Аз ин рӯ муҳоҷират мушкилоти рақами аввали инсоният ба шумор меравад.

Русия кишварест, ки аксари муҳоҷирони меҳнатии мо ба он ҷо сафар мекунанд. Гоҳу ногоҳ мо аз расонаҳо мефаҳмем, ки дар он ҷо ҳуқуқи шаҳрвандони мо нақз мешавад. Албатта чунин ҳолатҳо низ ҳаст, вале бояд гуфт, ки масъалаи надонистани забони русӣ, қоидаи зист, расму оинҳои мардуми онҷо, қонунҳои он давлат низ яке аз омилҳоеанд, ки чунин ҳодисаҳо рух медиҳанд, меафзояд ӯ.

safiri-rus454545Сафири фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Лякин-Фролов И. С. дар суханронии худ азҷумла баён дошт, ки дар дунё кишваре нест, ки бо мушкилоти муҳоҷират рӯ ба рӯ нашуда бошад. Бархе аз кишварҳо содиркунандаин муҳоҷиронанд. Кишварҳои дигар ин муҳоҷиронро қабул мекунанд ва бо масъалаҳои дар миён гузоштаи онҳо рӯ ба рӯ мешаванд. Ман аз ҷумлаи он шахсиятҳое дар Русия ҳастам, ки ҳанӯз аз оғози ба шаклдарории хадамоти муҳоҷират дар он ҷо дар соли 1992 бо ин проблемаҳо сару кор доштам ва аз надик шинос ҳастам.

Масъалаи муҳоҷират агарчи дар замони шӯравӣ низ арзи вуҷуд мекард, он асосан масоили дохили Иттиҳоди Шӯравиро дар бар мегирифт. Муҳоҷират ба хотири азхудкунии шимоли кишвар, Осиёи Миёна ва ғайраву ҳоказо. Вале ҳоло масъала ранги дигар гирифтааст. Муҳоҷират на дар дохили як кишвар, балки ба давлатҳои дигар, ки ин дар навбати худ масъалаҳои дигари муносибатҳои байнидавлатҳоро ба вуҷуд меорад. Ман бо он нуктаи муҳиме, ки дар ин китоб дарҷ гардидааст, яъне ба муҳоҷират бояд аз рӯи воқеъбинӣ баҳо дод, на аз рӯи сиёсатҳои поя дар эҳсосот дошта, мувофиқам, мегӯяд сафири Русия.

Мо бояд ба раванди муҳоҷират бо нигоҳи ақли солим назар афканем, бурду бохти онро дуруст таҳлил намоем ва танҳо баъди ин қароре қабул намоем. Аз 240 миллион нафар инсоне, ки имрӯз дар ҷаҳон дар муҳоҷират қарор дорад, 100 миллиони он муҳоҷири меҳнатӣ мебошад. Ин қувваи бузург аст. Аз ҷумла аз Тоҷикистон дар ҳудуди як миллион нафар имрӯз дар Русия муҳоҷири меҳнатӣ аст. Мо талош меварзем, ки ҳарчи хубтар шароити меҳнати онҳоро муҳайё созем, то ҳар чи бештар аз он манфиат ҳам барои давлати Русия ва ҳам барои худи муҳоҷирин ва ҳатто барои Тоҷикистон бошад.

Масалан имсол дар назар аст, ки аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон тақрибан чор миллиард доллари амрикоӣ аз ҳисоби муҳоҷирин маблағ ворид шавад. Ин тахминан нисфи тавлиди нохолиси дохилии солонаи кишвари Тоҷикистон аст. Сафорати Русия дар Тоҷикистон ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ аҳамияти хеле ҷиддӣ медиҳад. Дар ин самт вақтҳои охир миёни кишварҳои мо чанд санади муфид ба имзо расид. Чанде пеш ҳуҷҷате ба имзо расид, ки тибқи он муҳоҷирон метавонанд аз ин ба баъд қарордоди меҳнатиро бо кордиҳанда ба муддати се сол ба имзо расонанд. Чунин имкониятро танҳо барои тоҷикистониён муҳайё сохтаем. Албатта мушкилот дар ин самт ҳаст. Мо талош мекунем, ки онҳо ҳалли худро тезтар пайдо кунанд, гуфт сафир.

rahmon-ulmasov 2Муовини аввали сардори хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Анвар Бобоев дар ин ҷамъомад истинодан ба омори созмонҳои байналмилалӣ гуфт, ки теъдоди муҳоҷирин дар ҷаҳон то соли 2050 ду баробар афзуда ба 405 миллион нафар мерасад. Сафи муҳоҷирини меҳнатии Тоҷикистон низ сол то сол меафзояд. Масалан агар дар соли 2005 теъдоди муҳоҷирин 412 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, охирҳои соли ҷорӣ тибқи омори расмӣ ин шумора ба беш аз 800 ҳазор нафар расидааст. Вале сиёсати муҳоҷирати давлат ба он нигаронида шудааст, ки қувваи корӣ ҳарчи бештар дар дохили кишвар истифода шавад ва ба ин мақсад сиёсати бунёди ҷойҳои нави корӣ пеш гирифта шудааст.

Доктори илмҳои иқтисодӣ, узви вобастаи АИ ҶТ Исломов дар суханронии худ изҳор кард, ки агарчи дар марҳилаи ҳозира муҳоҷирини меҳнатии тоҷик ба кишварҳое сафар мекунанд, ки дар онҷо муколима асосан бо забони русӣ ҳаст, вале вусъат гирифтани омӯзиши дигар забонҳои хориҷӣ миёни ҷавонон ва дар ин кор ба онҳо мусоидат кардани бархе аз кишварҳои соҳибони забони мавриди омӯзиш қарор гирифта, азҷумла олмонӣ ва куриёӣ, аз он далолат медиҳад, ки дар оянда муҳоҷирати шаҳрвандони мо, махсусан ҷавонон, барои кор ба дигар кишварҳо афзоиш пайдо хоҳад кард.

Ҷамшед Шанбезода дар тақвияти гуфтаҳои профессор Исломов афзуд, ки чанд сол аст, ки Сафорати ИМА ба донишҷӯёни Донишгоҳи онҳо, ба хусус ба онҳое, ки забони англисиро хуб медонанд, бо иштиёқи баланд визаи меҳнатӣ медиҳад ва донишҷӯён баъди ба ИМА сафар кардан дигар ба Тоҷикистон баргаштан намехоҳанд. Аз ин рӯ талошҳои зиёде ба харҷ додем, ки сари роҳи ин раванди номатлуб гирифта шавад, гуфт Шанбезода.

safiri-rus4545454545Сипас ҳозирин суханронии видеоии яке аз муаллифони китоб Нуралӣ Қурбонов, декани факултети муносибатҳои байналмилалӣ, иқтисодиёт, асосҳои ҳуқуқии Донишгоҳи куҳӣ, кашф ва истифодаи сарватҳои зеризаминии ба номи Орҷоникидзеи Русияро шуниданд. Доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Нуралӣ Қурбонов иброз дошт, ки нашри китоби мазкур як падидаи хурсандибахшест дар ҳаёти иҷтимоиву сиёсии кишвар, зеро Тоҷикистон азҷумлаи он давлатҳоест, ки рушди иқтисодиёташ, некуҳолии мардумаш беш аз дигарон ба даромаду сармояи муҳоҷирин вобастагӣ дорад.

Аз ин рӯ батанзим даровардану дар чаҳорчӯбаи қонун ҷорӣ кардани раванди муҳоҷират талабизамонаст. Омӯзиши китоби мазкур дар мактабҳои олӣ ба ҳалли ин мушкилоти рӯз мусоидат хоҳад кард. Имрӯз дар Тоҷикистон ҳастанд ниҳодҳое, ки ба масоили муҳоҷирати меҳнатӣ илман ва тибқи талаботи рӯз муносибат мекунанд. Биржаи меҳнатии ҷавонони назди Кумитаи ҷавонон, варзиш ва туризм азҷумлаи онҳост.

Дар хотима раҳбари гурӯҳи муаллифони китоби мазкур профессор Раҳмон Ӯлмасов гуфт, ки ин васоити таълимӣ аллакай дар баъзе Донишгоҳҳои Русия, чунончи дар Донишгоҳи Волгоград ва Донишгоҳи давлатии Бошқирдистон ба ҳайси курси махсуси донишҷӯён дарс дода мешавад. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Мардумии Чин низ дар талоши тарҷумаи ин китоб аст, то аз он дар таълими донишҷӯёнаш истифода кунад. Ба гуфтаи Раҳмон Ӯлмасов мушкилоти муҳоҷират аз бобои Одам ва момои Ҳавво оғоз шуда ба инсон мерос мондааст ва он аз аввал буд, ҳаст ва боқӣ хоҳад монд.



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi