04:08:12 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Муҳоҷирати меҳнатӣ: Беҳбудӣ ба вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон ё…

Ҳар фарди солимақли ҷомеа, ки дар замони имрӯза бидуни фаъолияти фардӣ ё коллективӣ рӯзгор ба сар мебарад, ҳеҷ гоҳ соҳиби луқмаи ноне нахоҳад гашт. Ба қавли Сайидои Насафӣ:

Рӯзӣ насиби кас ба нишастан намешавад,

Бояд чу осиёб зи пайи обу дона рафт.

1-migrant-tajikistan 0001Ҳамин панди бузург имрӯз ба тифли ҳафтсола ва фарди ҳафтодсолаи кишвари мо дар гӯш мисли ҳалқае ҷой гирифтааст. Сабаб ин аст, дар кӯча хурдсолон халтаҳои салафанӣ мефурӯшанд, ароба мекашанд, испанд дуд мекунанд, мошин мешӯянд, то чанд сомоние пайдо карда, соҳиби як бурда ноне шаванд, яъне дар пур шудани буҷаи оилаашон саҳме бигиранд.

Калонсолон бо ҷурми он, ки писарҳошон ба берун аз Тоҷикистон рафтаву 2-4 сол боз (ё аз ин ҳам бештар) на худашон пул мефиристанду на аз ҳоли волидон хабар мегиранд, бинобар он, ҳеҷ набошад, 100 - 200 сомонӣ мегирем гуфта, ҷойе машғулияти андаке, масалан, посбонии ин ё он иморату иншоот, муассисаро ба зима мегиранд. Охир, ҳадди ақали нафақа кам буда, ниёзҳои барҷомондагонро қонеъ намегардонанд. Бо ин маблағи пешниҳодгардида кадом як масолеҳи танҳо барои шикамро таъмин метавон кард?

Ғарқи ҳамин гуна андешаҳо худро дар даромадгоҳи ғарбии бозори "Шоҳмансур" - и пойтахт байни анбӯҳи одамон, ки аксаран ҷавононанд, дарёфтам. Аҳён - аҳён мошинҳои хориҷӣ назди онҳо қарор мегиранду ҳафт - даҳ нафар худро сӯйи дарҳои ҳанӯз накушодаи онҳо мезананд. Гумон кардам, ки ин ҷо нуқтаи кӯчагии мубодилаи арзи хориҷист, аммо андешаам ботил баромад. Барои он ки либоси "валютчик" - ҳо ба онҳо шабоҳат надошт: ҳама нимдошту рангпарида, фарсуда. Онҳо ба ҳар каси хушлибос бо ҳавас менигаристанд. Бахусус, мошинҳои тамғаи хориҷидоштаро бо чашмони ҳузнангез то аз назар ғойиб шуданашон мегуселониданд.

Маълумам гардид, ки ин ҷо ба истилоҳ "бозори мардикорон" ном гирифтааст. Ҳар шахси сарватманд, ки рӯбучин кунад ё мебел ва дигар асбобу анҷоми хонаашро ҷойгардон намояд, аз меҳнати эшон истифода бурда метавонад. Чунончӣ, худи мардикорон нақл менамоянд, ҳатто бар ивази камтарин миқдори маблағ ба ин гуна корҳо розианд. Мӯйсафеди шастучорсола, ки нисбат ба солаш ҷавонтар менамуд, худро Бобоназар муаррифӣ кард. Бобои Бобоназар иқрор шуд, ки дар байни чор духтараш як писар дорад, ки ӯ ҳам ду сол боз дар Русия ба мардикорӣ рафтаву на аз пулаш хабаре ҳасту на аз худаш.

Хулас, ҳоли риққатовареро мемонд бозори мардикорони назди бозори "Шоҳмансур". Воқеан ҳам, ин "бозор" чандин сол аст, ки вуҷуд дорад. Инҷонибро фикри дигаре дунболагир аст. Охир, замоне на чандон дур заводу корхонаҳоямон фаъолият доштанд. Кӯчагардӣ ва бозорнишинии ҷавонони ҳузарб қариб, ки ба чашм намерасид. Баъдтар, шуъбаҳои шуғли аҳолӣ аз фаъолияти хеш дарак доданд, аммо…

Намедонам, то кай ҷавонони лоиқи ин давру замон, дар кишвари маҳбубу офтобиамон сарсону саргардон ё бозор ба бозори шаҳрҳои Русия,  Москваю Санкт- Петербург, Орску Оренбург, Владивастоку Тюмену Перм ва ғайра бо боркашиву ҳаммолӣ рӯз мегузаронда бошанд?

2-migrant-tajikistan 0002Мувофиқи иттилои расонаҳои хабарӣ бо чандин муассисаҳои давлатӣ ва хусусии хориҷӣ робитаҳои иқтисодӣ дорем. Аксари онҳо барои ҷумҳуриамон қарзҳои дарозмӯҳлат ва ҳатто ройгон (бебозгашт) медиҳанд. Онҳоро чаро наметавонем саривақт ва самаранок барои ба кор даровардани корхонаҳоямон сарф намоем? Шояд баъди ба сомон овардани ин гуна мушкилоти ҳалталаб падидаҳои манфии бекорӣ - оворагардӣ, нашъамандию қаллобӣ то андозае аз байн раванд. Ба ҳар   сурат,  дунё ба умед аст ва мо аҳли раияти Тоҷикистон ба ин ба умеди беҳбудии рӯзгорамон ҳастем.

Як тан аз муҳоҷири тоҷик, ки худро Алиҷон Воҳидов муаррифӣ намуд, мегӯяд, ки кори муҳоҷират хеле ва хеле мушкил будааст. Агар дар Ватан шароити хуби корӣ мебуд,  ҳеҷ гоҳ ба Русия намерафтам. Пули иҷора вазнин аст, барои ҳамин ҳам, мо 10 - 15 нафар дар як вагон будубош мекунем. Ӯ пешниҳод менамояд, он ширкатҳое, ки ҷавононро барои кор ба хориҷа мефиристанд, бояд таҳти назари давлат қарор дошта бошанд, то онҳо фиребгарӣ накарда, маошро саривақт диҳанд, он гоҳ мо метавонем дилпурона ба хориҷи кишвар сафар намоем.

Алиҷон мегӯяд, ки албатта, ҳоло  худи ӯ бо чунин фиребгарӣ рӯ ба рӯ нашудааст, аммо дигар дӯстонаш чунин суханҳоро гуфтаанд. Пас, биёед ба ин масъала ҷиддӣ аҳамият бидиҳем. Оё дар ҳақиқат аҳвол чунин аст? Ин гуфта исботи худро мехоҳад. Муҳоҷири дигар, ки худро Сангалӣ Рауфов муаррифӣ кард, мегӯяд, ки чор сол боз дар Санкт - Петербург бо ширкате ҳамкорӣ дорад ва дӯстони зиёди худро низ ба он ҷо ҷалб намудааст. Мегӯяд, чор нафар аз як деҳа дар як муддати муайян рафта бо ширкат шартнома баста, корро ҳал менамоем ва саривақт маошамонро мегирем.

Бо ҳамдигар дар тамосем, дар сурати пайдо шудани кор аз тарафи корфармо зуд ба он ҷо рафта, корро ба анҷом мерасонем. Ба қайдгирии ҳуҷҷатҳо ҳамааш аз тарафи корфармо сурат мегирад, масъалаи будубош низ. Онҳо як хонаеро барои мо ҷудо менамоянд ва ҳама шароитро дорем. Вай мегӯяд, ки ҳамааш ба худи шахс, кордонӣ, муомила ва муносибат вобаста аст. Мардуми таҳҷоӣ омада мебинанд, ки мо кор карда истодаем, аҳсант гуфта мераванд.

Онҳо ҳатто барои мо хӯроки гарм меоранд, мепурсанд, ки чанд кӯдак дорем. Барои кӯдаконамон ҳам чун тӯҳфа либосҳои гарм меоранд. Худатон қазоват кунед, агар мо мисли баъзеҳо майнӯшӣ карда, кӯчагардӣ мекардем, магар ин гуна обрӯ мегирифтем? Пас маълум, ки ҳамааш ба худи шахс вобаста будааст. Ба тамоми ҳамватанонамон гуфтанием, ки одоб ва муомилаи хуб якумдараҷа мебошад. Коре, ки имрӯз кормандони муҳоҷирати меҳнатӣ даст гирифтаанд, саривақтӣ мебошад.

Албатта, ҳар як амали ноҷои худи мо метавонад, то кадом ҳол инсони воқеӣ будани моро дар назди халқи дигар муаррифӣ намояд. Мақоли халқии тоҷикӣ: "Аз мост, ки бар мост" шояд дар ҳамин маврид гуфта шуда бошад?! Яъне агар мо тавонем, ки худро забондону таърихдон ва дорои сифатҳои неки инсонӣ шинос намоем, ҳамин тавр ҷавоби муқобил насиби мо хоҳад гардид. Чунонки бузурге фармудааст:

Магӯ нохуш, ки посух нохуш ояд,

Ба кӯҳ овози хуш деҳ, то хуш ояд.

Аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол сипарӣ гардид. Ҳамасола Вазорати маориф иттилоъ медиҳад, ки фалон қадар хонандагон бо ҷурми бад будани вазъи иҷтимоии хонаводаҳо аз мактаб дур мондаанд. Онҳо бо корҳои майда аз тарафи волидонашон ҷалб карда шуда, нисбат ба фарзандони хеш бетараф ва камаҳамиятанд. Воқеан ҳам, моҳи июни соли гузашта Созмони ҷаҳонии меҳнат муайян карда буд, ки ҳудуди 200 ҳазор кӯдаку наврас дар Тоҷикистон ба хотири таъмини хонаводаи худ маҷбуранд ба ҳаммолӣ, мошиншӯӣ ва аробакашӣ машғул шаванд.

Ин оморро Созмони ҷаҳонии меҳнат ҳамроҳ бо шаш барномаву созмонҳои дохилии Тоҷикистон дар як таҳқиқоти фарогир ироа карда буд. Ба қавли коршиноси масоили иҷтимоӣ Садбарг Холова дар Тоҷикистон, дар киштзорҳо, корхонаҳои хусусӣ ва бозору хонаҳо ба ҳар навъе аз нерӯи кӯдакон сӯиистифода бурда мешавад. Ин одат дар ниҳояти амр сабаби дур мондани наврасон аз таҳсилу мактаб шуда, ба сарнавишти ояндаи онҳо таъсири манфии худро мерасонад.

Муҳоҷирати меҳнатӣ шаклу усул ва шеваи хоси худро дорад. Мутаассифона, на ҳар муҳоҷир инро ба хубӣ эҳсос менамояд. Як муддати муайяни муҳоҷирати калонсолони ин гуна оилаҳо бояд фазои муайянеро дар тартибот, муносибат ба савод ва илму донишро бо истифода аз маблағи бадастомада фароҳам созад. Дар ин кор ба онҳо тавфиқ ва комёбӣ мехоҳем.

Ҳотами Ҳомид, "Рӯзгор"

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №10, 12 марти соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi