«ВАГОНИ ПАРВОЗӢ»
Ё худ қиссаи навбатии қаҳрамони «Достони найнавоз!»
Чанд сол муқаддам қаҳрамони қиссаи ман бо номи «Достони найнавоз», марди фарҳангӣ Нури Темур, баъди чопи ин қисса дар нашрияи «Оила», баъди чанд муддат дар як сӯҳбаташ оиди ҳодисаи дигари ғайриодии дар ҳаёташ руҳдода ба ман қисса намуда буд. Ман ба зуди ин ҳодисаро ба риштаи тасвир кашидаву ба кадом нашрияе ирсол намуда будам.
Муттаасифона он чоп нашуд ва нусхаи навиштаам низ боқӣ намонд. Аз ин рӯ қарор додам, ки ин қиссаи аҷибро бори дигар рӯи қоғаз оварам, то мардуми мо ба қадри мардуми муҳоҷирамон, ки дар кишварҳои хориҷӣ барои ободию гулшукуфии ватан шабу рӯз меҳанат мекунанд расанд ва фаҳманд, ки он ашхосе, ки даҳсолаҳо боз серию пурии хонадони мардуми тоҷикро таъмин менамоянд , дар кадом вазъ пул кор мекунанд, то барои зиндагии шоистаи аҳли хонадонашон пул фиристанд.
Нури Темур, ҳунарманди касбии фарҳанги тоҷик, найнавози маъруф, баъди сафари аввалин ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Руссия, аниқтараш Маскав, ки фоҷиаи «найнавозияш» он замон аз дасти авбошони бефарҳанги тоҷик рух дода буд, баъди бозгашт боз кори худро дар соҳаи фарҳанги водии Вахш давом дод.Чун фарзандон калон мешуданд ва моҳонаи ин корманди фарҳанг барои як халта орд низ басанда набуд, боз қарз кардаву чипта харидаву ин даъфа тариқи ҳавопаймо озими Руссия гашт.
Ин даъфа ӯ дуртар аз шаҳри Москав, наздикии бешазорҳои Рязан кор пайдо кард. Ӯ дар ҷангалзорҳои зодгоҳи шоири рус Сергей Есенин ҳамроҳи чанд коргари рус ба дарахтбурӣ машғул буд. Чун коргари таҳҷоӣ набуд, дар вагоне хоб рафтаву қаровулии таҷҳизотҳои дарахтбуриро низ ба зимма гирифта буд.Кораш хубу маоши баланд низ мегирифт.Гарчанде дарахтбурӣ низ кори хавфноке ҳисоб меёфт, лекин ин найнавозу марди фарҳангии тоҷик аз оне, ки маоши хуб мегирифт ва сари вақт ба пайвандонаш барои чархонидани рӯзгор пул мефиристод басо хурсанд буд. Чун рӯзҳои шанбеву якшанбе коргарони рус ба деҳа, ба хонаҳояшон мерафтанд.Нури Темур дар ин ҷангалзор танҳо мемонд ва ба гӯшаш шабона ба ғайр аз нӯлаи гургу шағол чизе намерасид ва ӯ аз дурии ватан, дурии ҳамиллатону аҳли оилаву хешу табор ғам мехӯрд. Ғайр аз чор девори вагони оҳанин ва чанд рӯзномаи кӯҳна чизе надошт, ки лоақал худро бо хондан андармон кунад.
Аз ин рӯ боре трубаи оҳанини дарунхолиеро ёфт ва аз болояш чанд ҷояшро бо мехи оҳанин сурох кардаву бо сӯян суфта кард, баъди меҳнати ду-се соата найи тоҷикиро сохт! Онро ба лаб ниҳод ва мусиқии машҳурро аз навиштаи Ҷалолуддини Балхӣ «Маснавии маънавӣ» навохт:
«Бишнав аз най чун ҳикоят мекунам…».
Оҳанги ҷаззоб аз ин найи худсохти Нури Темур , ки падари омӯзгору бобою бобокалонаш ҳамагӣ устоҳои оҳангари номии Дарвоз буданд дар ин ҷангалзори касногузар танинандоз мегашт. Оҳиста-оҳиста ӯ бо найнавозиаш байни коргарону ҷангалбурон ва роҳбарони ширкати чӯбтаёркунӣ шӯҳрат пайдо кард. Ӯ акнун оҳангҳои на танҳо тоҷикӣ, балки оҳангҳои русӣ ва ҳиндиро низ менавохт ва байни ҳама маҳбуби дилҳо гашта буд.
Беҳуда нагуфтаанд, мусиқии хуб, санъати баланд сарҳад надорад. Акнун аз деҳаҳои канори ҷангал дар бораи найнавози муҳоҷири тоҷик дарак ёфтаву мардуми деҳотии рязанӣ ба дидораш меомаданд ва садои найкашии ин ҳунарманди касбӣ бо маълумоти олӣ мусиқиро дида ва шунида ангушти ҳайрат мегазиданд (ин мардуми деҳотӣ ҳайратзада мешуданд, ки чунин ҳунарманди касбӣ дар ҷангалзори анбӯҳ дарахтбурӣ мекунад. Онҳо намедонистанд, ки ин марди ҳунар, ғолиби озмунҳои зиёди найнавозӣ ва Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳаст)! Оҳиста- оҳиста рӯзҳои шанбе ва якшанбе, ин мутриби хушнавози тоҷикро ба тӯю маъракаҳои деҳоти гирду атроф мебурданд ва ӯ бо маҳорати том най менавохт. Халқи рус ӯро дӯст дошта буд. Эҳтиромашро ба ҷо меоварданд.Маъмурияти ҷамоати деҳоту ноҳия чун аз ҳунарманди маълумоти олидор буданаш дарак ёфтад, хостанд ӯро ба кор даъват кунан ва ӯ найнавози хори халқии русӣ гардад, ҳатто падари рӯҳонӣ , кашиши калисои ноҳиявӣ Михаил низ боре ба наздаш омадаву ӯро ба хори калисои православӣ даъват карда буд, лекин ӯ розӣ нашуд.Чун ҷои кораш хуб буду ҳама эҳтиромаш мегузоштанд ва муҳимаш маоши баланде мегирифт. Аз хаёли ӯ ҳеҷ гоҳ намеравад вақте, ки санаи 9-уми май дар деҳаи назди ҷангал, ки маъмурияти мактаби онҷо воқеъ буда ба ҷашни ғалаба бар фашизми истиллогар ӯро даъват намуда буд, шеъри «Мавҷҳои бародарӣ»-и устод Қаноатро бо забони русӣ хондаву оҳанги достони маъруфи «Сурӯши Сталинград»-ро аз симфонияи итолиёвӣ бо най навохта буд.Эҳсосоти мардум ва чашмони нами онҳоро аз ин шеъри баланду оҳанги пурэҳсоси достони хаммосӣ он ҷо зуд ҳис намуд.Он вақт эҳтироми ӯ хело ва хело боло рафта буду мардум дуру дароз барояш чапакзанӣ намуда буданд!
Иттифоқан баъди чанде байни роҳбарияти ширкати ҷангалбурии онҳо ва ширкати дигаре нофаҳмиҳо руҳ додаву, ширкати онҳо ҳамаи асбобу олоти худро дар мурофиаи судӣ бой дод. Ҳама молу амвол азони ширкати дигаре аз Ростови лаби Дон шуд. Коргарон рафтанд, танҳо моликони нав, Нури Темурро чун қаровул он ҷо боқӣ гузоштанд ва баъди чанде бо автомошинҳои калон ҳама бору колоро бор кардаву ба ҷангалзорҳои назди Ростови Лаби Дон бурданд ва ба ӯ гуфтанд, ки баъди як ҳафта вагонро холӣ кунад, зеро вагонро низ мебаранд. Мутриби хушнавоз Нури Темур, ки дар ин тангии тирамоҳ якбора бе ҷои кор ва макони зист монда буд, сахт музтар гашта, аҳд кард, ки рӯзи душанбе ба маркази ноҳия рафта барои худ дар омад-омади фасли сармо ҷои кору сарпаноҳе ёбад.
Бегоҳӣ дар ин ҷангалзори анбӯҳ, тани танҳо лаҳзае чанд найнавозӣ кард. Навозиши ӯ ончунон пуртаъсир буд, ки мурғони хушхони ҷангалзорҳои рус ба ӯ ҳамнаво мешуданд. Бо қавли Алмоси Шарқ Аҳмад Зоҳир:
Ман найнавозам, най менавозам,
Шабҳои ҳиҷрон най менавозам!
Бо андешаи фардо қаҳрамонони мо ба хоб рафтанд. Чӣ қадар хоб рафт намедонад. Танҳо шабона аз ларзиши вагон ва ғурротси даҳшатнок ва баланд бедор шуд. Гумон кард, ки заминларзаи шадиде рух дода истодааст.Ба чор тараф нигоҳ кард. Дар ин шаби зулмони вагон ҳамоно алвоҷ мехӯрд. Мутриб ба пой истода натавониста меафтод. Роҳи баромад меҷуст, то аз вагон барояд, лекин вагон чарх мезад ва қаҳрамони мо оҷизу ҳайрону гаранг гашта , ин тарафу он тараф меафтид.
Ҳамин вақт шуъои чароғакҳои сабзу сурхе ба шишаи тирезаи вагон афтиданд ва Нури Темур бофаросат дарёфт, ки вагон дар осмон рафта истодааст! Илоҷе карда худро ба назди тиреза расонд. Оре, вагон дар осмон, муаллақ буд. Акнун фаҳмид, ки вагонро ҳавопаймо ва ё чархбол бурда истодааст! Мутриби бечораро ваҳм зер кард. Ӯ ҳангоми нақли ин ҳодиса ба ёд овард, ки чи гуна сураҳои Қуръонро даруни вагони алвонҷхӯранда мехонд. Бо азобе бо тасма ва куртаи танаш худро ба сутуни оҳанини вагон баст ва акнун дар ин ҳолат фикраш ба Тоҷикистон, ба ёди зану фарзандонаш ва хешу табор буд. Аз чашмони пур аз тарс ва ба ваҳмгирифтааш беист ашки ғаму андӯҳ мисли борони баҳорӣ ба шоридан шурӯъ намуда буд…
Найи худсохташ бошад ҳангоми алвонҷхӯрии вагон, ба ин тарафу он тараф парида мерафт ва гӯё аз ҳоли табоҳи соҳибаш дарак ёфтаву ба изтироб омада буд.
Баъди бардору зани чандсоата иттифоқан чархбол баъди 1000 км масофаи парвоз, дар ҷангалзори вилояти Ростови лаби Дон фуруд омад.Аллакай барвақт рӯз шуда буд.
Издиҳоми коргарони ин ширкати чӯбутахтатайёркунӣ акнун бо кран вагонро ба болои мошин барои ба ҷое бурда гузоштан, бор намуданд.
Нури Темури чанд соатро дар дохили вагон дар талвоссаи ҷон гузаронида, дар ин ҳол ҳушаш ба ҷояш омада , тасмаю куртаи худро аз сутун кушода гирифта, ҷонҳавла ба шишаи тиреза кӯфтан гирифт.
Коргарону халабонҳои чархбол ногаҳон дар дохили вагон пайдо гаштани суроби инсонро дида ҳамагӣ ҳайратзада шуданд!Командири чархболи МИ-6 ин ҳолро дида, ҳатто салиб кашид.Ба зуди вагонро поён фуроварданд ва дари вагонро кушодану ва марди ғайрируси найбадастеро диданд.Ҳама ҳайратзада шуданд.
Аввал ба қаҳрамони қиссаи мо қадре қаҳва ва доруи таскинбахше нӯшониданд.Халабонхо ва коргарон баъдан атрофи Нури Темурро печонида гирифта , аз ӯ аҳвол пурсиданд.
Мавсуф ҳақиқати ҳолу мардикори тоҷик будани худро ба онҳо гуфта дод.Командири чархболу аъзоёни командааш дашномҳои обдоре ба сармуҳандиси ширкат, ки иброз дошту будааст, ки дар вагон касе нест ва онро зуд ба Ростови Лаби Дон интиқол диҳанд мефиристоданд.Онҳо сахт аз ин кор хавотир буданд ва шояд метарсиданд, ки Нури Темур аз болояшон ба прокуратура шикоят хоҳад бурд. Чун ба ӯ дар сухан шуданд ва фаҳмиданд, ки марди тоҷики муҳоҷир , аёлманд ва фарҳангист ба ӯ дилашон сӯхт ва пайсае чанд барояш низ додан ва роҳбари ин ширкати ростовӣ ӯро бо кор таъмину ҷои хобашро дар ҳамон вагони ба истилоҳ «парвозӣ» муайян ва онро таъмир низ кард.
Баъди чанде боз садои найи Нури Темур дар ҷангалзори соҳили лаби рӯди Дон танинандоз гашт ва ӯ маҳбуби дилҳо гашт.Қаҳрамони мо баъди як соли кор ва зист бо иборае дар «вагони ҳавоӣ» бо маблағи калони шоиста барои зиндагӣ ба ватан баргашт.
Найи сохтаи худро низ овард. Ӯ чанд сол боз бо ин най дар хизмати халқу ватан ҳаст.
Азҷумла дар тантанаҳои ҷашнии имсолаи истиқлолият ин марди накӯном бо ин найи худсохти худ хотираи чандин ҳазор нафар шаҳрвандонро шурӯъ аз водии Вахш то ватани аҷдодияш Дарвоз низ шод намудааст.
Ончуноне, ки Аҳмад Зоҳири бузург шеъри шоири маъруф Раҳии Муъайяриро месарояд:
Ҳамчу най менолам аз савдои дил,
Оташе дар сина дорам ҷои дил!
Варқаи Зайниддин, Узви Иттиҳоди рӯзноманигорони Тоҷикистон