| ҲАМЛАИ СКИНХЕДҲО БА МАРДИКОРОНИ ТОҶИК |
| Мақолаҳо - Муҳоҷират | |||
| 19.04.2010 00:21 | |||
|
Бар асари ҳамлаи мусаллаҳи нажодпарастони рус ба хобгоҳи муҳоҷирони кории тоҷик дар шаҳри Маскав се нафар ҷароҳати вазнин бардошта, ба бемористон интиқол дода шудаанд. Ин ҳодиса бомдоди рӯзи якшанбе дар кӯчаи Фабрисиус, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав рӯх додааст. Ба нақли шоҳидон, ду ҷавони сартарошидаи рус ба хобгоҳи мардикорони тоҷик наздик шудаанд ва тавассути панҷара ба яке аз ҳуҷраҳо маводи таркандаи худсозро андохта, аз маҳалли ҳодиса ғайб задаанд.
Нерӯи маводи тарканда ба як килограмм тротил баробар будааст ва дар пайи он як ҳуҷраи ин хобгоҳ валангор шудааст. Бино ба тахмини мақомоти пулиси Маскав, ин ҳамла аз сӯи нажодпарастон сурат гирифтааст. Барои таҳқиқи қазия шӯъбаи корҳои дохилии Маскав парванда боз кардааст. Шаҳри Маскав, дар баробари Санкт-Петербург ва Самара, аз марказҳои нажодпарастони рус маҳсуб мешавад, ки ҳарсола садҳо шаҳрванди ғайрирусро латтукӯб ва қатл мекунанд.
Вале ба ин хатар нигоҳ накарда ҳамасола то як миллион нафар аз мардуми Тоҷикистон ба хотири пайдо кардани рӯзии хонаводаҳояшон ба бозори кори Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия мерезанд ва садҳо нафари онҳо ҷони худро дар ҳамлаҳои қавмгароёни рус аз даст медиҳанд.
Тибқи омори расмӣ, дар соли 2009 аз Русия ба Тоҷикистон 784 тобути муҳоҷирони тоҷик, аз ҷумла 51 муҳоҷирзан оварда шудааст. Ин дар ҳолест, ки соле пеш аз Русия ба Тоҷикистон 681 тобут омада буд. Мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯянд, аз ин 784 нафари соли гузашта дар Русия ҳалокшуда 95 нафар аз сӯи гурӯҳҳои мухталиф ҷабран кушта шудаанд.
Нажодпарастон дар аксари ҳолатҳо бо истифода аз занҷиру корд ва арматур ба муҳоҷирони корӣ ҳамла мекунанд. Ва барои аввалин бор аст, ки сартарошидаҳои рус дар Маскав бо маводи тарканда қасди ҷони мардикорони тоҷикро кардаанд.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/2139-2010-04-18-19-24-51.html
|












