| 61 МУҲОҶИРИ ТОҶИК АЗ ҚАЗОҚИСТОН ИХРОҶ ШУДАНД |
| Мақолаҳо - Муҳоҷират | |||
| 23.04.2010 21:03 | |||
|
Дар натиҷаи амалиёти ниҳодҳои интизомии Қазоқистон беш аз 16 ҳазор шаҳрванди хориҷӣ барои нақзи қонуни муҳоҷират ба ҷавобгарӣ кашида шуда, аз ҷумла 61 шаҳрванди Тоҷикистон аз ин кишвар ихроҷ шуданд. Олег Ивашенко, сарвари дафтари матбуоти Вазорати дохилаи Қазоқистон гуфт:
Оқои Ивашенко афзуд, ки ағлаби муҳоҷирони ба ҷавобгарии маъмурӣ гирифторшуда ва аз кишвар истирдодгардида шаҳрвандони кишварҳои иттиҳоди давлатҳои ҳамсуд ҳастанд. Вале дар ҳамин ҳол, бархе аз муҳоҷирони тоҷик, ки дар Қазоқистон кору фаъолият мекунанд, бар инанд, ки чунин амалиёти ниҳодҳои интизомӣ бо нақзи ҳуқуқи онҳо сурат мегирад.
Аз ҷумла, Комил ном муҳоҷири тоҷик, ки дар Алмаато кор мекунад, мегӯяд, ҳангоми тафтиш ҳатто баъзе тоҷиконро, ки ҳуҷҷати вижаи буду бош доштанд, низ боздошт карда, ба идораи пулис бурданд ва дар натиҷа, онҳо чанд соат вақти хешро аз даст доданд. Ин дар ҳолест, ки ҳуҷҷати онҳо комилан дуруст буд ва ҳеч зарурат ба боздошти онҳо мавҷуд набуд.
Комил мегӯяд, ки кормандони пулис ғолибан танҳо бо ин роҳ хостанд аз муҳоҷирон пул рӯёнанд. Муҳоҷирон мегӯянд, ки вақтҳои ахир чунин тафтишҳо аз ҷониби кормандони пулис дар ҳама нуқоти кишвар ба вижа дар шаҳри Алмаато хеле зиёд шудааст.
Зеро, тавре намояндагони шаҳрдорӣ гуфтаанд , алъон дар Алмаато анқариб 2,5 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, ки аз онҳо 1 миллион нафарашон бидуни сабти ном кору зиндагӣ менамоянд. Ва чунин тафтиши паёпай, боздошту ҷарима ва ҳатто ришваситонӣ, бархе аз муҳоҷиронро водор кардааст, ки ба қасди Русия Қазоқистонро тарк кунанд.
Комил мегӯяд, аз худи бозори онҳо панҷ- шаш нафар муҳоҷирони тоҷик, ки онҳоро ӯ мешинохт, даст аз Қазоқистон шуста ба Русия рафтаанд ва шумораи чунин муҳоҷирон дар ҳоли афзоиш аст.
Насибҷон Амонӣ, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/2178-61-.html
|











