01:29
бо вакти Душанбе
10-уми Феврали 2012 сол
 

Бозори арз

10 RUR — 0.1607 TJS
1 USD — 4.7581 TJS
1 EURO — 6.3476 TJS
2012-02-09

Обу ҳаво

Хазина

ДшСшЧшПшҶмШЯш
  12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
272829       
САФАР БА САУДӢ: НИГАРОНИҲО ВА ПЕШНИҲОДҲО
Мақолаҳо - Муҳоҷират
24.04.2010 14:11

Мувофиқи як созишнома, ки Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ тобистони соли гузашта имзо кардаанд, мутахассисони беш аз 200 ҳирфа ва ҳунари тоҷик имкон доранд, ки ба Арабистони Саудӣ барои кор бираванд. Маоши камтарин 350 доллар будааст ва пизишкони соҳибтаҷриба метавонистаанд то 8.000 доллар маош бигиранд. Сари масъалаи муҳоҷират ба Саудӣ феълан танҳо як ширкат бо номи «Замони Юнус» кор мебарад.

 

Ин ширкат мегӯяд, то ҳол тақрибан 3,500 хоҳишманди муҳоҷирати корӣ дар Саудӣ номнавис шудаанд ва ба наздикӣ як гурӯҳи 25-нафара, пас аз он гурӯҳи 137-нафара озими сафар хоҳанд шуд. Раҳбари ширкати «Замони Юнус» мегӯяд, коргаронро бар иловаи омӯзиши забон, ҳамчунин, бо фарҳанг, урфу одат ва қонунҳои кишвари муҳоҷират ошно мекунанд ва сипас мефиристанд.

 

Бекорӣ ва маоши кам ҳам ба ҷони мардум задааст ва як роҳи наҷотро дар кор дар Саудӣ мебинанд. Вале нигароние, ки дар маҳофил вуҷуд дорад, амният ва риояи ҳуқуқи муҳоҷирон мебошад. Тарсе ҳам вуҷуд дорад, ки ҳоли тоҷикони Русия дар Саудӣ низ такрор наёбад.

 

Фирӯз Баротов, Шаҳлои Гулхоҷа, Абдулфаттоҳ Шафиев, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/2181-2010-04-24-09-15-42.html

 

Миқдори нигориши мавод: 724

Илова


Рамзи махфӣ
Refresh