| КУШТОРИ МУҲОҶИРИ ТОҶИК ДАР ҚАЗОҚИСТОН |
| Мақолаҳо - Муҳоҷират | |||
| 10.07.2010 18:15 | |||
|
Дар шаҳри Байконури Қазоқистон Хуршед Холов, муҳоҷири 31-солаи тоҷик, аз дасти як гурӯҳи ҷиноӣ ба қатл расидааст. Хуршед дар як истгоҳи мошинҳо дар шаҳри Байконур посбон будааст ва ҷинояткорон, ки худ кормандони он дафтар будаанд, даст ба дуздии маблағи дар дафтарбуда задаанд ва ҳангоми кӯшиши дастгир кардани ҷинояткорон Хуршед дар набарди нобаробар кушта шудааст.
Соли гузашта чун хоҳараш даргузашт, ӯ хост тавассути Ӯзбакистон ба ҷанозаи хоҳараш биравад. Вале дар марзи Ӯзбакистон ӯро иҷозаи убур надоданд ва ӯ бозпас омад. Асомуддин гуфт, ӯ ҷанозаро аз Байконур то Алмаато оварда, бо ёрии сафорати Тоҷикистон тавассути ҳавопаймо ба Душанбе фиристодааст. Дар ин кор ҳамчунин тоҷикони шаҳрҳои Байконуру Алмаато кумак кардаанд.
Тайи як моҳи ахир ин сеюмин ҳодисаи ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар аст. Ду ҳафта қабл як муҳоҷири тоҷик дар бозори “Барахолка”-и шаҳри Алмаато ҳангоми убури роҳ зери мошин мемонад. Як тоҷики ноҳияи Сариоғочро хешовандаш бо ғаразҳои хусусӣ дар Костанай ба қатл расонида буд.
Насибҷон Амонӣ, «Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/muhojirat/2648-2010-07-10-13-18-41.html
|






