ҶАЛАСА ОИД БА СИЁСАТИ МУҲОҶИРАТ
27 - 28 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 7-уми Шӯро оид ба сиёсати муҳоҷирати назди Кумитаи Ҳамгироии Иттиҳоди иқтисодии ЕврАзЭС баргузор мегардад.

Дар ҷаласаи мазкур директори Хадамоти муҳоҷирати Федералии Россия Ромодоновский Константин Олегович ва намояндагони аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил аз Ҷумҳурии Белоруссия, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат намуда, чанд масъалаи муҳим аз қабили: вазъи муҳоҷиратӣ ва меъёрҳои идоракунӣ дар давлатҳои аъзои ЕврАзЭС, аз рафти амалигардии қарори Шӯрои якҷояи ЕврАзЭС дар сатҳи роҳбарони давлатҳо ва омода намудани ҳуҷҷатҳо оид ба сиёсати муҳоҷиратӣ, оид ба лоиҳаи нақшаи ҳамкориҳо дар самти таъсис додани базаи маълумоти муҳоҷирони меҳнатии шаҳрвандони давлатҳои аъзои ЕврАзЭС, оид ба нақшаи чорабиниҳо, амалӣ намудани самтҳои асосии ҳамкориҳои давлатҳои аъзои ЕврАзЭС дар соҳаи муҳоҷират дар солҳои (2011-2012) баррасӣ мегарданд.
Инчунин, рӯзҳои 27 - 28 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи 13-уми Комисияи муштараки давлатҳои иштирокчии Созишномаи ҳамкории давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ баргузор мегардад. Ҷаласа 27 октябр, соати 15:00 оғоз гардида, намояндагони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба кори худ шурӯъ менамоянд.
Дар кори ҷаласа масъалаҳои муҳими рӯзмарра оид ба пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунӣ, амал намудани базаи ягонаи маълумотдиҳӣ оид ба муҳоҷирати ғайриқонунӣ байни кишварҳои ИДМ, муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави ин кишварҳо ва аз миён бурдани муҳоҷирати ғайриқонунӣ,оид ба танзими ҳолатҳои шахсони бешаҳрвандӣ ва хориҷие, ки дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бе ягон мақом истиқомат доранд, оид ба тартиб ва таҷрибаи ҷойгиркунӣ, нигоҳдории муҳоҷирони ғайрирасмӣ дар маҳалҳои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бе шаҳрвандие, ки дар ҳудуди давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ғайриқонунӣ қарор доранд ва дар ҳамин самт беш аз 10 масъала мавриди муҳокима қарор дода мешаванд.
Дилшодаи Ҷонмард, АМИТ «Ховар»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/muhojirat/3379-2010-10-19-05-41-17.html