21:41:26 16-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

«АЙ МУҲОҶИРБАЧАИ САРГАРДУНИ ТОҶИК»

«Ай муҳоҷирбачаи саргардуни тоҷик…». Ин мисраъҳо, ки саропо дарданду алами ҷудоӣ аз наздикон, дурӣ аз Ватан ва ғарибӣ дар мулки бегона, бо садои ҷаззобу дилнишини Баҳром Ғафурӣ сароида шуданду  дар умқи қалби онҳое, ки азизе дар муҳоҷират доранд ва онҳое, ки худ муҳоҷиранд ҷой гирифтанд. Ҳамзамон суруди мазкур, даҳҳо ашъори дар ин мавзӯъ эҷодшуда, матлабу мақолоти зиёде ба масъалаи муҳоҷират танҳо тобиши манфӣ медиҳанд ва ҳисси яъсу навмедиро дар қалби мардум ҷой мекунанд.

migrant-tj2515454.jpgАммо дар асл чунин нест. Муҳоҷират амсоли худи инсон зуҳуроти қадима мебошад. Ҷустуҷӯӣ макони зисти беҳтару шиками сер, фарзанди Одамро аз пайдошаш маҷбур ба ҳиҷрат кардааст. Аз ин хотир, зери ин мафҳум тағироти муваққатӣ ва ё доимии ҷойи истиқомат фаҳмида мешавад. Муҳоҷират падидаи ҷамъиятии мураккабест, ки худуди васеъ ва мушаххасоти хос дорад. Муҳоҷират беҳтарин такондиҳандаи вазъи иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа ба сӯи беҳбудӣ мебошад.

Албатта, барои ҷомеаи тоҷик ин падида нав аст, зеро танҳо баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ арзи ҳастӣ кард. Мо танҳо насли аввалини муҳоҷирони тоҷикро иборат аз теъдоди чашмрас дида истодаем (қабл аз инқилоби Октябр ва дертар низ ашхоси алоҳида аз ҳудуди Тоҷикистони имрӯза дар ҷустуҷӯи қути лоямут барои корҳои мавсимӣ ба Бухорою Самарқанду Қӯқанду дигар шаҳрҳо мерафтанд, ки теъдодашон он қадар зиёд набуд).

Дар ҳолати имрӯза беш аз 200 миллион «муҳоҷирбача» дар сайёра аз  кишваре ба кишвари дигар гардиши муваққатӣ ё доимӣ доранд. Аввалҳо ватани анъанавии муҳоҷирон ИМА, Канада, Австралия, Ҷумҳурии Африкаи Ҷанубӣ буданд ва асосан аврупоиҳо ба кишварҳои зикргардида ҳиҷрат мекарданд. Солҳои 80-90 –уми асри гузашта теъдоди аврупоиҳои муҳоҷир коҳиш ёфт ва ҷойи онҳоро бештар зодагони Осиё, Америкаи Лотинӣ, Африқо ва ҳавзаи Қариб ишғол карданд.

Бозори муҳоҷирати меҳнатии Русия нисбати дигар кишварҳои собиқ шӯравӣ бузургтар бошад ҳам, дар муқоиса бо мамолики дар боло зикрёфта хеле кӯчак аст. Ба замми ин, худи шаҳрвандони Русия аз пуркунандагони бозори муҳоҷиратии давлатҳои Аврупо, ИМА, Австралия ва Зеландияи Нав маҳсуб мегарданд. Дар ҳоли ҳозир дар ин кишвар 2,5 миллион муҳоҷирони хориҷӣ ба таври расмӣ кору фаъолият доранд. Қисмати ғайрирасмии муҳоҷирони ғайрирасмӣ тахминан аз 5 то 7 миллион нафар нишон дода шудааст. Аз ин миқдор зиёда аз 360 ҳазор (нишондоди расмӣ) ва ё беш аз 600 ҳазор (тибқи омори ғайрирасмӣ) – ро муҳоҷирони тоҷик ташкил медиҳанд ва теъдоди онҳо нисбати «муҳоҷирбача»-ҳои узбек, қирғиз, украин, молдаван, чинӣ, ветнамӣ ва ғайра  камтар аст.

Маблағе, ки тоҷикони муҳоҷир ба буҷаи оилаи худ ворид месозанду нақши босазоеро ин маблағ дар ҳаёти иқтисодии кишвар мебозад. Ин оморро такроран намеорам чун матлаби асосии мавзӯъ ин масъала нест. Сухан  оиди ҷиҳатҳои мусбӣ ва манфии муҳоҷират меравад ва ба унвони мисол ба ду рӯйдоди таърихӣ дар самти муҳоҷират сар заданиам. Моҳи апрели соли 1915 дар асари ҳуҷуми туркҳо ба хоки Арманистон 1,5 миллион арманӣ кушта шуд ва қисмати зиёди арманҳо ба дигар кишварҳои ҷаҳон ҳиҷрат намуданд.

Албатта, барои насли аввали онҳо мушкилоти зиёде пеш омада буд ва ҷои шаку шубҳа ҳам нест, ки сурудҳои пур аз дардеро ба мисли «Ай муҳоҷирбача…» мехонданд. Вале дар шароити имрӯза, арманиҳо қисмати асосии сарватмандони ИМА-ро ташкил медиҳанд, қавитарин диаспораҳои миллиашонро дар тамоми кишварҳои дунё созмон додаанд, бо ифтихор таъриху тамаддуни миллиашонро дар ҳама нуқоти дунё муаррифӣ мекунанд. Ба замми ин хешу табори худро дар алоҳидагӣ ва давлати Арманистонро ба таври умумӣ аз лиҳози иқтисодӣ пуштибонӣ мекунанд.

Баъди ба охир расидани Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба барқарорсозии шаҳру деҳоти харобгаштааш оғоз намуд ва бо сабаби нарасидани қувваи оддии корӣ ба муҳоҷирати меҳнатӣ аз давлати Туркия иҷозат дод. Наздики 2 миллион турк ба Олмон ҳиҷрат намуданд ва асосан ба корҳои сохтмонӣ машғул шуданд. Онҳо чӣ бардоште доштанд аз ин муҳоҷират? Аввал, дар боробари музди шоиста корҳои сохтмониро бо шева, ҳунару назокат ва муносибати кории немисӣ аз худ карданд. Баъди бозгашт ба Туркия, ин муҳоҷирон кишвари аврупоии худро бино карданд ва наслҳои баъдии худро омӯзонданд.

Ширкатҳои сохтмонии Туркия имрӯз дар тамоми дунё маъруфанд ва ҳамеша дар тендерҳои сохтмонӣ ғолиб омада, барои дигар давлату миллатҳо иншоотҳои бузургу боҳашамат месозанд (аксарияти муҳоҷирони тоҷик низ, дар ҳудуди Русия дар ҳамин ширкатҳои туркӣ кор мекунанд).  Дуввум, он қисмати муҳоҷирони турк, ки дар ҳудуди Олмони ғарбӣ ба таври доимӣ монданд, имрӯз ба 3 миллион расидаанд ва ҷойгоҳи худро дар ҷомеа пайдо кардаанд. Онҳо вакили худро дар Парлумони Олмон (Бундестаг) доранд, ду шабакаи хешро ба забони туркӣ дар телевизиони ин кишвар ташкил намудаанд ва фарҳангу тамаддуни миллии худро нигоҳ медоранд.

Чунин мисолҳоро аз муфидияти муҳоҷират метавон аз ҳиҷрати эрониҳо ба кишварҳои ғарбу давлатҳои Араб, аз ҳиҷрати изроилиҳою чиниҳо ба тамоми манотиқи дунё, аз ҳиҷрати озарию гурҷиҳо ба Русия ва дигар кишварҳо беохир овард. Дуруст аст, ки даҳсолаи охир, ҳодисоти маҳдудкунии ҳуқуқ, рафтори нораво, нажодпарастӣ ва миллигароёна нисбати муҳоҷирон дар тамоми дунё афзоиш ёфтаанд. Мутаассифона, чунин рафтор нисбати тоҷикон низ раво дида мешаванд ва маҳз ҳамин омил боиси нигоҳ сӯи муҳоҷират аз чаҳорчӯбаи манфӣ гаштааст.

То ҷое худи мо ва муҳоҷирбачаҳоямон низ гунаҳгоранд, Имрӯз аксари ҷавонписарони тоҷик баъди хатми мактаби миёна, ҳанӯз ба ҳаёт дар шароити шаҳр ошно нагашта, раҳ ҷониби Русия мегиранд. Барои қисмати зиёди онҳо ин роҳи халосӣ аз хизмат дар сафи Артиши миллӣ мебошад. Ҳол он, ки хизмати ҳарбӣ қадами аввалин барои омода шудани ҷавонмард ба ҳаёти мустақилона мегардад. Аксари ин ҷавонон забони русӣ ва ҳуқуқи хешро намедонанд. Дар масоили расмӣ намудани буду боши худ дар кишвари бегона ва фаъолияти корӣ оҷиз мемонанд.

Дучори макру ҳияли ҳуққабозон (пеш аз ҳама тоҷикони худӣ ва дигар қавму миллатҳои бумию хориҷӣ) гардида, бо мақомоти маҳаллӣ мушкилот пайдо мекунанд. Дар ҷойи кор фиребашон медиҳанд, корфармоҳо муздашонро гирифта мегурезанд, зери таҳқир, лату кӯб ва ҳатто куштори миллатгароёни рус ва гурӯҳҳои манфиатхоҳ қарор мегиранд. Ҳамин омилҳо боиси часпонидани лақабҳои таҳкиркунандае монанди «Равшан»-у «Ҷамшут» ба миллати тоҷик гаштаанд. 

Аммо бо вуҷуди ин, теъдоди онҳое, ки дар шаҳру деҳоти Русия ҷойгоҳи муносибу мувофиқи худро пайдо кардаанд, кам нест. Гузашта аз ин, фарзандони онҳо дар мактабҳои маҳаллӣ таҳсил намуда, аллакай бо тарзи ҳаёти онҷоӣ мутобиқ гаштаанд ва ҳеҷ касеро имкон намедиҳанд, ки нисбаташон таҳқиру носазоро раво бинад, хоҳ тоссару авбош бошад ва хоҳ корманди ҳифзи ҳуқуқ. Маҳз ҳаминҳо оянда боиси ифтихору муаррификунандаи миллат ва пуштибони наслҳои дигари муҳоҷири тоҷик хоҳанд шуд.

Ба оғози ин навишта баргашта, мехоҳам таъкид кунам, ки мо бояд ба муҳоҷират танҳо аз даричаи дарду ғаму кулфат нангарем ва бештар ба ҷиҳатҳои мусбии он такя кунем. Чунин шеваи муносибат бо ин падида, яъне шикваю шикояти пурдард, дар гӯши шунаванда танҳо ҳисси  рӯҳафтодагӣ, маъюсӣ ва нигоҳи пессимистонаро ҷой ва тарбия мекунад. Хусусан онҳоеро, ки донишан заифанду аз нигоҳи таъсир осебпазир. Бисёриҳоро аз мубориза барои пайдо намудани мавқеи худ дар зиндагӣ бозмедорад.

Аз ин лиҳоз шунидану замзамаи чунин сурудҳоро ба мисли «муҳоҷирбачаи тоҷик» чандон хуш надорам. Тақрибан бист соли ҳаёти худро дар хориҷ сипарӣ кардаам: аввал Афғонистону Эрон, баъдан Аморату Миср ва дар охир Русия. Дар ин кишварҳо надидаам, ки мардум ба ашъори маҳзуни муҳоҷирӣ гӯш диҳанд ва ё мафтуни ингуна шеъру сурудҳо гардида бошанд. Нисфи аҳолии Афғонистон дар Покистон, мамолики Араб, Олмону Итолиё кору фаъолият менамоянд, эрониён дар Аморату Фаронса, русҳо дар Аврупою Австролиё, африқоиҳо дар Канада, шаҳрвандони Мексика, Бразилия, Аргентина ва ғайра дар Амрико …. Қисмати аъзами покистониҳо ва ҳиндустониҳо омодаанд, ки тамоми дороияшонро бифурӯшанду худро ба ҳар роҳе набошад ба Британия Кабир, Норвегиё, Австролиё, Малайзиё ва ё Индонезиё бирасонанд.

Нисбати хитоиҳо бошад ҷойи сухан ҳам нест. Ҳамагон медонанд, ки Чин кишварест тараққиёфта, иқтисодиёташ аз ҷиҳати истеҳсоли маҳсулот дар ҷаҳон баъд аз Амрико ҷойи дуюмро мегирад. Ба ин нигоҳ накарда, шаҳрвандонаш дар рӯи замин пош хӯрда, дар тамоми соҳаҳо арзи вуҷуд доранд. Ҳатто дар Ватани мову Шумо омада, дар бахши кишоварзӣ низ саҳми худро гузошта истодаанд. Муҳоҷирати меҳнатиро онҳо ҳаргиз таҳқир ба шаъну шарафи миллиашон намедонанд, баръакс яке аз воситаҳои муҳими муаррифӣ сохтани урфу оддат, тамаддуну фарҳанги худ меҳисобанд ва дар ин кор муваффақ ҳам шудаанд. Доира ва ё қувваи сиёсие дар он давлатҳо пайдо намешавад, ки масъалаи мардикориро дастак намуда, дар номӯътадил гардонидани вазъи дохилии кишвар истифода барад. 

Дар тӯли ҳаёти ғарибона ягон нафаре аз намояндагони ин миллатҳоро вонахӯрдаам, ки ҳамчун муҳоҷир дучори яъсу ноумедӣ шуда бошад. Аз рӯзи аввали ҳузурашон дар хориҷ мекӯшанд кишвари навро биомӯзанд, талош мекунанд, ки соҳиби мавқеи сазовор ва зиндагии ободу гуворо шаванд. Дар ин ҳангом дида намешавад, ки касе аз ватан истода бо муроҷиатҳои ҳузновари «ҷойи ту холист» онҳоро бозпас хонад.

Мутмаин бар онам, ки ҳатто агар тамоми корхонаҳо дар ин ё он кишвар ба кор дароянд, ҷойҳои кории хубу зиёд бо маоши кофӣ фароҳам оварда шаванд ҳам, мардум аз муҳоҷирати меҳнатӣ рӯ наметобад. Ин аст яке аз талаботи замони муосир, нишонаҳои ҷаҳонишавии ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоию сиёсӣ.  

Дар чунин шароит бояд ба мардум ва онҳое, ки роҳи муҳоҷиратро пеш мегиранд, ҷанбаҳои манфиатноки масъаларо низ расонид. Онҳоро қаблан аз лиҳози забонӣ ва ошноӣ бо фарҳангу тамаддуни кишвари мавриди муҳоҷират омода намуд. Шуури ғулом буданро аз майнаи онҳо дур кард ва саъю кӯшишро ба он равона намуд, ки «номовари хона, ноновари хона (иқтибос аз ҳамон шеър)» номовару номбардори миллати тоҷик берун аз хоки Тоҷикистон бошанд.

Кабири Шамс, муҳоҷири муваффақи меҳнатӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi