14:18:17 20-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУҲОҶИРАТИ МЕҲНАТӢ – МАКТАБИ ҲАЁТ

Ба муҳоҷират рӯй овардани халқияту миллатҳо зуҳуроти тоза набуда, балки аз замонҳои қадим ба мерос омадааст. Муҳоҷиршавии фарде, ё гурӯҳе, ва ё сокинони шаҳре дорои ҷанбаҳои гуногуни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошанд. Аз таърихи адабиёт бароямон маълум аст, ки қисми зиёде мутафаккирони Шарқ низ осори худро маҳз дар муҳоҷират ё мусофират эҷод намудаанд.

/images/stories/2011/10/30_migrant-home-from-russia_20.jpgЯке аз омилҳои асосӣ ва ривоҷёфтаи ба муҳоҷират рӯй овардани шаҳрвандон, ин ҷанг мебошад. Бо анҷом ёфтани ҳар як ҷанг дар кишварҳои мағлубу пирӯз давраи баъдиҷангӣ фаро мерасад, ки маъмулан он замони бӯҳрониро дар бар мегирад. Таърих собит сохтааст, ки ҳар як бӯҳрон, новобаста аз моҳияти хеш, зуҳуроти ҳиҷратро ба миён меорад.

Баъди ҷанги шаҳрвандии кишварамон, падидаи муҳоҷират дар давлату миллати тоҷикон низ ривоҷ ёфта, теъдоди зиёди шаҳрвандонамон танҳо ё бо аҳли оилаашон  ба шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Русия рӯ оварданд. Дар он ҷо бо корҳои муносиб машғул шуда, барои худ воситаи даромад пайдо намуданд. Баъзеҳо муваффақу баъзеи дигар ба нокомиҳо гирифтор гаштанд, ки ин низ амри маъмулии муҳоҷират ба шумор меравад.

Аксари муҳоҷирон меҳнатие, ки ба Русия сафар мекунанд бидуни омодагӣ ин роҳро интихоб намудаанд, яъне баъзеи онҳо на забони он давлатро медонанду на аз қонунгузориҳои он бохабар,  таваккал ба Худо гуфта сафар кардаву ба мушкилиҳои сахти ғарибӣ дучор мегарданд.

Банда низ баъди хатми донишгоҳ ба Маскав ба шаҳри Зеленоград  сафар доштам, дар тӯли 3-моҳи  сафарам  аз кору фаъолияти муҳоҷирбачаҳои Тоҷикистон ошно шудаму ангушти ҳайрат газидам, ки муҳоҷирони мо дар пасттарин шароит зиндагӣ ва кору фаъолият мекунанд. Ҷои хоби онҳо вагонҳою таҳхонаҳо ва партовгоҳҳо буда, ба талаботи санитарию гигиенӣ тамоман ҷавобгӯ набуд.

Дар натиҷа қисми зиёде аз онҳо ба бемориҳои гуногун  гирифтор шуда, дар ҷавонӣ дунёро падруд мегӯянд. Дар фасли гармо аз бӯи бади партовгоҳҳо нафаси одам дар гулӯ дар монда, дар зимистон бошад, бинобар намнокиву рутубати зистгоҳҳои муҳоҷирон ҳатто мағзи устухони онҳо ях мебандад. Банда ҳамроҳи як ҳамсабақам дар сохтмони биное кору фаъолият мекардем.

Як рӯз ҳамсабақам тасмим гирифт, ки ба тамошои Кремл равем. Чун каме бетоб будам, даъваташро рад кардам ва ӯ худаш ба тамошои Кремл раҳсипор гашт. Ҳамон рӯз  шаб шуду аз ӯ дараке набуд, аз байн 3- рӯз гузашт мо ба кормандони ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардем. Баъди 1-моҳ ҳамсабақи мо Баёнов Бобоҷонро ҷасади хунуку сар аз тан ҷудо, бо гӯшу бинии бурида аз як ҷангали дар лаби дарё қарордошта дарёфт намуданд.

Чӣ рӯзҳои сахту сангин ба сари муҳоҷирбачаи тоҷик меояд, ки падару модар ба сад умеду орзу фарзанди нахустинашон Бобоҷонро ба воя расонида будаанд,ки ҷасади сар аз тан ҷудоро ба назди падару модараш бурдем. Қазияи мазкур сабаб гашту ман аз баҳри дарёфти маблағ аз кишвари бегона даст кашида, ба Ватани хеш баргаштам. Тавре, ки дар урфият мегӯянд, «ками беғам», ман низ ба зиндагии хоксоронаи худ идома додам.

Мутаассифона, имрӯзҳо дар матбуоти даврӣ оиди муҳоҷирони меҳнатӣ матлабҳое ба нашр мерасанд, ки баъзеи онҳо инсонро бетараф намегузорад. Масалан, аз номи муҳоҷире омада буд, ки мо дар ғарибӣ меҳнат мекунему шумо дар ватан ҷашнҳо мегузаронед, аз ғарибии мо Тоҷикистон фоидаи калон ба даст меорад, мо ҳам мехоҳем ба ватан баргардем…

Бародарони азиз, аввалаш ин ки ҳеҷ муҳоҷире ин каломро ба забон намеорад, зеро муҳоҷир шахсест банангу ор, меҳнатдӯсту заҳматкаш, ҷасуру далер ва ватандӯст, бахусус ғарибӣ хислатҳои неки инсониро қувваи нав бахшида, ҳисси меҳанпарастиро дучанд мегардонад. Он ду – се роҳзане аз қабили ҳамватанонамон, ки дар Русия ба корҳои авбошӣ машғуланд, маънои онро надорад, ки номи мардони заҳматкаши даврамон доғдор гардад.

Дуруст аст, ки аз ҳисоби муҳоҷирин ба давлати Тоҷикистон низ, миқдори ночизе фоида мемонад, лекин ин ойини давлатдориву ватандорист. Ҳар яки мо, вақте озими Русия мешавем, қабл аз ҳама ба хотири зану фарзанд ва беҳгардонии зиндагии хеш ба он ҷо меравем, касе дар фикри ватан нест, лофи беҳуда задан маънӣ надорад.

Дуюм андешае, ки мехоҳам бароятон иброз дорам, ин аст, ки муҳоҷир будан кори осон ва кори ҳар кас нест. Масъулияти баланд, зиракӣ ва мақсаднокиро тақозо мекунад. Чӣ басо ҳамватанонамон дар ин ҷода муваффақ шуда, соҳиби давлати фаровоне гаштаанд.

Баъзеҳо донишашонро такмил дода, дар донишгоҳҳои бонуфузи байналмиллалӣ таҳсили илм намуда, имрӯзҳо дар мактабҳои олии кишварҳои бузург дарс мегӯянд. Баъзеи дигар дар кишварҳои гуногун соҳиби корхонаву муассисаҳои сердаромад гардидаанд. Дар худи кишвари худамон низ, хешу ақрабои муҳоҷирин соҳиби хонаву мошин ва нуқтаҳои савдо гардида, зиндагии хубу бофароғатанд.

Манзурам аз овардани матлаби боло ин аст, ки гарчанде ғарибӣ мушкилоте дошта бошад ҳам ҷиҳатҳои мусбии он зиёдтар буда, дар навбати аввал ба саъю кӯшиши худи муҳоҷир ва баъд, албатта аз иқболи он низ вобастагӣ дорад ва муҳим он аст, ки муҳоҷират – мактаби зиндагӣ, арсаи мардонагӣ ва озмоиши бахт мебошад. Ба ҳама ҳамватаноне, ки дар муҳоҷирати меҳнатианд, қабл аз ҳама матонат ва бурдбориву пирӯзиҳоро таманно дорам.

Бо эҳтиром, Ширин Комилов



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi