12:58:24 01-уми Июли 2025 сол

НАХУСТИН МУҲОҶИРИНИ ИХРОҶШУДА ҚАРОР АСТ БА ДУШАНБЕ БИРАСАНД

Масъулони Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон низ рӯзи сешанбеи 15 ноябр, дар нишасти хабарие аз иҷрои ихроҷи нахустин муҳоҷирон аз Русия ва афзоиши боздошти муҳоҷирони тоҷик дар он кишвар хабар додаанд.

/images/stories/2011/11/15_devonaev_2011-1.jpgАммо онҳо баъид донистаанд, ки иқдомот дар қиболи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ба ҳукми додгоҳи Тоҷикистон нисбати як халабони табаъаи Русия ва як халабони эстунӣ иртибот дошта бошад. Ин барои бори нахуст аст, ки баъд аз ҳудуди як ҳафта пас аз судури ҳукми додгоҳ нисбати халабонҳо ва оғози боздошти иддае аз муҳоҷирон дар Русия мақомоти расмии Тоҷикистон як нишасте баргузор ва дар он вазъияти муҳоҷирони корӣ дар Русияро шарҳ медиҳанд.

Ҳарчанд Сафеъуллоҳ Девонаев, раиси Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, ки то 8 ноябр дар боздоштгоҳҳои Русия беш аз 80 шаҳрванди тоҷикистонӣ ба сар мебурданд ва аз он рӯз то ҳол теъдоди боздоштшудагон ба беш аз 160 нафар афзоиш ёфтааст, вале ин мақоми хадамоти муҳоҷират гузоришҳо дар мавриди боздошти садҳо муҳоҷири тоҷик дар Русияро такзиб кард.

Аммо оқои Девонаев мегӯяд, ки ниҳоди онҳо фаъолияташро дар Тоҷикистон ва Русия тақвият дода ва ҳамарӯза кормандони ин хадамот машғули баррасии вазъи муҳоҷирон дар Русия ҳастанд. Вай афзуд: “Қарор аст, ки 11 нафар аз муҳоҷирони боздоштшуда имрӯз ба Тоҷикистон ихроҷ шаванд. Аммо ин муҳоҷирон барои нақзи қонуни сабти номи расмӣ дар Русия боздошт ва ба ватан ихроҷ мешаванд.”

Бо вуҷуди он ки оқои Девонаев вазъияти муҳоҷирон дар Русияро қаноъатбахш тавсиф кард, аммо вай гуфт, ки ахиран Тоҷикистон барои интиқоли нерӯи корӣ бо Белорус тавофуқеро ба имзо расонидааст. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, ниҳоди онҳо дар ҳамкорӣ бо бархе аз вазоратхонаҳои ин кишвар дар ҷустуҷӯйи кишварҳои дигаре барои қабули муҳоҷирони кории тоҷик дар Урупо ва кишварҳои арабӣ ҳастанд ва гуфтугӯ бо бархе аз ин кишварҳо барои имкони интиқоли нерӯи корӣ аз Тоҷикистон анҷом гирифтааст.

Ҳарчанд қаблан мақомоти Тоҷикистон дар мавриди кишварҳои хориҷие, ки эҳтимоли интиқоли нерӯи корӣ аз Тоҷикистон ба қаламрави онҳо имкон дошт бошад, суҳбатҳое мекарданд, вале ин нахустин бор аст, ки як ниҳоди давлатӣ дар мавриди интиқоли нерӯи корӣ ба чанд кишвари мушаххас ибрози назар мекунад. Дар ин нишаст аз чанд кишваре, аз ҷумла Қатар ва Лаҳистон мисол меоварданд, ки мақомти он кишварҳо омодагии хеш барои қабули муҳоҷирони тоҷикро эълом кардаанд.

Ба ақидаи иддае аз коршиносон агарчи Русия дар гузашта низ муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон дар он кишварро ба унвони абзоре барои ворид кардани фишор ба Тоҷикистон истифода мекард, аммо ин бор баъд аз зиндонӣ шудани як шаҳрвандаш дар Тоҷикистон иқдомоти мушаххасеро барои ихроҷи муҳоҷирон рӯйи даст гирифтааст.

Аз сӯйи дигар Каромат Шарифоф, раҳбари яке аз созмонҳои муҳоҷирони тоҷик дар Русия дар мусоҳиба бо ИНТЕРФАКС гуфтааст, ки дар сурати ба ватан фирситодани аксари тоҷикистониҳое, ки дар Русия машғули кор ҳастанд, ин афрод аз ночорӣ метавонанд ба гурӯҳҳои тундрав, аз ҷумла ҷунбиши Толибон бипайванданд.

Оқои Шарифоф гуфтааст: “Агар милюнҳо тоҷиконро ба ватанашон бозгардонанд, хонаводаҳои онҳо бидуни даромади рӯзгор мемонанд ва дар натиҷа ин афрод ба ҷуз аз фирор ба кӯҳистонҳо чорае дигареро нахоҳанд дошт. Дар он сурат марзи Тоҷикистон бо Ӯзбакистону Афғонистон маҳдуд нахоҳад шуд, он замон ин марз ба Русия интиқол хоҳад ёфт.”

Ҳамчунин бархе аз соҳибназарон дар Тоҷикистон низ бар ин ақидаанд, ки агар панҷоҳ дар сади муҳоҷирони корӣ дар чанд моҳи оянда ба Тоҷикистон ихроҷ шаванд, ин кишвар бо буҳрони шадиди инсонӣ рӯбарӯ хоҳад шуд. Ба эҳтимоли зиёд иқдомоти давлат барои пайдо кардани кишварҳои олтернотиви қабули нерӯи корӣ аз Тоҷикистон низ дар пайи нигарониҳои мақомот аз бурузи вазъяти ногуворе дар ин кишвар дар сурати бозгашти теъдоди қобили мулоҳизае аз муҳоҷирон аз Русия ба ватан иттихоз шудааст.

Дар ҳамин ҳол хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон имрӯз хабар дод, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз Русия ба Тоҷикистон 394 тобут бо аҷсоди муҳоҷирон интиқол ёфтааст, ки 45 нафар аз онҳо бар асари марги иҷборӣ ё ба истилоҳ кушташудагон будаанд. Ҳамчунин бар асоси иттилоъи ин ниҳод дар 11 моҳи соли 2011 беш аз 640 ҳазор нафар ба Русия ба муҳоҷират рафтаанд.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ