17:34:21 29-уми Марти 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Март 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
        1 2 3
4 5 6 7 8 9 10
11 12 13 14 15 16 17
18 19 20 21 22 23 24
25 26 27 28 29 30 31

КОҲИШИ МАВОРИДИ ИНТИҚОЛИ АҶСОДИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК БА ВАТАН

Дар соли 2011 аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади 816 табаъайи тоҷик интиқол шудааст, ки 91 нафар аз онҳо ба қатл расидаанд. Давлати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки якҷо бо ниҳодҳои зирабти Русия ҳар як мавриди қатли шаҳрванди Тоҷикистонро таҳқиқ кунад.

migrantiРамазон Раҳимов, вазири умури дохилаи Тоҷикистон гуфт, ки ба пулиси Тоҷикистон дар бахши нақлиёт дастур додааст, ки барои таҳқиқи ҳар як ҳодисаи қатли шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар иқдом кунад. Тибқи иттилоъи пулиси Тоҷикистон, дар соли гузашта дар муқоиса бо соле қабл теъдоди атбои тоҷик, ки дар хориҷ аз кишвар ҷони худро аз даст додаанд, коҳиш ёфтааст.

Соли 2010 аз Русия ба Тоҷикистон ҷасади 892 нафар интиқол ёфта буд. Соли 2009 ин рақам муъодили 784 нафар буд. Гуфта мешавад, ки дар соли гузашта ба Тоҷикистон ҷасади 51 нафар зан низ мунтақил шудааст.

Зимнан, дар соли гузашта барои бори нахуст мақомоти тоҷик ба мавориди қатли шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия вокунишҳое тунде нишон доданд. Аз ҷумла, порлумони Тоҷикистон барои таҳқиқи ҳодисаи қатли як нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар ҳаволии шаҳри Санкт-Петербург ба Русия ҳайъати намояндагони мардумиро эъзом кард.

Ба эътиқоди соҳибназарон, дар соли гузашта давлати Тоҷикистон ҳамчунин барои ҳалли мушкилоти муҳоҷирони кории тоҷик иқдомотеро рӯйи даст гирифт, ки таъсиси Идораи муҳоҷират ба унвони як ниҳоди мустақили давлатӣ аз ҷумлаи ин талошҳо буд.

Сафиалло Девонаев, раиси Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи душанбеи 23 январ дар як нишасти матбуъотӣ эълом кард, ки дар соли гузашта беш аз 750 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҷустуҷӯи ҷойи кор ба хориҷ аз кишвар, умдатан ба Русия сафар кардаанд.

Гуфта мешавад, ки ин омор дар муқоъиса бо омори соле қабл 130 ҳазор нафар бештар будааст. Бо ин вуҷуд, ба гуфтаи вай, дар соли гузашта коҳиши ихроҷи муҳоҷирони тоҷик аз Русия мушоҳида шудааст. Ин дар ҳолест, ки бархе аз соҳибназарон иддаъо доштанд, ки дар пайи қазияи зиндонӣ шудани халабонҳои русу эстунӣ дар Тоҷикистон, мавориди депурти шаҳрвандони тоҷик аз Русия афзоиш ёфтааст.

Ба иттилоъи Сафиалло Девонаев, дар соли 2010 аз Русия ҳудуди се ҳазор 400 шаҳрванди Тоҷикистон ихроҷ ва 343 нафар депурт шудаанд. Дар соли 20009 беш аз чаҳор ҳазор нафар атбои тоҷик аз Русия ихроҷ шуда буданд. Оқои Девонаев ҳамчунин аз талошҳои ин ниҳод дар заминаи содда кардани шароити буду боши муҳоҷирони тоҷик дар Русия сӯҳбат кард.

Вай гуфт, ки дар зудтарин фурсат дар фурӯдгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав намояндагии Идораи муҳоҷирати Тоҷикистон ифтитоҳ хоҳад шуд. Маъмулан парвозҳои бештаре аз ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба самти Маскав тавассути ин фурудгоҳ анҷом мешаванд.

Сафиалло Девонаев мегӯяд, ки кормандони намояндагии Идораи муҳоҷират дар фурӯдгоҳи Домодедово дар кнаори ҳалли мушкилоти муҳоҷирон ба ироаи муҷҷавизи кор барои муҳоҷирони тоҷик дар Русия машғул хоҳад шунд. Дар гузашта гузориш шуда буд, ки чунин муҷҷавизро алоқамандон метавонанд дар Душанбе низ пайдо кунанд. Вале, ба гуфтаи оқои Девонаев, ин амр бо мушкили роҳандозии фаъолияти бахши “Сбербанк” – и Русия дар Тоҷикистон бастагӣ дорад.

Дар ҳамин ҳол, Сафиалло Девонаев гуфт, ки давлати Тоҷикистон барои дарёфти бозори ҷадид барои нерӯи кор аз Тоҷикистон иқдом мекунад. Аз ҷумла, давлати Тоҷикистон барои ҷалби нерӯи корӣ аз Тоҷикистон ба Қатар, Куриёи Ҷанубӣ, Укройн ва Лаҳистон тадобире анҷом додааст. Бархе аз коршиносон, алоқамандии давлати Тоҷикистон барои ҳалли мушкилоти муҳоҷиронро ба мизони маболиғе, ки онҳо ҳамасола ба ватан ирсол мекунанд, рабт медиҳанд.

Тибқи натоиҷи муқаддамотии Бонки миллии Тоҷикистон, мизони интиқоли пул аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон дар соли 2011 33,6 дарсад афзоиш ёфтааст. Умдатан ин маблағи муҳоҷирони кории тоҷик аст, ки барои бароварда сохтани ниёзҳои хонаводаҳояшон фиристода мешаванд.

Бонки Ҷаҳонӣ мушаххас кардааст, ки дар соли гузашта муҳоҷирони корӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 2,7 милёрд дулор фиристодаанд ва ин рақам беш аз 50 дарсади тавлидоти нохолиси миллии ин кишвар аст. Ба эътиқоди соҳибназарон, ин маблағ омили аслии ҳифзи суботи нисбии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ дар Тоҷикистон аст.

Би-Би-Си



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi