10:37:55 19-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

МУҲОҶИР БУДАНРО МЕПИСАНДАМ

Хабари бар асари оташсӯзии корхонаи коркарди нафт дар вилояти Тюмени Русия ҳалок шудани панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро вақте шунидам, ки барои аёдати волидайнам ба Ватан омада будам. Аз он хеле мутаассир гаштам.

/images/stories/2012/10/05_migrant-051012.jpgАлбатта, аз даст додани наздикони роҳдур барои ҳама сангин аст. Вале ҳамагон ин амри тақдирро ба таври худ баҳогузорӣ мекунанд. Бештари мардум  чунин тасодуфҳоро ба вазъи иҷтимоии кишвар нисбат медиҳанд, ки  маҳз аз ҳамин сабаб иддаи зиёде аз ҳамватанонамон ба муҳоҷират рӯй овардаанд. Аз сӯи дигар ҳамчун муҳоҷире, ки солҳои зиёди умрамро дур аз Ватан сипарӣ намудаам, маънои вожаи муҳоҷиратро мехоҳам бо шеваи дигар  тафсир диҳам.

Муҳоҷирати башар дорои таърихи ҳазорсолаҳост. Тибқи ривоятҳо, ҳатто зербинои шаҳри Рими бузург бо дасти муҳоҷирони троянии Эней сохта шудааст. Муҳоҷират кардан, яъне аз як кишвар ба кишвари дигар кӯч бастан, ҷой иваз намудан мебошад. Таърихи тӯлонии муҳоҷират марҳилаҳои зиёдеро дар бар мегирад, ки яке аз онҳо охири солҳои 90-уми асри гузашта мебошад.

Ин давраест, ки дар он раванди муҳоҷират бениҳоят фаъол гардида, бахусус дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ он ривоҷ ёфтааст. Аз ҷумла, дар ин муддат аз Тоҷикистон низ иддаи зиёди аҳолӣ, ки аз қишрҳои гуногуни ҷомеа буданд, ба хотири беҳбудии зиндагӣ ба кишварҳои дигар рӯй оварданд. Бештари онҳо бо ин мақсад кишвари Русияро интихоб намуданд, ки тӯли солҳои шӯравӣ аз бисёр ҷиҳат ба мардуми мо наздикӣ дошт.

Албатта, иқомат дар кишвари бегона, риояи расму ойин ва қавонини он, муошират, кору фаъолият кардан, мусалламан мушкилоти зиёдеро ба бор меорад. Дар баробари беҳгардонии шароити зиндагӣ, ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ шудан низ, аз ҷузъҳои раванди муҳоҷират ба шумор меравад.

Боиси таассуф аст, ки иддае аз ҳамватанонамон дар натиҷаи офатҳои табиӣ ва фалокатҳои дигаре ҷони худро дар ғурбат бохтаанд. Ҳамасола ҳодисаи фавтидани ҳамватанон, афроди ба ҳалокат расида ва қурбонии нажодпарастон гардидани онон қалби ҳар яки моро реш месозад, вале ин ҳам як зуҳуроти маъмулист.

Дар бештари мавридҳо рӯзноманигорон ё муаллифон ҳамаи ин падидаҳоро ба шароити имрӯзаи Тоҷикистон нисбат медиҳанд, ки маҳз вазъи зиндагӣ мардумро маҷбур сохтааст, ки ба хориҷи кишвар рӯй биоварад ва дар симои муҳоҷирон як гурӯҳи ҷабрдида ё қурбониро мебинанд. Вале чунин таҳлилҳо аз ҳақиқат дуранд. Ҳар як амри тасодуфиро ба дарди ҷомеа нисбат додан низ ғалат аст. Бояд дар масъалаи шарҳи ҳодисаҳо воқеъбин бошем.

Солона садҳо баъзан ҳазорҳо нафар аз муҳоҷирони меҳнатӣ берун аз ватани худ ҷон медиҳанд. Соли 2009 беш аз 3 ҳазор ветнамӣ дар Русия бо сабабҳои гуногун фавтидаанд. Тақрибан 5 200 шаҳрванди Хитой танҳо дар шаҳрҳои Сибиру Шарқи Дур ҷон бохтаанд.

Бо чунин мусибат ҳиндуҳою покистониҳо низ рӯбарӯянд, ки дар соли гузаштаи 2011 дар шаҳрҳои мухталифи мамолики араб ва ҷануби қитъаи Африқо мутаносибан наздики 2500 ва 2800 нафарашон дунёро падруд гуфтаанд. Дар худи Фаронса – кишвари пешрафтаи Аврупо, миқдори фавтидагони муҳоҷирони меҳнатӣ аз Мисру Тунис, Ал-Ҷазоиру Марокаш ҳамасола ба 400-500 нафар мерасидааст.

Албатта, оморҳои овардашуда расман тасдиқшуда нестанд. Дар ин бора бештар аз забони ҳамкоронамон - муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ мешунавем, ки муҳоҷиратро яке аз умдатарин равандҳои ҷаҳонишавии ҳаёти муосир медонанд ва ба он ҷанбаҳои сиёсию иҷтимоӣ намедиҳанд.

Дар мавзӯи мазкур олимони зиёди риштаи ҷомеашиносӣ таҳқиқот гузаронида, ин равандро аз лиҳози илмӣ баррасӣ намудаанд. Муҳоҷиршавӣ барои инсон ҳам аз лиҳози молӣ ва ҳам маърифатӣ таъсири мусбат мерасонад, яъне дар баробари беҳ шудани вазъи молӣ, ки имкони кӯмак ба наздикони худро дар ватан пайдо мекунад, инчунин ҳисси ҷаҳонбинӣ, хештаншиносӣ ва ватанпарастии ҳар як муҳоҷирро ташаккул медиҳад.

Фаромӯш набояд сохт, ки дар баробари коргарони оддӣ, ҳамватанони баландихтисоси кишварамон низ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд ва боиси хушнудист, ки бештари онҳо дар шаҳрҳои бегона муваффақ ҳам шудаанд.

Банда солиёни зиёдест, ки дар шаҳрҳои гуногуни Русия кору фаъолият мекунам. Сари ҳар чанд вақт барои дидори наздиконам ба Ватан омада, муддате дар ин ҷо низ ба сар мебарам. Кори тиҷоратиам хуб аст, ба наздиконам ва баъзан ба шиносҳоям кӯмак мерасонам. Тӯли солҳои муҳоҷиратиам дар риштаҳои гуногуни зиндагӣ, аз сохтмон сар карда, то ба ҷомеашинос фаъолият кардаам.

Хулласи калом, аз муҳоҷирати худ шиквае надорам, гарчанде вазъи молиам хуб ҳам шуда бошад, вале ҳанӯз дар сар хаёли тарки кишвари Русияро надорам. Нишебу фарози зиндагиро дар ғурбат бисёр дидаам, вале ҳамаро амри тақдир мешуморам, на замонаро гунаҳкор месозаму на омили дигареро ҷӯё мешавам. Баръакс, зиндагиро дар муҳоҷират ба маънои томаш дарк намудаам, аз интихобам заррае ҳам пушаймон нестам.

Ҳамагон медонанд, ки кишвари муҳоҷиронро пазируфта низ аз қувваи кории воридгашта баҳра мебардорад. Бештари давлатҳои мутараққӣ барои рушди иқтисод, махсусан соҳаи саноат ба неруи кории арзони муҳоҷирон ниёз доранд. Яъне кишвари Русия низ аз вуҷуди ману ҳамватанонам бештар фоида мебинад.

Танҳо бояд як чизро ба назар гирифт, ки вақте озими кишваре мегардед, қабл аз ҳама омӯзиши забони онро фаромӯш насозед, то дар вақти зарурӣ  тавонед ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунед.

Насруллоев Ҳотам - муҳоҷири меҳнатӣ



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi