15:26:50 09-уми Декабри 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Август 2011 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30 31        

"БУҲРОНИ МОЛӢ ИНТИҚОЛИ ПУЛ БА ТОҶИКИСТОНРО КОҲИШ НАДОД"

Вазири молияи Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди буҳрони ҷаҳонии молӣ, соли гузашта ҳаҷми интиқоли маблағи муҳоҷирони тоҷик наздики 30 дарсад афзоиш ёфтааст.

/images/stories/2013/01/25_najmiddinov-25012013.jpgСафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар, дар нишасти хабарии рӯзи ҷумъа 25-уми январ гуфт, дар соли 2012 муҳоҷирони меҳнатӣ тариқи бонкҳо 3,8 миллиард доллар маблағ интиқол додаанд. Ин ҳам дар ҳолест, ки соли 2011 ин маблағ наздики 3 миллиард долларро ташкил додааст.

Ҷаноби Наҷмиддинов афзуд, «мо аз он нигарон будем, ки омилҳои шадиди бӯҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба иқтисодиёти кишварҳое, ки бо онҳо ҳамкорӣ дорем таъсир мерасонад. Лекин афзоиши маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар давлатҳое, ки муҳоҷирони мо кор мекунанд, зиёд аст, аз ҷумла дар Русия ин 3, 4 фоизро ташкил медиҳад. Аз ҳамин хотир имконияти зиёд шудани воридоти ин маблағҳо низ ба вуҷуд омад.»

Афзоиши интиқоли маблағи муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар ҳолест, ки тибқи иттилои расмӣ маблағи мазкур нисфи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварро ташкил медиҳад ва дар рушди иқтисодиёти кишвар нақши калидӣ дорад. Бино ба пажӯҳиши ахири Маркази мутолеоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, ки 1,5 ҳазор хонаводаро фаро гирифтааст,  90 дарсад гуфтаанд, муҳоҷират муҷиби болоравии сатҳи зиндагонии хонаводаҳои онҳо шудааст.

​​Дар ҳамин ҳол Фирӯз Саидов, сардори Раёсати  Маркази мутолеоти стратегӣ, ки ҳамин пажӯҳишро анҷом додааст, мегӯяд, 83 дарсади хонаводаҳо, асосан аз ҳисоби пули муҳоҷирати пайвандонашон рӯз мегузаронанд ва наздики 87 дарсади мардум пулҳои ирсолшударо бидуни нагаҳдорӣ ё захира дар бонкҳо сарфи рӯзгор менамоянд. Ҷаноби Саидов афзуд, «агар ин сармоя  намебуд, хоҷагии қишлоқ рушд намекард ва ҳам ба соҳаи маорифу тандурустӣ маблағ ҷудо намешуд. Зеро чун медонед тамоми макотиби олӣ аз ҳисоби шартномаҳо, яъне маблағи аҳолӣ кор фаъолият мекунанд. Ва  қисми зиёди ин маблағ аз кори муҳоҷирон аст.»

Фирӯз Саидов ҳамчунин гуфт, онҳо муайян намудаанд, ки наздики 23 дарсади ин пулҳо барои харидории маводи ғизоӣ, беш аз 20 фисад ба харидани пӯшока ва  21 дарсади дигар ба таҳсил, сарф мешавад. Гузашта аз ин ба таъкиди ҷаноби Саидов, қисми зиёди сармояе, ки тавассути муҳоҷирон ба Тоҷикистон интиқол меёбад аз низоми савдо гузашта ба андоз табдил меёбад ва ба буҷаи кишвар ворид мегардад.

Дар ҳамин ҳол Табаралӣ  Ғаниев, доктори улуми иқтисодӣ, рӯи ҷанбаи дигари масъала таъкид мекунад. Ӯ мегӯяд, дар таркиби арзиши аслии маҳсулот маоши муҳоҷирон, ки ба ватан фиристода мешавад ҳамагӣ 20 дарсади дастмузди онҳоро ташкил дода, 80 дарсади ин маблағҳо дар Русия мемонанд. Ҷаноби Ғаниев гуфт, набуди ҳамин пойдевори иқтисодӣ ҳамасола ба афзоиши беқурбшавии пул ва камбуди сармояи иқтисодии дохилӣ боис мегардад:

"Вақте фарзандамонро калон мекунем, бояд дар ватани худ меҳнат кунанд, бояд барои насли оянда заминаи иҷтимоиву иқтисодиро фароҳам орем. Чун  дар дохил истеҳсолот нест, мо маҷбур мешаваем аз хориҷ мол ворид кунем. Имрӯз аз  чор се дарсади  моли бозори дохилии Тоҷикистон аз ҳисоби маҳсулоти хориҷӣ аст ва бинобар ин дигар соҳаҳои истеҳсолии кишвар имкони рушдро надоранд.»

Ин гуфтугузорҳо дар ҳолест, ки Хадамоти муҳоҷирати Русия дар охири соли гузашта теъдоди муҳоҷирони тоҷикро дар ин кишвар 1 милиону 60 ҳазор нафар арзёбӣ кардааст. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд ҳамасола 800 ҳазор шаҳрвандони кишвар бо ҳадафи кор озими Русия мешаванд. Аммо ба таъкиди муҳаққиқони Маркази Мутолеоти стратегии назди президенти Тоҷикистон, теъдоди афроде, ки хоҳиши ба муддати дурудароз мондан дар хориҷаро доранд ва Русияро ба макони будубоши доимӣ табдил медиҳанд дар ҳоли афзоиш аст.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi