19:14:33 25-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Ноябр 2010 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 26 27 28
29 30          

Ширкати Узбакистон дар ҳамоиши Душанбе рӯшан нест

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ки ҷониби Узбакистон ҳузури худ дар Ҳамоиши об дар Душанберо рӯшан накардааст.

mavzui-ob 2013Хусрав Нозирӣ, сардори Раёсати созмонҳои хориҷии ВКХ рӯзи ҷумъаи 9-уми август зимни брифинги матбуотӣ гуфт: «Ҳукумати Тоҷикистон ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва ба хусус кишварҳои минтақа ҷиҳати иштирок дар ҳамоиши об даъватномаи расмӣ фиристодааст, аммо то кунун дар мавриди ширкат кардан ё накардани ҷониби Узбакистон иттилое нест.»

Дар ҳоле, ки ҷаноби Нозирӣ мегӯяд, Тоҷикистон ба ширкати кишварҳои минтақа дар ин конфронс таваҷҷуҳи ҷиддӣ ва аҳамияти муҳим медиҳад. Дар ҳамин ҳол Султон Раҳимов, муовини аввали вазири обу мелиоратсия гуфт, ки ҳарчанд ҳайати расмии Узбакаистон ҳанӯз мушаххас нашудааст, аммо теъдоде аз олимону мутахассисони ин кишвар изҳори ширкат дар ин ҳамоишро карданд.

Ҳамзамон ҷаноби Нозирӣ гуфт, ки бақияи кишварҳи минтақа ширкаташонро дар ҳамоиши об тасдиқ карданд ва дар раъси ҳайатҳое ҳузур хоҳанд ёфт. Ин дар ҳолест, ки мақомоти вазорати корҳои хориҷӣ мегӯянд, то кунун 60 кишвари ҷаҳон омодагии худ барои ширкат дар Ҳамоиши Душанбе эълон карданд. Ва интизор меравад то замони баргузории Ҳамоиш, шумораи ин кашварҳо афзояд.

Ин мақоми вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, аз кишварҳое, ки омодагии худро эълон карданд 30 кишвар дар сатҳи вазирон, теъдоди дигар дар сатҳи роҳбарон ва сарвазирон ва бақия ҳайатҳои баландпоя ширкат хоҳанд кард.

Ҳамоиши байналмиллалӣ дар мавзӯи ҳамкорӣ дар соҳаи об ба таърихи 20-21 август дар толори Кохи Сомони шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ин конфронс таҳти сарпарастии СММ сурат мегирад ва муддати ду рӯз 8 ҷаласа дар масоили ҳамкорӣ дар масоили об мавриди баҳсу баррасӣ қарор хоҳад гирифт.

Баҳси Тоҷикистону Узбакистон дар масъалаи обу муҳити зист тайи 20 сол аст, ки дар сатҳҳои гуногун матраҳ мешавад. Мақомоти узбак имсол ба СММ аз ширкати «Талко» шикоят бурданд, ки ба муҳити зист, генофонд ва сиҳатии мардуми навоҳии марзии Узбакистону Тоҷикистон хатари экологӣ дорад.

Узбакистон дар оғоз дар қаламрави худ ин таблиғотро роҳандозӣ карда, се соли ахир онро дар марҷаъ ва ҷаласаҳои байналмилалӣ ба миён мегузорад ва ба даъватҳои Тоҷикистон барои гузаронидани экспертизаи байналмилалӣ ё дуҷониба майл нишон намедиҳад. Баръакс ин ҳамсоякишвари Тоҷикистон се сол ба ин сӯ як Ҷунбиши экологӣ таъсис дода, барои он дар парлумонаш 15 ҷой ихтисос дод. Ва фаъолияти сесолаи ин созмони сиёсӣ нишон медиҳад, ки ҳадафаш аслан ду иншооти муҳимтарини Тоҷикистон – нерӯгоҳи Роғун ва «Талко» аст.

Дар Тоҷикистон сохтани ин нирӯгоҳро масъалаи “ё ҳаёт, ё мамот” ва танҳо роҳи халосии кишвар аз вартаи бебарқие медонанд, ки ҳар зимистон то 6 моҳ манотиқи рустоиву музофотиашро саропо дар банди сардиву торикӣ меандозад.

Вале ин маърака ба вокуниши тунди бахусус Узбакистон дучор шуд, ки мегӯяд, кишварҳои болооби Осиёи Марказӣ, яъне Тоҷикистону Қирғизистон ҳангоми сохтани нирӯгоҳҳову обанборҳо бояд ҳатман манфиати кишварҳои поёнобро ба назар бигиранд ва ин тарҳҳои пуриддао набояд боиси аз об маҳрум мондани заминҳои кишти кишварҳои поёноб шавад.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi