04:55:06 14-уми Июни 2025 сол

Душанбеву Маскав бо ҷинояткорӣ мубориза мебаранд

Имрӯз ҷаласаи муштараки мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Екатерингбург бо имзои барномаи ҳамкорӣ миёни ин сохторҳо барои соли 2014 ба поён мерасад.

taj-mos-terror 2212Он гуна, ки дафтари матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 27 август ба мо хабар дод, ин санад дурнамои фаъолиятҳои муштараки пулиси Тоҷикистон ва Русия дар заминаи кашфу баррасии ҷиноёти сангин ва ниҳоят сангин, табодули иттилооту таҷриба миёни ин сохторҳоро барои соли 2014 дар назар дорад.

Ҷилавгирӣ аз масири интиқол ва қочоқи маводи мухаддир тариқи нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан низ дар меҳвари фаъолиятҳои муштарак, миёни пулиси Тоҷикистон ва Русия қарор дорад.

Ин дар ҳоле, ки ба иттилои вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон. муддати шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар чорчуби ҳамкориҳои дуҷониба миёни сохторҳои интизомии Тоҷикистон ва Русия панч амалиёти муштарак дар заминаи ҷилавгирӣ аз интиқол ва қочоқи маводи мухаддир анҷом гирифта, ки дар натиҷа беш аз 50 килограм маводи мухаддири ҳероин кашфу мусодира шудааст.

Ба ин далел дар нишасти ҳайати мушовараи вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия ба муборизаи оштинопазир алайҳи интиқол ва қочоқи маводи мухаддир тариқи нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан бо қотеъият таъкид гардид.

Зимнан, коллегияи муштараки вазоратҳои корҳои дохилии Тоҷикистон ва Русия дар шаҳри Екатерингбурги ин кишвар бо ҳузури генерал Рамазон Раҳимов, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ҷараён дорад.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳошияи ин нишаст бо намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими шаҳри Екатерингбург дар корхонаи "Уралмаш" дидору гуфтугӯ кард.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854