04:19:37 14-уми Июни 2025 сол

Рӯзи интихоботи президентӣ эълон хоҳад шуд

Маҷлиси миллии Порлумони Тоҷикистон имрӯз барои баргузории ҷаласаи ғайринавбатии якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Порлумони кишвар ҷаласаи навбатии худро барпо мекунад.

intikhobot 545456Дафтари матуботи маҷлиси милии Тоҷикистон, 29 август ба мо гуфт, ки имрӯз ҳам Маҷлиси намоядагон ва ҳам Маҷлиси миллӣ барои баргузории Иҷлосияи муштарак, ки субҳи шанбеи 31 август сурат хоҳад гирифт омодагӣ доранд. Тибқи қарор, дар ин иҷлосияи якҷоя рӯзи баргузории интихоботи президентии Тоҷикистон расман эълон карда хоҳад шуд.

Ба ин муносибат Маҷлиси миллӣ дар ҳамин рӯз барои қабули чанд масъалаи муҳим ҷаласаи худро баргузор хоҳад кард ва масоили марбут ба омодагӣ ба иҷлосияи якҷоя бо палатаи поёниро баррасӣ мекунад.

Зимнан Абдуманнон Додоев, сардори дастгоҳи Комиссияи интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон гуфт, ки пас аз баргузории иҷлосияи якҷояи палатаи поёнӣ ва болоии порлумон, нахустин ҷаласаи васеъи Комиссияи интихобот ва раъйпурсӣ рӯзи шанбеи 31 август сурат хоҳад гирифт, ки  дар он ҳамаи масъалаҳои марбут ба интихобот баррасӣ карда мешавад. Ҷаноби Додоев афзуд, ки дар ин ҷаласа рӯзноманигорон низ даъват шудаанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854