04:36:33 14-уми Июни 2025 сол

Мулоқоти Шералӣ Хайруллоев бо Парвиз Каёнӣ

Шералӣ Хайруллоев, вазири дифои Тоҷикистон бо генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ, фармондеҳи артиши Покистон дар мавриди ҳамкориҳои низомӣ мулоқот доранд.

general-pakistan_2121221Бино бар хабарҳо, сардори ситоди артиши Покистон бо раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ мулоқот хоҳад кард. Интизор меравад, дар он вазъи амниятии минтақа ва ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шаванд. Сафари сардори ситоди артиши Покистон генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ, дар Тоҷикистон се рӯз идома хоҳад кард.

Бахтиёр Бозоров, як масъули дафтари матбуоти вазорати дифоъи Тоҷикистон зимни таъйиди ин хабар имрӯз ба мо гуфт, ки дар соати 9-30 дақиқаи рӯзи панҷшанбем 29-уми август генерал Парвиз Ашфақ Каёнӣ, фармондеҳи Артиши Покистонро Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъи Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт ва дар ҳоли ҳозир мулоқоти як ба яки онҳо идома дорад.

Ҷаноби Бозоров афзуд,  ки густариши ҳамкориҳои низомӣ ва низомию фаннӣ миёни Тоҷикистон ва Покистон аз мавзуҳои аслии меҳварии ин дидор мебошад. Дар назар аст пас аз мулоқот генерал Каёнӣ аз пойгоҳҳои ҷузъу воҳидҳои низомии вазорати дифои Тоҷикистон дидан кунад.

Манбаъ афзуд, ки равобити низомӣ ва низомӣ - фанӣ миёни Тоҷикистон ва Покситон аз соли 2009 оғоз шуда  сол аз сол густариш меёбад. Интизор меравад, нимаи дуввуми имрӯз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон генерал Парвиз Ашфақ Каёниро ба ҳузур пазирад.

Ба гуфти манбаъ қарор аст, фармондеҳи артиши Покистон бо Эмомалӣ Раҳмон масоили ҳамкориҳои низомӣ ва авзоъи амниятӣ ва роҳҳои расидан ба сулҳ дар Афғонистони ҳамсояро баррасӣ кунанд.

«Озодӣ»

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854