03:24:40 17-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Дар Душанбе сеюмин Намоиши байналмилалии китоб баргузор мешавад

Аз 4 то 6-ми сентябри соли ҷорӣ дар бинои Муассисаи давлатии "Душанбе Плаза" сеюмин Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе таҳти унвони "Китоб ва ҳамгироии арзишҳои умумибашарӣ" баргузор мешавад. Дар ин бора ба «Ruzgor.tj» аз Вазорати фарҳанги кишвар хабар доданд.

namoishi-kitob 4587965Бино ба иттилои манбаъ намоиш соати 10 субҳи рӯзи 4 сентябр бо ширкати масъулини фарҳангии мамлакат ифтитоҳ мегардад ва қарор аст дар он ҳамаи нашрияҳои давлативу хусусӣ асарҳои тозанашри худро пешниҳод намоянд. Дар доираи Намоишгоҳ баргузории ду конфронс, аз ҷумла Конфронси байналмилалии илмии "Ташкили маркетинги китоб дар интишорот", "Китоб ва нақши он дар робитаҳои фарҳангии кишварҳои ҷаҳон", ҳамчунин семинари "Тарроҳии китоби бачагона" дар назар аст.

Дар се рӯзи идомаи Намоишгоҳ мулоқоти хонандагон ва ширкаткунандагони конфтронсу семинарҳо бо адибон ба нақша гирифта шудааст.

Як рӯз баъди анҷом ва натиҷагирии Намоишгоҳ дар "Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А.Ҷӯраев консерт-марафон бо ширкати ҳунармандони маъруфи кишвар бахшида ба Намоишгоҳи байналмилалии китоби Душанбе доир мегардад. Ва ғолибони озмунҳои эълоншуда бо диплому мукофотҳо сарфароз гардонида мешаванд. 

“Рӯзгор”



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi