01:53:05 24-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Резаахбори олам ва кишвар дар ҳафтае, ки гузашт

Рӯзи ҷумъаи гузашта Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба мавзеи сохтмони маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе рафт ва  навбати аввали онро бо иқтидори 50 мегаватт/соат нерӯи барқ мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат иқтидори истеҳсолии навбати аввали марказ баробар ба 1 миллиону 250 ҳазор киловатт- соат нерӯи барқ аст.

khabarho445-2014-2015Ин иқтидор дар шароити камчинии нерӯи барқ кумаки хеле зиёд ба шабакаҳои барқии кишвар мебошад. Навбати дуюм, ки бо фаъол гардидани он иқтидори марказ ба 100 мегаватт/соат нерӯи барқ хоҳад расид, бояд то моҳи апрели соли 2014, яъне 6 моҳ пеш аз муҳлати нақшавӣ, ба кор дароварда шавад. Аз зимистони соли оянда сар карда, маркази нави барқу гармидиҳӣ беш аз 40% биноҳои бисёрошёнаи пойтахтро бо гармӣ низ таъмин хоҳад кард.

ххх

Русия тасмим гирифтааст соли равон дар Афғонистон як силсила лоиҳаҳои бузургро мавриди амал қарор диҳад. Дар суҳбат бо радиои "Голос России" сафири Русия дар Афғонистон Андрей Аветисян гуфтааст, ки  яке аз лоиҳаҳо мавриди истифода қарор додани Комбинати хонасозии Кобул аст, ки аллакай аввали соли равон ба истеҳсоли масолеҳи сохтмон шурӯъ намуда, ба ҳалли мушкилоти ҷиддии камбуди манзил дар ин кишвар мусоидат мекунад. Сарвари идораи дипломатии Русия дар Кобул анҷоми корҳои таҷдиди нерӯгоҳи барқиву обии "Наглу"-ро иқдоми дигари ободонии Афғонистон номидааст.

Ин неругоҳ солҳои 60-уми асри гузашта аз ҷониби мутахассисони шӯравӣ сохта шуда, шаҳри Кобулро ба нерӯи барқ таъмин мекард. Ҷаноби Аветисян гуфтааст, ки ҳоло се агрегати он мавриди истифода қарор дода шуда, дар наздиктарин фурсат агрегати чоруми он низ ба кор медарояд. Сафири Русия ҳамкориҳои байни ду кишвар дар самти маорифро созанда арзёбӣ кардааст ва гуфтааст, ки  ҳамасола ҳудуди 130 нафар донишҷӯёни афғонӣ ба мактабҳои олии Русия қабул карда мешаванд ва бештар аз 200 нафар афсарони пулис ва артиши Афғонистон дар курсҳои такмили ихтисоси Русия таҳсил мекунанд.

ххх

ИМА аз тасмими Кобул дар мавриди озодсозии даҳҳо тан аз зиндониёни Толиб аз маҳбасҳои ин кишвар изҳори нигаронӣ кардааст. Ахиран Кобули расмӣ изҳор дошт, ки дар зиндони Багром аз 88 зиндонӣ 72 нафар бидуни эълони айбномаи мушаххас ва собиткунандаи гуноҳи онҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Аммо Вашингтон мегӯяд онҳо ҷинояткорони ашаддӣ ва террористони маъруфанд, ки замоне боздошт шудаанд. Сенаторони амрикоӣ, ки ахиран аз Кобул дидан мекарданд ва бо президенти Афғонистон Ҳомид Карзай дидор доштанд, эълон карданд, ки озодсозии маҳбусон "қадаме ба ақиб дар равобити Афғонистон ва ИМА хоҳад буд". Маъмурияти Карзай дар посух гуфтааст, ки прокуратураи Афғонистон гуноҳи эълоншуда ба 45 маҳбусро наёфтааст ва дар 27 мавриди дигар аслан далоили айдоркунии онҳо нокифоя ва бебунёданд.

ххх

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Раиси ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Синро ба ҳузур пазируфт. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Сардори давлат дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи чинӣ баррасӣ шуд. Ҳарду ҷониб аз фаъол гардидани навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе, ки рӯзи 10-уми январ дар фазои тантанавӣ сурат гирифт, изҳори қаноатмандӣ карданд. Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки то моҳи апрели соли равон навбати дуюми марказ низ ба кор даромада, иқтидори умумиаш ба 100 мегаватт/соат нерӯи барқ мерасад. Доир ба сохтмони боз ду агрегати дигар дар оянда ва ба 400 мегаватт расондани иқтидори умумии ин марказ ҳам гуфтугӯй сурат гирифт. Тавре зикр гардид, аз ҷониби ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёд, аз ҷумла доир ба сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳо амалӣ шудаанд.

ххх

Матбуоти ҷаҳон хабари даҳшатангези шеваи қатли шавҳари холаи сарвари Кореяи Халқӣ-Демократиро интишор додаанд. Бино ба навиштаи воситаҳои ахбори Чин Чан Сон Тхек, ки додгоҳи олии кишвар ба қатл маҳкум намуда буд, бо шеваи маъмулӣ кушта нашуд, балки якҷо бо панҷ ёвараш тӯъмаи сагони гурусна карданд. Журналистони Чин маълум намудаанд, ки баъди содир шудани ҳукми додгоҳ соҳибмансабони маҳкумшударо аввал урён карданд ва дар қафасе ҷобаҷо намуда 120 саги гуруснаро, ки муддати се рӯзи охир аслан хӯрок надода буданд, сар доданд. Сагони гурусна дар як муддати басо кутоҳ шаш марди баркамоли урёнро пора-пора карданд ва ин саҳнаи мудҳишро, ки ҳудудан як соат идома доштааст, роҳбарони Кореяи Шимолӣ якҷо бо Ким Чен Ин тамошо карданд. Чан Сон Тхек моҳе қабл ба иттиҳоми хиёнат ба Ватан, фасод ва рафтори ношоиставу ғайриахлоқӣ ба қатл маҳкум шуда буд. Он вақт ҳам нашрияҳо ҳадс мезаданд, ки Ким Чен Ин бо ин амал мехоҳад аз ҳамсафони падараш, ки метавонанд бо машварат ба баъзе корҳои ӯ халал ворид созанд, халос шавад. Дар ин росто Чан Сон Тхек аз маъруфтарин чеҳраҳои бозмонда аз замони ҳукмронии падари диктатори Кореяи Шимолӣ маҳсуб мешуд. 

Бознашр аз ҳафтаномаи «Рӯзгор» №02, 15 январи соли 2014



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi