16:23:23 22-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Ду сокини Восеъ аз боздошти машкук раҳо шуданд

Ду сокини деҳаи Гулисойи ноҳияи Восеъ, ки бо гумони узвият ба ҳаркати салафия чаҳор моҳи пеш боздошт шуда буданд, раҳо гардиданд. Ин нафарон дар ҳоле озод шудаанд, ки дар як барномаи телевизионӣ «ба гуноҳи худ иқро шуда буданд» ва дар охирин мурофиа аз ҳимояи вакили дифоъ даст кашиданд.

panjara 54562323Шералӣ Холов ва Ҷӯрахон Шарипов авали моҳи майи соли равон пас аз як баҳс бо имомхатиби деҳа аз ҷониби кормандони Раёсати умури дохила дар минтақаи Кӯлоб боздошт шуданд ва нисбати онҳо додситонӣ бо гумони шомил будан ба ҳаракати мамнӯи салафия айб эълон кард.

Аммо Раҳмоналӣ Раҷабов, ки вакили дифои ин ду нафарро бар дӯш дошт, мегӯяд, қабл аз муроифаи охирин нафарони зери ҳимояташ аз вакилии ӯ даст кашиданд: «Боздоштгоҳ рафтам, ки онҳо аллакай озод шуданд. Қаблан наздиконаш гуфтанд, ки дигар дар мурофиа иштирок накунам. Дигар аз ҷузъиёт хабардор нестам, аммо аниқ онҳо раҳо шудаанд.»

Наздиконаш дар ин маврид аз сӯҳбат парҳез мекунанд, аммо Раҳмоналӣ Раҷабов мегӯяд, касе аз шоҳидон алайҳи ин ду нафар шоҳидm надоданд ва мантиқан онҳо гуноҳе надоштанд. Аммо ин вакили дифоъ мегӯяд, эътимол онҳоро ҷазои сабуктаре дода раҳо карда бошанд.

Раҳоии онҳо дар ҳолест, ки ҳудуди 50 сокини Гулисой бо нишони эътироз назди додситонии минтақаи Кӯлоб ҷамъ омада, ба бегуноҳии ҳамдеҳаашон таъкид карда буданд. Акобир Изатуллоев, додситони минтақаи Кӯлоб ба эътирозгарон ваъда дода буд, ки парванда дар доираи қонунҳои ҷорӣ ва бидуни ғараз тафтиш мешавад.

Салафия аз соли 2008 дар Тоҷикистон ҷараёни мамнӯъ шинохта шуда, аз он замон то кунун даҳҳо нафар аз пайравони он ба зиндон маҳкум шудаанд.

«Озодӣ»



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi