02:42:15 24-уми Июни 2025 сол

Сарнавишти номаълуми кӯдаки гумшуда дар Душанбе

Бо вуҷуди талошҳои густардаи нерӯҳои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, барои пайдо кардани духтари панҷсолае ба номи Сабоҳат Диловарова, ки аз 11 рӯзи қабл  дар шаҳри Душанбе нопадид шуда, ҳанӯз ҳеч хабаре ба даст наомадааст.

d1d6a77282f70095ede65f68c9968218 XLБа гузориши сойти TopTJ, Назира Диловарова, модари ин кӯдак гуфта, ки  барои пайдо  кардани фарзанди худ ба навоҳии Ваҳдат ва Файзобод, дар шарқи Душанбе низ рафта, аммо то ба ҳол ҳеч нишоне аз вай наёфтааст.

Уктаи қобили мулоҳиза ин аст, ки Сабоҳат Диловарова дар маконе нопадид шуда аст, ки 25 –уми марти соли 2013 ду хоҳари кӯчак ба номҳои Малика ва Сабина Аралова гум шуданд ва бо гузашти 1 солу 6 моҳ аз ин ҳодиса ҳеч асаре аз онон ба даст наёмадааст.

Аз сӯи дигар Сабоҳат Диловарова низ дар ҳамон биное, ки ин ду хоҳари гумшуда зиндагӣ мекарданд, ба ҳамроҳи модараш сукунат доштааст. Малика ва Сабина дар табақаи нахуст ва Сабоҳат дар табақаи  ҳаштуми ин сохтмон сокин будаанд.

Бо ин ҳол Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ба иллати нопадид шудани се духтари хурдсол аз як сохтмони маскунӣ тайи беш аз як соли ахир ба шиддат таҳти фишор қарор гирифта ва бо насби аксҳои Сабоҳат Диловарова дар маконҳои умумӣ нерӯҳои зиёдро барои пайдо кардани вай фиристодаанд. 

http://tajik.irib.ir

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ