17:49:12 01-уми Июни 2025 сол

Чаҳор нафар дар чаҳор сонеҳа ҷони худро аз даст доданд

Ррӯзи якшанбеи сипаришуда 24 август дар шаҳру навоҳии кишвар бар асари сонеҳаи утумубилӣ чаҳор нафар ҷони худро аз даст доданд.

Тибқи иттилои сойти расмии вазорати умури дохилаи кишвар Далер Бобоҷонов рузи якшанбе 24 август дар ноҳияи Бохтар аз уҳдаи идораи мошин набаромада Мавҷинисо Азизоваро аз по меафтонад ва дар натиҷа хонум Азизова бар асари бардоштани ҷароҳатҳои сангин дар ҷои ҳодиса ҷон медиҳад.

Дар ҷамоати Чимтепаи ноҳияи Рудакӣ ронандаи минибуси мусофирбар Исмоил Азимов қоидаи ҳаракати роҳро вайрон карда ба болои шаҳрванд Баҳром Табаров ҳаракат мекунад, ки дар натиҷа оқои Табаров дар бемористон ҷон медиҳад.

Ронандаи дигар Парвиз Ашуров ҳангоми ҳаракат дар роҳ аз сӯи Душанбе ба ноҳияи Бохтар як сокини ин ноҳия Мустафо Сафоеви чорсоларо аз пой меафтонад, ки дар натиҷа бар асари ҷароҳатҳои сангин ин кӯдак то чанд соате дигар дар бемористон ҷон медиҳад.

Инчунин Шайдо Насриддинов, ронандаи мутурсиклет ҳангоми ҳаракат дар роҳи миёни ноҳияи Ваҳдат ва Роғун аз уҳдаи идораи мутурсиклеташ набаромада бо коммюн бархурд мекунад ва бар асари ҷароҳатҳои сангин оқои Насриддинов дар бемористон ҷон медиҳад.

Би-Би-Си

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854