15:55:17 22-уми Сентябри 2020 сол
"РӮЗГОР" - "RUZGOR"
1,477 аъзо
Ҳамроҳ шудан ба гурӯҳ
Ба гуруҳи мо "РӮЗГОР" ва "Ruzgor CINEMA" дар фейсбук обуна шавед! Бо мо будан боз ҳам дурахшон сохтани рӯзгори хеш мебошад. Мо бо маводҳои...
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 collage-You-ube-Ruzgor

Qissahoi hijrat - 2015
 
1.banner grunger 2019

Тақвим

<< < Сентябр 2020 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30        

Мубодилаи асъор


1 RUR — 0.116 TJS
1 USD — 6.2602 TJS
1 EURO — 6.8462 TJS
2015-07-25

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон шумораи зиёди кормандони касбу кори гуногуни ҷумҳуриро ба истиқболи солгарди 23-юми Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ, ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои олии низомию махсус сарфароз гардонд.

mukofotsupori 125656Қабл аз оғози маросими мукофотсупорӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, дар фазои дилписанди тантанавӣ доир намудани ин маросимро нишонаи қадршиносии олии роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон аз хизматҳои арзандаи мукофотгирандагон номид.

Дар оғози маросими мукофотсупорӣ се нафар - Раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Душанбе Ғайбулло Каримов, Раиси ҷамоати Мурғоби ноҳияи Мурғоб Ҷамила Кенҷақулова ва сардори Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Аъзамшо Шарифӣ бо ордени Дӯстӣ сарфароз гардонда шуданд.

Хизматҳои арзандаи гурӯҳи калоне аз кормандону роҳбарияти мақомоти давлатию ҷамъиятии соҳаҳои сохтмон, энергетика, саноат, кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва намояндагони илму маориф бо ордени Шараф дараҷаи 2 қадр карда шуд.

Маҷмуи аз ин зиёди намояндагони соҳаҳои гуногуни ҷомеаи кишвар бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонда шуданд.

Ба се корманди соҳаи тандурусӣ, аз ҷумла роҳбарони коллеҷҳои тиббии шаҳрҳои Хуҷанду Исфара ва як нафар аз ноҳияи Қумсангир медали Шафқат дода шуд.

Ба унвони фахрии Шоири халқии Тоҷикистон шоирони маъруфи ҷумҳурӣ Низом Қосим пури Ҷаҳонгир, Аҳмадҷон Раҳматзод ва Назрулло Раҳматуллоев маъруф бо тахаллуси Назри Яздон сазовор дониста шуданд.

Ҳунарпешагони шинохтаи кишвар Сабоҳатхон Қосимова ва Абдусалом Раҳимзода бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Се нафар - Мунаввара Додохоева, Раҳимзода Маҳмад Забир ва Умар Тоиров сазовори унвони фахрии Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон эълон гардиданд.

Ҳунарпешаи фалаксаро Нурулло Баротов ва ҳунарпешаи маъруфи театри русии ба номи Маяковский Фирӯза Раҳмонова ба унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон сазовор дониста шуданд.

12 нафар аз роҳбарият ва кормандони мақомоти давлатию ҷамъиятӣ аз соҳаҳои гуногуни вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, ки хизматҳои шоёни таҳсин анҷом додаанд, бо унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Ба шумораи зиёди дигар Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шуд.

Хизматҳои шоёни таҳсини шумораи зиёди афсарону сарбозони сохторҳои қудратӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва ҳокимияти судӣ, ки дар амалиётҳои гуногуни махсус бар зидди гурӯҳҳои ҷиноятпешаю қочоқбар, мубориза бо ҷинояту ҷинояткорӣ, хусусан ҷиноятҳои муташаккил ва ба ҷавобгарӣ кашидани онҳо маҳорату матонати касбӣ нишон додаанд, бо орденҳои Спитамен дараҷаи 2 ва Шараф дараҷаи 2, медалҳои Ҷасорат, Хизмати шоиста, ва Шафқат, Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон қадр карда шуд.

Ба гирифтани мукофотҳои давлатӣ афсарону сарбозони шуҷоъ аз Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ ва Қӯшунҳои дохилии он, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ, кормандони мақомоти прокуратура ва ҳокимияти судӣ, Агентии назорати маводи нашаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза коррупсия мушарраф шуданд.

Ба ҳафт нафар аз ҳайати роҳбарии сохторҳои низомию амниятӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот рутбаҳои олии низомӣ ва махсуси генералӣ дода шуд.

Ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номи Абӯабдулло Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт ба доктори илмҳои филологӣ Атахон Сайфуллоев ва шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалӣ ва дар соҳаи меъморӣ ба доктори илмҳои меъморӣ Рустам Муқимов дода шуд.

Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ба панҷ нафар олимону омӯзгорони хизматнишондода – Таҳмина Саодатқадамова, Саидалӣ Гулов, Асадулло Шарифов, Латофат Сироҷева ва Ниёзмат Иброгимов супурда шуд.

Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавоне, ки дар соҳаҳои илм ва техника корҳои намоён анҷом додаанд, ба шаш нафар олимони ҷавон – МаҳмадалӣҚурбонов, Фариза Қурбонова, Сироҷиддин Раҷабов, Дилшод Равшанов, Некрӯз Қудратов ва Қадамҷон Сафизода супурда шуд.

Умуман барои аз дасти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гирифтани мукофотҳои давлатӣ, унвонҳои фахрӣ ва ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Қасри Миллат 160 нафар намояндагони табақаҳои гуногуни аҳли ҷомеа, аз ҷумла аҳли илму фарҳанг, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, кишоварзӣ, сохтмон, саноат, энергетика, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ҷамъ омаданд.

Дар охир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бори дигар табрику таҳният гуфта, изҳори боварӣ намуд, ки минбаъд беш аз пеш ба Тоҷикистони азиз содиқонаю софдилона хизмат хоҳанд кард.

Манбаъ: http://president.tj



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi