22:10:16 18-уми Апрели 2024 сол
banner site ruzgor 21 22
 
photo 2023-01-03 15-28-16
 
 banner ahmad zahir booke
 
Ahmad Zahir - banner 2015
 
 banner you tube ruzgor2021

Qissahoi hijrat - 2015
 
 

Тақвим

<< < Апрел 2024 > >>
Дш Сш Чш Пш Ҷм Шб Яш
1 2 3 4 5 6 7
8 9 10 11 12 13 14
15 16 17 18 19 20 21
22 23 24 25 26 27 28
29 30          

Таҳлилгари тоҷик: Низоми раводид байни Душанбеву Теҳрон бояд сода карда шавад!

Таҳлилгарони тоҷик муътақиданд, ки нахустин сафари расмии Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон саҳфаи тозаеро дар равобити миёни ду кишвар боз карда, тавофуқоти бадастомада роҳро ҷиҳати густариш ва тавсеаи бештари ҳамкориҳо дар арсаҳои мухталиф  боз мекунад.

ruhoni-emomali-544114554Ҳамзамон коршиносони тоҷик мегӯянд, мақомоти Тоҷикиситон ва Эронро зарур аст, ки ҷиҳати пиёда намудани тавофуқоти имзошуда талош карда, мавонеи мавҷудро дар ин замина аз байн бардоранд. Хилватшоҳи Маҳмуд, коршиноси умури минтақа мегӯяд, яке аз мавонеъ барои тақвияти бештари равобит миёни Душанбе ва Теҳрон низоми раводид аст, ки бояд содда карда шавад.

Аз сӯи дигар, доктор Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, боиси таъсуф аст, ки ахиран ба далели нигаронии тоҷирон аз адами тазмини сармоягузориҳо, таваҷҷуҳи бахши хусусии Эрон ба иқтисоди Тоҷикистон коҳиш ёфтааст  ва мақомоти тоҷикро зарур аст барои ислҳои ин вазъ иқдом кунанд.

Дар ҳамин ҳол Қосими Бекмуҳаммад, коршиноси умури минтақа бар ин аст, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон бояд дар сохти тарҳҳои муҳими иқтисодӣ дар бахши энержӣ ва ҳамлу нақл дар Тоҷикистон иқдом кунад. Зеро қудратҳое назири Русия ва Чин аз ҳамин даҳлез барои дарозмуддат манофеи хешро таъмин кардаанд.

Муҳимтарин натоиҷи сафари расмии Ҳасани Руҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Тоҷикистон имзои даҳ санади ҳамкорӣ миёни ду кишвар ва ифтитоҳи чархаи дуввуми нерӯгоҳи "Сангтуда -2" аст.

Созишномаи байниҳукуматӣ миёни Тоҷикистон ва Ирон дар заминаи ҳамкориҳои интизомӣ ва амниятӣ ва ёддошти тафоҳум дар заминаи муборизаи муштарак бо тавлиду қочоқи маводди мухаддир, аз ҷумлаи муҳимтарин асноди имзошуда дониста мешавад.

Инчунин Кумитаи Имдоди Имом Хумайнии Эрон  низ бо се ниҳоди давлати Тоҷикистон; Вазорати тандурустӣ, Кумитаи ҷавонон ва Кумитаи умури занон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ  имзо кард.

Ҷумҳурии Исломии Ирон нахустин кишвари хориҷиест, ки соли 1991 истиқлоли Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва моҳи январи соли 1992 сафорати хешро дар Душанбе боз кард.

Дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон беш аз 120 ширкати эронӣ фаъолият дошта, миёни ду кишвар тайи 22 соли равобит беш аз 100 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Бузургтарин тарҳои иқтисодӣ, ки бо сармоягузории давлати Эрон дар Тоҷикистон амалӣ шудаанд, ин бунёди нақби "Истиқлол" бо харҷи 40 миллион доллар ва сохтмони нерӯгоҳи обии "Сангтӯда -2" бо сармоягузории беш аз 250 миллион доллар аст.

http://tajik.irib.ir



Назари Шумо

Security code
навсозӣ

Дуои борон

sultoni-qalbho
askshoi-khotiravi