20:15:27 07-уми Июни 2025 сол

ДУШАНБЕ БОЗОР СОБИРРО ДУБОРА БА ОҒӮШ ГИРИФТ

Бозор Собир, шоири маҳбуб ва саршиноси тоҷик, ки дар Амрико ба сар мебарад, баъд аз зуҳри рӯзи панҷшанбе вориди пойтахти Тоҷикистон шуд ва дар фурудгоҳи Душанбе мавриди истиқболи бесобиқаи ҳаводорон, дӯстон, ҳамқаламон ва хабарнигорони зиёде қарор гирифт. Бозор Собир дар авоили соли 1993 ба дунболи ба қудрат расидани ҷонибдорони Фронти халқӣ зиндонӣ шуд. Аммо ҳудуди як соли баъд таҳти фишори сомзонҳои байналмилаӣ ва хоса рӯшанфикрони Русия ва ҳамкории бархе шахсиятҳои Тоҷикистон аз зиндон озод шуд ва баъди озодӣ аз зиндон ба Маскав ва аз он ҷо ба Амрико рафт.

 

Бозор Собир як чеҳраи мавриди таваҷҷӯҳ ва гоҳе баҳсофарин дар таърихи бештар аз 20 соли охири Тоҷикистон будааст. Ӯ вакили Шӯрои Олии Тоҷикистон даъвати охирон низ буд, ки аз ваколаташ даст кашид. Бозор Собир ҳамчунин яке аз бунёдгузорони Ҳизби Демократи Тоҷикистон, нахустин ҳизби алтернативӣ ва узви ҳайати раҳбарии созмони Растохез низ буд.

 

Аммо дар замони ҳиҷрат аз сиёсат канор рафт ва саҳме дар сиёсат надошт. Бо вуҷуди ин номи Бозор Собир дар ҳама ин муддат ба таъбири худаш луқмаи даҳони қаламфарсоён дар матбуоти Тоҷикистон будааст. Бозор Собир дар ин мудат борҳо мақолаҳои баҳсбарангез дар рузномаҳо нашр кардааст. Гапи аввал дар маҳфилҳо ва доираҳои адабӣ ва матбуоти имрӯзи Душанбе бозгашти Бозор Собир аст. Ин баёнгари он аст, ки шоир ҳамчунон мавқеъ ва нуфузи худро аз даст надодааст.

 

Бароти Юсуфӣ, Раҳматкарими Давлат, «Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/2793-2010-07-29-17-50-43.html

 

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854