МАҚОМОТИ ТОҶИКИСТОН МИРЗОХУҶА АҲМАДОВРО МАСЪУЛИ КУШТАНИ НИЗОМИЁН ХОНДААНД
Мақомоти амниятии Тоҷикистон гуфтаанд ҳамла ба корвони нерӯҳои давлат дар дараи Камароб дар ноҳияи Раштро Мирзохуҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони мухолифини пешини давлати Тоҷикистон раҳбарӣ мекардааст. Ниҳодҳои итизомии Тоҷикистон гуфтаанд дар ҷараёни амалиёти нерӯҳои давлат дар ноҳияи Рашт панҷ тан аз афроди вобаста ба оқои Аҳмадов кушта шудаанд. Мақомоти вазорати кишвари Тоҷикистон мегӯянд дар ҷараёни бозрасии манзили ӯ 6 адад мусалсал, 3 адад норинҷакандоз ва миқдори зиёди маводи мунфаҷира кашф шудааст.
Рӯзи якшанбеи 19 сентябр 25 тан аз нерӯҳои давлат дар пайи ҳамлаи афроди мусаллаҳ дар дараи Камароб дар ноҳияи Рашт, др ҳудуди 200 килуметрии шарқи шаҳри Душанбе кушта ва шуморе ҳам захмӣ шуданд. Телевизиюни давлатии Тоҷикистон шоми чаҳоршанбеи 22 сентябр навореро бо мусоҳибаи марде, ки аз ӯ Исо Ҳалимов ном бурда шуда намоиш додааст, ки ӯ мегӯяд Мирзохуҷа Аҳмадов барои 9 тан аз ҷавононе мисли ӯ таҳти пӯшиши таълими масоили мазҳабӣ тамриноти низомӣ медодааст.
Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфтааст ин мард дар пайи талош барои анҷоми инфиҷор дар яке аз нуқоти шаҳри Душанбе ба таърихи 22 сентябр боздошт шуда буд. Ба гуфтаи мақомот дар чанд рустои ноҳияи Рашт марокизи омӯзиши фаъолиятҳои теруристӣ фаъол будаанд. Ин дар ҳоле аст, ки Мирзохуҷа Аҳмадов дар яке аз охирин мусоҳибаҳои худ ба хабаргузории Азия Плюс гуфта буд, ки ӯ як деҳқони оддӣ аст ва давлати қонунии Тоҷикистонро ба расмият мешиносад ва тамоми аслиҳаи худро дар соли 2009 баъд аз гуфтугӯ бо раиси ҷумҳур ба давлат таҳвил дода буд.
Вазорати кишвари Тоҷикистон гуфтааст Мирзохуҷа Аҳмадов ба Абдулло Раҳимов, яке аз фармондеҳони мухолифини пешини давлат, ки шароити тавофуқномаи сулҳ бо давлатро напазируфта буд, паноҳ додааст. Аммо мақомот дар мавриди сарнавишти худи Мирзохуҷа Аҳмадов иттилоъе ироа накардаанд. Хабари юриши нерӯҳои давлат ба манзили оқои Аҳмадов чанд рӯз пас аз интишори гузоришҳо дар бораи мулоқоти мақомоти баландпояи низомӣ ва амниятии Тоҷикистон бо фармондеҳони собиқи мухолифин дар минтақаи Рашт гузориш мешавад.
Бархе манобеъ гуфта буданд, ки дар ин мулоқот тазмини амнияти ин фармондеҳон матраҳ будааст, ки замоне пас аз имзои тавофуқномаи сулҳ дар ниҳодҳои амниятиву низомӣ мустақар буданд, аммо мақомот дар ин бора расман изҳори назар накардаанд. Хабарҳои таъйиднашуда аз пайвастани Шоҳ Искандаров, яке дигар аз фармондеҳони мухолифиони пешин ба нерӯҳои даргир бо нерӯҳои давлат ҳикоят мекунанд.
Мақомоти давлатӣ мардуми маҳаллиро ба ҳамкорӣ дар боздошти афроде, ки аз онҳо терурист ном бурдаанд, даъват кардаанд. Пештар гузориш шуда буд, ки пас аз зӯҳри рӯзи чаҳоршанбеи 22 сентябр дар ноҳияи Рашт амалиёти густардаи нерӯҳои давлатӣ алайҳи "гурӯҳҳои терруристӣ" оғоз шудааст. Тибқи иттилоъи манобеъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон дар ин минтақа амалиёт барои "безараргардонии нерӯҳои ифротгаро" идома дорад.
Маҳмадуллоҳ Асадуллоев, сухангӯи ин вазорат гуфта буд, ки ҳоло наметавонад аз маҳалли дақиқи анҷоми ин амалиёт иттилоъ бидиҳад. Дар ҳамин ҳол ба назар мерасад, ки иртиботи телефунӣ бо бархе аз манотиқи Рашт қатъ шудааст. Ба ин далел дарёфти ҷузъиёти бештар дар бораи вазъияти кунунӣ дар ноҳияи Рашт аз манобеъи маҳаллӣ ғайримумкин аст. Дар ҳамин ҳол бархе аз манобеъи ғайрирасмӣ аз истифодаи анвоъи мухталифи аслиҳа дар ин амалиёт дар ноҳияи Рашт хабар медиҳанд.
Зимнан 19 сентябр дар дараи Камароб дар пайи ҳамлаи як гурӯҳи мусаллаҳ ба комюнҳои низомии Вазорати дифоъи Тоҷикистон дастикам 25 нафар аз сарбозон ва афсарони ин вазорат кушта шуданд. Вазорати дифоъи Тоҷикистон бо интишори феҳристи ассомии кушташудагон ба наздикон ва пайвандони онҳо ибрози тасаллият кардааст. Дар миёни ин афрод Абдуҳаким Маҳмудов ва Акрам Сайвалиев, ду сарҳанги вазорати дифоъи Тоҷикистон низ ҳастанд.
Давлати Тоҷикистон гурӯҳҳои марбут ба Абдуллоҳ Раҳимов, мулаққаб ба "Мулло Абдулло" ва Аловуддин Давлатов мулаққаб ба "Алӣ Бедак", ду тан аз фармондеҳони мухолифини пешинро дар ҳамла ба низомиён муттаҳам кардааст. Додситонии низомӣ алайҳи ҳамлагарон тибқи моддаҳои қонуни кайфарии Тоҷикистон дар бораи “терурисм”, “қатл” ва “истифодаи ғайримуҷоз аз силоҳ” парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3190-2010-09-23-04-07-46.html