23:28:32 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/02_kamarob_2147_5'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/02_kamarob_2147_5'

ШУРӮИ ДУБОРАИ ДАРГИРИҲО ДАР ДАРАИ КАМАРОБ

Хабаргузории ИТАР-ТАСС-и Русия бо истинод ба сарчашмае аз ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон дар шарқи кишвар иттилоъ додааст, ки рӯзи шанбе дар дараи Камароб даргириҳои нерӯҳои давлатӣ бо гурӯҳи мусаллаҳ дубора шурӯъ шудааст. Дар бораи шумори афроди мусаллаҳ ва тафсилоти ин даргирӣ иттилое пахш нашудааст. Мақомоти Тоҷикистон аз шарҳи ин ҳодиса худдорӣ мекунанд. Бино ба навиштаи ИТАР-ТАСС, даргириҳо дар баландкӯҳҳои дараи Камароб идома дорад.

 

Гурӯҳи мусаллаҳ, ки ба гуфтаи мақомоти Тоҷикистон, аз мухолифон ва зархаридони хориҷӣ иборат аст, дар ин дара паноҳ бурдаанд. Хабари оғози даргириҳо дар ҳолест, ки ду рӯз қабл дабири Шӯрои амнияти Тоҷикистон Амирқул Азимов бо амри раисиҷумҳур вориди водии Рашт шуд. Дабири Шӯрои амният дар остонаи сафараш ба хабарнигорон гуфт, пайғоми ӯ ба мухолифини мусаллаҳ ин аст, ки силоҳро ба замин гузоранд, вагарна ҳамагӣ кушта хоҳанд шуд.

 

Дабири Шӯрои амният афзуд, ки замони музокирот ба поён расидааст ва давлат барои аз байн бурдани гурӯҳҳои мусаллаҳ нерӯи кофӣ дорад. Амирқул Азимов ҳамчунин гуфт, мақомоти Тоҷикистон кишварҳои ҳаводори нооромӣ дар кишварро мешиносанд ва агар онҳо аз "аъмоли фитнаангез"- и худ даст накашанд, мақомот далели фаъолиятҳои тахрибкоронаи онҳоро ошкор хоҳад кард.

 

«Озодӣ»

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3267-2010-10-02-13-08-16.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ