23:58:07 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/05_tavildara_2147_10'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/05_tavildara_2147_10'

КУШТА ШУДАНИ ЯК ЗИНДОНИИ ФИРОРӢ ДАР ТАВИЛДАРА

Ниҳодҳои интизомии Тоҷикистон аз кушта шудани як зиндонии фирорӣ дар ноҳияи Тавилдара хабар медиҳанд. Гуфта мешавад, ки ҳувияти ин шахс ҳануз мушаххас нашудааст ва интизор меравад то шоми имрӯз исми ин зиндонии фирорӣ эълом шавад. Зимнан, ин севумин зиндонии фирорӣ аст, ки дар пайи амалиёти боздошти онҳо, кушта мешавад. Тоҳир Норматов, раиси ситоди Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, рӯзи сешанбеи 5 октябр дар сӯҳбат бо Би-би-сӣ хабари кушта шудани ин зиндонии фирориро таъйид кард.

 

Ба гуфтаи вай, ҳоло маъмурони пулис машғули мушаххас кардани ҳувияти ин фирорӣ ҳастанд. Оқои Норматов ҳамчунин хабар дод, ки ин зиндонӣ ба маъмурони пулис муқовимат карда ва кушта шудааст. Дар ҷойи ҳодиса як худкори Калашников ва як тапончаи мутаъаллиқ ба зиндонии фирорӣ кашф шудааст. Вале хабаргузории "Asia-Plus" дар истинод ба манобеъи худ гузориш додааст, ки фирории кушташуда шаҳрванди Афғонистон Бозоралӣ валади Эгамбердӣ аст, ки шомили гурӯҳи зиндониёни фирорӣ будааст.

 

Ин севумин зиндонии фирорист, ки дар ду ҳафтаи ахир аз сӯйи маъмурони интизомӣ ва амниятӣ кушта мешавад. Ин ниҳодҳо ҳамчунин ҳафт тан аз зиндониёни фирории дигарро боздошт кардаанд. Ба ин тартиб, аз 25 зиндонӣ, ки шаби 23 август аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе фирор карданд, 15 нафар ҳамчунон озод ҳастанд.

 

Дар ҳамин ҳол, қаблан гузориш шуда буд, ки Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон бо пахши як баёния эълом кардааст, ки зиндониёни фирорӣ ба минтақае амн интиқол ёфтаанд. Ин хабарро мақомоти маҳаллӣ дар манотиқи шимолии Афғонистон, ки бо Тоҷикистон марзи муштарак дорад, низ таъйид кардаанд. Тоҳир Норматов дар посух ба ин суол, ки вазъ дар водии Рашт чӣ гуна аст, гуфт, ки "он ҷо вазъият ба гунаи Душанбе аст ва ҳеҷ мушкиле мушоҳида намешавад."

 

Ба гуфтаи вай, ташаннуҷи авзоъ дар дараи Камароб, сад килуметр дуртар аз маркази ноҳияи Рашт, мушоҳида мешавад. Ин мақоми Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар дод, ки имрӯз тавассути чархбол наворҳои видиюӣ аз маҳалли даргириҳо ба Душанбе хоҳад расид, ки интизор меравад шоми имрӯз тавассути шабакаҳои телевизиюни давлатӣ ба намоиш гузошта шаванд. Вай афзуд: "Мардум хоҳад дид, ки силоҳбадастон ба чӣ даҳшаткориҳое машғул ҳастанд."

 

Рӯзи душанбе манобеъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз кушта шудани панҷ тан аз маъмурони пулис дар ин даргириҳо хабар доданд, ки умдатан кормандони ОМОН ё гурӯҳи вижаи пулиси дар вилояти Хатлон будаанд. Дар ҳамин ҳол гузориш шудааст, ки Зоиршо Қаландаров, фармондеҳи ОМОН-и Хатлон, ки дар ин ҳодиса ҷароҳатҳои сангин бардошта буд, шаби гузашта фавтидааст. Ба ин тартиб, тибқи иттилоъи расмӣ, талафоти нерӯҳои давлатӣ дар чанд рӯзи ахир дар минтақаи Рашт то ба шаш нафар маъмури пулис расидааст.

 

Вале ин манобеъ хабари осеб дидани як чархболи низомӣ дар дараи Камаробро рад карданд, ҳарчанд бархе аз расонаҳои гурӯҳӣ бо такия ба манобеъи худ гузориш доданд, ки ин чархбол ночор дар маҳалли даргириҳо фуруди изтирорӣ кардааст. Вазъият дар минтақаи Рашт баъд аз ҳодисаи фирори зиндониён ва ҳамлаи силоҳбадастон ба сутуне аз комюнҳои вазорати дифоъ, ки дастикам 26 кушта бар ҷой гузошт, ташаннуҷ ёфт.

 

Давлати Тоҷикистон иддае аз фармондеҳони собиқи нерӯҳои исломгарои мухолифи давлатро муттаҳам карда ва барои боздошти онҳо амалиёти густурдаи низомиро оғоз кардааст. Аз 22 сентябр ба ин сӯ иртиботи телефунӣ бо минтақаи Рашт қатъ шуда ва дар омаду рафти сокинони маҳаллӣ низ маҳдудиятҳое роҳандозӣ шудааст. Хабарнигорон низ ба минтақа дастрасӣ надоранд.

 

КУШТА ШУДАНИ КОРМАНДОНИ ОМОН ДАР КАМАРОБ

ГУЗОРИШҲО АЗ ТАЛАФОТИ НЕРӮҲОИ ДАВЛАТӢ ДАР РАШТ

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3288-2010-10-05-08-35-37.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ