23:33:55 22-уми Майи 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/05_rasht_2584754'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/05_rasht_2584754'

ПУЛИС АЗ ҚАТЛИ ҲАФТ ФАРДИ МУСАЛЛАҲ ДАР РАШТ ХАБАР ДОД

Ҳафт тан аз афроди мусаллаҳ дар ҷараёни даргирӣ бо нерӯҳои давлатӣ дар шарқи Тоҷикистон кушта шудаанд. Гуфта мешавад афроди кушташуда дар ҳамлаи мусаллаҳона ба сутуне аз комюнҳои вазорати дифоъ дар дараи Камароб мазнун буданд. Ин дар ҳолест, ки тибқи гузоришҳо, дар чанд рӯзи ахир нерӯҳои давлатӣ низ дар ин минтақа талафоти қобили мулоҳизае дидаанд. Як манбаъи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар чанд рӯзи ахир дар ҷараёни амалиёти густурда дар дараи Камароб дастикам ҳафт тан аз силоҳбадастон кушта шудаанд.

 

Ин манбаъ мӯътақид аст, ки афроди кушташуда дар ҳамла ба низомиёни тоҷик дар ин минтақа даст доштанд. Дар пайи ин ҳамла дастикам 26 сарбоз ва афсар ҷонҳои худро аз даст доданд. Мақомоти тоҷик Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба "Алӣ Бедак", Абдулло Раҳимов, мулаққаб ба "Мулло Абдуллоҳ" ва Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳони собиқи нерӯҳои мухолифи давлатро омилони ин ҳамла хондааст.

 

Баъд аз се рӯзи ин ҳодиса, нерӯҳои давлатӣ амалиёти густурдаеро дар минтақаи Рашт оғоз карданд ва дар пайи он иртиботи телефунӣ бо сокинони маҳаллӣ қатъ шуд. Ҳамчунин, аз сафари хабарнигорон ба ин минтақа ҷилавгирӣ мешавад. Дар ҳамин ҳол, гузоришҳо ҳокист, ки дар пайи амалиёти нерӯҳои давлатӣ, ахиран шаш тан аз маъмурони пулис низ кушта шудаанд.

 

Гуфта мешавад панҷ тан аз онҳо кормандони ОМОН ё гурӯҳи пулиси вижаи вилояти Хатлон будаанд, ки барои муқобала бо силоҳбадастон ба минтақаи Рашт эъзом шуда буданд. Зоиршо Қаландаров, фармондеҳи нерӯҳои вижаи пулиси Хатлон, шаби гузашта бар асари ҷароҳатҳо ҷони худро аз даст додааст.

 

Бархе аз хабаргузориҳо авохири ҳафтаи гузашта аз осеб дидани як чархболи низомӣ дар ин амалиёт гузориш дода ва навиштаанд, ки ин чархбол ба фуруди изтирорӣ дар маҳалли ҳодиса ночор шудааст. Вале манобеъи расмӣ ин хабарро такзиб карданд.

 

Ҳарчанд давлати Тоҷикистон масъулияти ин ҳамларо ба фармондеҳони собиқи мухолифи давлат вогузор карда, вале тибқи гузоришҳо, Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон, як гурӯҳи муртабит бо Алқоъида, бо пахши баёнияе масъулияти ин ҳамларо ба ӯҳда гирифтааст.

 

Дар ин баёния омадааст, ки ин ҳамла вокунише ба "таъқиби мусалмонон дар Тоҷикистон ва ҳамкории давлати ин кишвар бо нерӯҳои ғарбӣ" дар муборизаи эътилофи байналмилалӣ дар Афғонистон аст. Ин дар ҳолест, ки ахиран манобеъи ҷунбиши Толибон гуфтаанд, ки теъдоде аз шуришиёни ҷиҳодӣ аз кишварҳои Осиёи Миёна ба Тоҷикистон баргашта ва ба фаъолиятҳои худ дар ин минтақа идома медиҳанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3289-2010-10-05-09-19-22.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ