04:12:38 08-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/11_bordertower2147'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/10/11_bordertower2147'

ҲАМЛАИ "РОҲЗАНОН" БА РОНАНДАГОН ДАР ШӮРООБОД

Гурӯҳе аз ронандагони масири Хоруғ-Душанбе шаби якшанбеи 10 октябр дар ноҳияи марзии Шӯрообод мавриди ҳамлаи ба гуфтаи онҳо “роҳзанон” қарор гирифтаанд. Ҳамчунин, гуфта мешавад, ки чаҳор нафар аз сокинони рустои Ёли ин ноҳия ба Афғонистон ба асорат бурда шудаанд ва афроди гаравгонгир аз хонаводаҳои онҳо 10 ҳазор дулор талаб кардаанд. Ба гуфтаи шоҳидони айнӣ, дар миёни афроде, ки гаравгон гирифта шудаанд, писари яке аз мақомоти маҳаллии ин ноҳия низ будааст.

 

Вале ин хабар расман таъйид нашудааст. Масъулони идораи марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳанӯз дар ин бора ҳеҷ хабар ва ё баёнияе пахш накардаанд. Аммо ба гуфтаи мақомоти марзбонӣ, "марзбонони тоҷик муроқибат аз марз дар Шӯроободро ахиран беҳбуд бахшидаанд."

 

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯйи идораи нерӯҳои марзбононии Тоҷикистон мегӯяд: "Масъулони марзбон машғули таҳқиқоти ин ҳодиса ҳастанд. Вале як ҳафта қабл дар марзи муштараки Тоҷикистону Афғонистон, дар ноҳияи Шӯрообод, 9 нафар аз қочоқчиёни маводди мухаддир кӯшиши убур аз ин марзро доштанд ва бо марзбонони тоҷик вориди даргирӣ шуданд ва яке аз қочоқбарон кушта шуд, вале боқимонда дубора ба он сӯйи марз, яъне ба тарафи Афғонистон фирор карданд."

 

Ба гуфтаи вай, бархе аз қисматҳои кӯҳистонии марз дар ноҳияи Шӯрообод ба сабаби душворгузар буданаш бархе авқот аз мадди назари марзбонон дур мемонад. Аммо Рустам, як ронанди масири Душанбе-Хоруғ, ба Би-би-сӣ гуфт, ки яке аз хешовандонаш, ки мусофиронро аз Хоруғ ба Душанбе интиқол медод, шаби якшанбе, соъати ҳудуди 21:00 ба вақти маҳаллӣ, бо телефун ба вай хабар додааст, ки дар Шӯрообод гир кардааст.

 

Рустам мегӯяд, вай ба Шӯрообод расида ва ронанда ва ҳафт мусофирашро ба шаҳрҳои Кӯлоб ва Душанбе расондааст. Вай афзуд: "Мошини Кишвар аз кор монда буд, зеро афроди муҳоҷим калиди мошин, пул ва дороиҳои ронанда ва мусофиронро рабуда буданд. Афроде, ки ба мошинҳо ҳуҷум карданд, мусаллаҳ буданд ва яке аз онҳо либоси низомӣ дар тан дошт ва бо худкори Калашников вориди мошин шуда буд."

 

"Афроди муҳоҷим ба ҷуз аз хонумҳо, ҳамаи мардҳоро мавриди бозҷӯйӣ қарор дода ва сармоя ва телефунҳои ҳамроҳи онҳоро бо худ бурдаанд."

 

Дар ҳамин ҳол, бархе дигар аз ронандагони масири Душанбе–Хоруғ гуфтанд, ки рӯзи якшанбе "роҳзаноне, ки либоси афғонӣ ба тан доштанд", ин амалро бо ҳудуди беш аз панҷ ронанда ва мусофирон анҷом додаанд. Дар гузашта низ дар ноҳияи марзии Шӯрообод мавориди зиёди гаравгонгирӣ ба мушоҳида расидааст.

 

Коршинос Павриз Муллоҷонов мегӯяд, ки гаравгонгирӣ ва ҳамла ба васоили мусофирбарӣ бештар ба гурӯҳҳои созмонёфтаи ҷинояткор рабт дорад. Аммо ба ақидаи вай, марзбонон бояд муроқибат аз марз дар қисматҳои душворгузарро тақвият бидиҳанд. Рӯзи душанбе дар истгоҳи шаҳри Душанбе, ҷое ки мошинҳои мусофирбар таҷаммӯъ кардаанд, ронандагони масири Душанбе-Хоруғ мунтазири мусофирон буданд.

 

Яке аз ронандаҳо гуфт, ки субҳ бо шунидани хабари ҳамла ба мошинҳои мусофирбар дар Шӯрообод иддае аз хориҷиёне, ки қасди сафар бо ин масирро доштанд, аз ин сафар ба сабаби нигарониҳои амниятӣ даст кашиданд. Як ронандаи дигар мегӯяд, ки вай тасмим гирифтааст мусофиронро ба Бадахшон аз роҳи Душанбе-Тавлидара-Хобуробот-Хоруғ интиқол диҳад.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3328--qq----.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854