27 НАФАР ДАР РАШТ СИЛОҲҲОИ ХУДРО СУПУРДААНД
Тибқи хабарҳо, дар ноҳияи Рашт 27 нафар аз ҷонибдорони гурӯҳи мусаллаҳи Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Мулло Сайриддин ба ҳукумат таслим шудаанд. Раванди халъи силоҳ дар ноҳияи Рашт ба дунболи музокироти дирӯза дар шаҳраки Ғарм шурӯъ шуд.

Бо ин ҳол, дар ноҳияи Рашт музокироти Шукурҷон Зуҳуров-раиси Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон ва Амирқул Азимов-дабири Шӯрои Амнияти ин кишвар дар бораи ҷузъиёти халъи силоҳ ва афви гурӯҳҳои мусаллаҳи таслимшуда ҳанӯз идома доштааст. Ба гуфтаи манбаъи хабаргузории "Азия Плюс", гурӯҳҳое, ки силоҳҳои худро ба замин гузоштанд, ҳамчунин тааҳҳуд супурдаанд, ки барои хунсо кардани гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ дар минтақа ба нируҳои ҳукумат кӯмак кунанд.
Бино ба хабарҳо, барои халъи силоҳ ба гурӯҳҳои мусаллаҳ ду рӯз пешниҳод шудааст. Ин раванд рӯзи 14 октябр оғоз ёфт. Бар асоси пешниҳоди ҷониби давлат, дар сурати таслими аслиҳа дар ин муддат онҳо аз ҷавобгарии ҷиноӣ комилан озод хоҳанд буд.
Хабаргузории ИТАР-ТАСС бо такя ба мақомоти Тоҷикистон навиштааст, ки аввалин шуда фармондеҳон Мирзохӯҷа Аҳмадов ва Мулло Садриддин силоҳ ба замин гузоштаанд.Халъи силоҳ натиҷаи музокироти намояндагони раисиҷумҳур – раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров ва дабири Шӯрои амнияти миллӣ Амирқул Азимов бо фармондеҳони собиқ ба хотири хатми низоъи мусаллаҳона дар ноҳияи Рашт аст, навиштааст ИТАР ТАСС.
Ба иттилоъи хабаргузорӣ, Мирзохӯҷа Аҳмадов дар музокирот дар Рашт эълом доштааст, ки барои миёнҷигарӣ дар гуфтушунид бо афроди мусаллаҳ омода аст, то ки онҳо бо кафолати ҳукумат силоҳ ба замин гузоранд ва ҳамроҳ бо нерӯҳои ҳукуматӣ “ҳама бегонаҳоро аз хоки ватан берун карда, ба зиндагии осоишта баргарданд”.
«Озодӣ»
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/news/13-news/3353-27------.html