13:54:38 08-уми Июни 2025 сол

ИНТИҚОЛИ 16 ҶАСАД АЗ РУСИЯ БА ТОҶИКИСТОН ДАР МУДДАТЕ КӮТОҲ

Дар ҳудуди даҳ рӯзи ахир, ҳамзамон бо афзоиши танишҳои қавмӣ дар Маскав, аҷсоди 16 тан аз муҳоҷирони тоҷик аз Русия тавассути ҳавопаймо ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Ба гуфтаи як манбаъи фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе, дар мадорики бархе аз аҷсоди интиқолёфта сабаби марги ин афрод "қатл ё куштор" сабт шудааст.

 

coffino 628Ҳамчунин, бархе дигар аз афрод ба далоили мухталиф, аз ҷумла беморӣ ва худкушӣ ҷонҳои худро дар шаҳрҳои мухталифи Русия, аз ҷумла дар Маскав, аз даст додаанд. Иртиботи байни даргириҳои қавмӣ ва интиқоли теъдоди қобили мулоҳизае аз аҷсоди муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар муддате кӯтоҳ ҳануз мушаххас нест, вале бархе аз соҳибназарон баъид намедонанд, ки иддае аз муҳоҷирони тоҷик қурбонии хушунатҳои қавмӣ дар Маскав шуда бошанд. Дар феҳристи асомии аҷсоди мунтақилшуда, ки ба дасти хабарнигорон расидааст, сабаби марги дастикам ду нафар аз онҳо куштор сабт шудааст.

 

Ҳамчунин, далоили марги се нафари дигар беморӣ ва иллати марги як ҷавони 17-сола дар ин феҳрист ҳодисаи нохуш сабт шудааст. Синни аксари ин афрод зери 30-сола буда ва ҳамчунин, дар миёни 16 ҷасади интиқолёфта ду марди бузургтар аз 50-сола низ будаанд, ки сабаби маргашон мушаххас нест.

 

Аз миёни ин афрод ду зани ҷавони сокини вилояти Бадахшон ҳастанд ва пайвандони яке аз онҳо гуфтаанд, ки дар бадани ин зан нишонаҳое аз латукӯб ба назар расидааст. Бештари афроде, ки аҷсодашон ба Тоҷикистон мунтақил шуда, аз ҷумлаи сокинони шаҳри Душанбе ва навоҳии ҳумаи он буда ва дар Русия машғули корӣ будаанд. Ҳамчунин, як нафар аз онҳо аз вилояти Суғд буда ва аҷсоди иддае дигар ба вилояти Хатлон интиқол ёфтааст.

 

 

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе интиқоли теъдоди змёде аз аҷсоди муҳоҷирон аз Русия дар тӯли ду ҳафтаи ахирро ба нооромиҳои он кишвар рабт медиҳанд. Вале масъулони саафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯянд, ки дар бораи кушта ва захмӣ шудани шаҳрвандони ин кишвар дар даргириҳои қавмии Маскав иттилоъи дақиқе дар даст надоранд.

 

Мурод Бӯрибоев, сухангӯйи ин сафорат, дар як суҳбати телефунӣ ба Би-би-сӣ гуфт: "Масъулони кор бо муҳоҷирони Тоҷикистон зимни мулоқот бо шаҳрвандони тоҷикистонӣ аз онҳо дархост карданд, ки дар ин рӯзҳо ба тавтеъа дода нашаванд ва мувозиби худ бошанд."

 

Вай афзуд: "То имрӯз мо шикоёти атбоъи тоҷикистониро дар мавриди бо мушкил рӯбарӯ шудани онҳо дар ҷараёни нооромиҳо дарёфт накардаем."

 

Масъулони додситонии роҳу таробарии Тоҷикистон низ аз ироаи омори расмӣ дар мавриди интиқоли "Груз-200", ки тавассути он маъмулан тобутҳои муҳоҷирони корӣ аз хориҷ ба ин кишвар ворид мешавад, худдорӣ карданд. Вале бар асоси иттилоъи манобеъи ғайрирасмӣ, дар соли ҷорӣ беш аз 600 тобути атбоъи тоҷике, ки дар Русия ва зиндагӣ мекунанд, ба Тоҷикистон дода шудааст.

 

Ин афрод дар шаҳрҳо ва навоҳии мухталифи Русия ба сабабҳои гуногун, аз ҷумла беморӣ, сонеҳа ва тасодуфҳои утумубилӣ, худкушӣ ва ҳаводиси дигар, ҷонҳои худро аз даст додаанд. Бар асоси омори Вазорати кишвари Тоҷикистон, дар соли 2009 дар Русия 206 шаҳрванди Тоҷикистон дар пайи беморӣ ва 180 нафар дар тасодуфҳои роҳ ҷони худро аз даст дода буданд.

 

Иттилоъи ин вазоратхона ҳокист, ки дар соли 2009 аз Русия ба Тоҷикистон, дар маҷмӯъ, ҷасади 784 шаҳрванди ин кишвар интиқол дода шудааст. Даргириҳои густарда байни ҷавонони ифротгарои рус ва муҳоҷирони хориҷӣ дар Маскав дар пайи қатли Егор Свиридов, як мухлиси футбол, дар 6 декабр, оғоз шуда ва дар ҳафтаи гузашта ба авҷи шиддати худ расидааст.

 

Ин ҳаводис садҳо захмӣ ва осебдида аз хушунатҳои қавмӣ барҷо гузошта ва ҳудуди ҳазор нафар дар ҷараёни ошӯбҳои густарда боздошт шудаанд. Вале дар мавриди маргу мири шаҳрвандон, аз ҷумла атбоъи хориҷӣ, дар ин даргириҳо иттилоъе дар даст нест. Дар пайи ин даргириҳо ниҳодҳои интизомиву амниятии Русия дар шаҳри Маскав ва навоҳии атрофи он низоми шиноснома эълом карда ва шароити амниятиро ташдид кардаанд.

 

Дар ҳамин ҳол, идораи муҳоҷирати вилояти Хатлон хабар додааст, ки аз аввали соли ҷорӣ то ҳол аҷсоди 16 нафар аз муҳоҷирони корӣ аз Русия "бо нишонаҳои марги иҷборӣ" ба навоҳии мухталифи ин вилоят интиқол ёфтааст. Шоҳимардон Ҳамдамов, муъовини сардори ин идора, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ин муҳоҷирон аз ҷумлаи ҷавонони тоҷике будаанд, ки дар шароити мухталиф аз сӯйи милоатгароёни рус дар шаҳрҳо ва навоии гуногуни Руссия латукӯб ва кушта шудаанд.

 

Бар асоси иттилоъи ин манбаъ, аз аввали сол то кунун 130 тобути муҳоҷирони тоҷик ба вилояти Хатлон оварда шудааст. Бештари ин афродро мардҳо ташкил медиҳанд, ки бархе аз онҳо дар ҳаводиси нохуш ё сонеҳаҳои роҳ ва иддае низ аз бемориҳои мухталиф фавт кардаанд.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3943--16--------.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854