САЛАФИҲО ФАТВОИ ҚАТЛИ АЛ-БАРОДАИРО СОДИР КАРДАНД
Шайх Маҳмуд Омир, раиси ҷамъияти «Ансори суннати Муҳаммадияи Даманҳӯр» дар Миср бо истинод ба фатвоҳои ҳаммаслакони салафии худ барои қатл ва рехтани хуни Муҳаммад-ал-Бародаӣ, собиқ раиси Оҷонси байнулмилалии энержии атомӣ ва Юсуф Қарзовӣ, раиси Анҷумани ҷаҳонии уламои мусалмон, фатвое содир кардааст.
Ин фатво на танҳо ҷомеаи Мисрро ба ташвиш овардааст, балки ҷаҳони исломро низ такон додааст, зеро агар ин фатво амалӣ шавад дар кишварҳои мусалмоннишин, ки ҳамтоёни Ҳусни Муборак мардумро раҳбарӣ мекунанд, мухолифони худро бо истинод ба ҳамин фатво сарнагун хоҳанд кард. Мардум баъд аз он бар алайҳи баъзе рафтор ва кирдори сарварони давлат ҷуръати эрод гирифтанро низ аз даст хоҳанд дод. Соҳиби фатво, Маҳмуд Омир, дар навбати худ бо содир кардани ин фатвои ҷанҷолиаш дар ҷаҳон шӯҳрат пайдо кардааст.
Ӯ чанд сол пеш низ фатвое содир кард ва дар он Ҳусни Муборак - раиси ҷумҳури Мисри арабро чун Амиралмӯъмин ба мардум пешниҳод карда буд. Омир, дар фатвояш овардааст, Ал-бародаъӣ мардумро барои тазоҳурот ба зидди низоми давлат ташҷиъ мекунад ва ин маънои онро дорад, ки ҷомеи мусалмононро ноамн ва мардумро ба исён даъват кардааст ва бо аҳодиси Паёмбар(с) фатвояшро «мустанад» кардааст.
Аз ҷониби дигар, дуктур Наср Фарид, собиқи муфтии Миср, фатвои Омирро рад карда гутааст, ки фатвои Омир ҷанҷолбарангез аст ва ӯ бояд фавран «истиғфор» гӯяд ва аз гуфтааш пушаймон шавад. Чун бардоштҳояш аз аҳодиси Расули Акрам(с) ғалат ва аз нигоҳи фиқҳи муосир такмилталаб ҳастанд. Дар шариъати ислом ҳар касе, ки шаҳодатайнро ба забон оварда ба дил тасдиқашон кунад, ба ғайр ҳукми шариъат қатли вай ҷоиз нест.
Амруллоҳи Низом, барои «Рӯзгор»
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3947-2010-12-22-11-00-37.html