ОҒОЗИ МУҲОКИМАИ ФАРЗОНАИ ХУРШЕД
Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе муҳокимаи парвандаи ҷиноии Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавонро оғоз кард. Ҳарчанд муҳокимаи ин парванда озод эълом шуда буд, аммо масъулони додгоҳи ноҳияи Сино дар оғоз аз вуруди хабарнигорон ба толори муҳокима монеъ шуданд. Баъд аз оғози муҳокима, Сулаймон Қосимов, қозии парванда, ба сабаби ғайбати вакили мудофеъи яке аз муттаҳамон, барои чанд соъат танаффус эълом кард.
Бисёре аз хабарнигорон рӯзи сешанбеи 9 феврал барои ширкат дар муҳокимаи Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавон, дар назди толори додгоҳи ноҳияи Сино гирдиҳам омада буданд. Тақрибан соъати 10:30 дақиқа мошин бо муттаҳамони парванда ба назди бинои додгоҳ омад ва пайвандони хонуми Хуршед низ дар он ҷо ҳозир буданд. Дар миёни онҳо Шабнами Сурайё, овозхони саршинос ва хоҳарбузурги Фарзона ҳамроҳ бо модарашон, Сурайё Қосимова, ҳунарманди дигари саршинос мунтазири оғози муҳокимаи додгоҳӣ буданд.
Аз хонум Қосимова пурсидам, ки дар мавриди он чи бо духтараш рух дод, чи ақида дорад? Вай гуфт, ки ба мунсифона анҷом шудани муҳокимаи парвандаи ҷиноии духтараш умед дорад. Вай афзуд: "Ман медонам, ки духтарам амдан ин корро накарда ва ба Фаррух, ки итминон додааст, ки вайро аз муҳокима озод карданд, бовар кардааст." Сипас ҳудуди соъати 11:30 масъулони додгоҳи ноҳияи Сино, ки ҷилави дари вурудиии додгоҳро гирифта буданд, ҳамагонро, ба ҷуз аз хабарнигорон, ба толори муҳокима даъват карданд.
Вале бо вуҷуди исрори аксари хабарнигрон барои ширкат дар муҳокима ду масъули додгоҳ қотеъона бо вуруди онҳо ба дохили толор мухолифат карданд. Сулаймон Қосимов, қозии парванда, ба суоли хабарнигорон дар мавриди ин ки чаро онҳо иҷозаи вуруд ба толорро надоранд, гуфт, ки вай аз омадани хабарнигорон барои ширкат дар муҳокима воқиф набудааст.
Аммо оқои Қосимов гуфт, ки хабарнигорон метавонанд дар идомаи муҳокима ширкат кунанд. Аммо баъд аз зуҳр ҳарчанд наворбардорон вориди додгоҳ шуданд, вале бархе аз хабарнигорон боз ҳам иҷозаи вуруд ба толорро надоштаанд. Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавони тоҷик, тибқи моддаи 36 қонуни кайфарӣ ё ҷазои Тоҷикистон ба ҳамдастӣ ё шарикӣ дар ҷиноят ё кумак ба фирори як муттаҳам аз толори додгоҳ муттаҳам шудааст.
Бар асоси парвандаи ҷиноӣ, хонуми Хуршед ба фирори Фаррух Рӯзиев, ки низ тавассути кормандони интизомии Тоҷикистон ба қаллобӣ муттаҳам шуда буд, аз додгоҳи ноҳияи Сино кумак кардааст. Оқои Рӯзиев тобистони гузашта ба иттиҳоми кулоҳбардорӣ боздошт шуда буд. Аммо як моҳ пеш дар ҷараёни яке аз ҷаласоти додгоҳ, вай аз толор берун шуда ва ба ҳамроҳии хонуми Хуршед фирор кардааст.
Пайвандони Фарзонаи Хуршед мегӯянд, ки вай қасди гурезондани дӯстписарашро надошта ва танҳо ӯро дар беруни додгоҳ дидааст ва Фаррух Рӯзиев ба ӯ гуфтааст, ки аз муҳокима озод шудааст. Онҳо якҷо савори мошине шуда ва ба тарафи дараи Варзоб ҳаракат кардаанд ва рӯзе баъд дар он ҷо дастгир шудаанд.
Ҳамакнун ҳамроҳ бо Фарзона ва Фаррух Рӯзиев як масъули додгоҳ ба номи Шамсиддин Ғафуров ва як корманди пулис ба номи Ҳикматуллоҳ Қурбонов, ки иҷоза додаанд оқои Рузиев аз додгоҳ берун равад, ба ҳамдастӣ дар ин ҷурм муттаҳам шуда ва дар додгоҳи ноҳияи Сино муҳокима мешаванд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://ruzgor.tj/news/13-news/1714-2010-02-09-14-04-08.html