11:33:56 08-уми Июни 2025 сол

КУШТА ШУДАНИ ЧАНД АМНИЯТӢ ВА ПУЛИС ДАР БАЛҶУВОН

Чанд корманди пулис ва амниятӣ дар як даргирӣ бо афроди мусаллаҳи ношинохта дар ноҳияи Балҷувон, дар ҷануби Тоҷикистон кушта шудаанд. Манобеъи умури дохилаи вилояти Хатлон вуқӯъи чунин ҳодисаеро таъйид, вале аз ироаи ҷузъиёти он худдорӣ карданд.

 

baljuvonОфоқи Қодириён, сухангӯйи раёсати корҳои дохилаи вилояти Хатлон, ба Би-би-сӣ гуфт, ки ҷузъиёти ин хабар то ҳол барои мақомоти маҳаллӣ рӯшан нашудааст, вале аз рӯи иттилоъоти расида, ду нафар аз кушташудагон кормандони пулис ва ду тани дигар кормандони амниятӣ будаанд. Ба гуфтаи вай, ҳайъате аз масъулони раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон ба хотири огоҳ шудан аз ин ҳодиса ба ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон сафар кардаанд. Аз сӯйи дигар, як манбаъи маҳаллӣ ба Би-би-сӣ хабар дод, ки дар ин ҳодиса ҳафт нафар аз кормандони амниятӣ ва пулис кушта шудаанд. Вале ин хабар расман таъйид нашудааст.

 

Ин манбаъ гуфт, ки дар миёни афроди кушташуда Низомиддин Сайфиддинов, раиси идораи амнияти ноҳияи Темурмалик, низ будааст, ки шабҳангом барои дидорбинии яке аз дӯстонаш ба минтақаи Балҷувон сафар мекард ва бо ҳамроҳонаш ҳадафи ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифтааст. Сангалӣ Нодирхонов, муъовини раиси шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Балҷувон, гуфт, ки дар ин даргирӣ танҳо се нафар кушта шудаанд. Ин даргирӣ дар деҳаи Дулонаобод байни соъатҳои 4 ва 5 шоми рӯзи 1 декабр рух додааст.

 

Вай дар истинод ба шоҳидони айнӣ дар маҳал гуфт, ки аз миёни афроди вобаста ба гурӯҳи мусаллаҳе, ки ба нерӯҳои пулис ва амниятӣ ҳамла карда, ду нафар "риш дошта ва ба афғонҳо шабеҳ" будаанд. Оқои Нодирхонов ҳамчунин гуфт, ки пештар бархе аз афроди ношинос ва мусаллаҳ аз сокинони рустоҳои маҳаллӣ нон пурсидаанд.

 

Шамсулло Аҳадов, як сокини маҳаллӣ дар Балҷувон, мегӯяд, ки афроди мусаллаҳ эҳтимолан аз минтақаи Обигарми ноҳияи Рашт бо роҳҳои душворгузари кӯҳистонӣ ба ноҳияи Балҷувон омадаанд. Хабаргузории маҳалли "Asia-Plus" навиштааст, ки тибқи яке аз фарзияҳо маъмурони амниятӣ ва пулис ҳангоме ҳадафи ҳамлаи афроди мусаллаҳ қарор гирифтанд, ки ба санҷиши иттилоъоте фаврӣ дар бораи маҳалли будубоши теъдоде аз зиндониёни фирорӣ машғул буданд.

 

Дар моҳи августи соли ҷорӣ теъдоди 25 зиндонӣ пас аз қатли панҷ зиндонбон аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон фирор карданд. Дертар мақомоти пулис аз боздошти ҳафт нафар ва қатли се тан аз зиндониёни фирорӣ хабар дода буданд, вале гуфтанд, ки афроди дигар ҳамчунон нопадид ҳастанд.

 

КУШТА ШУДАНИ ЧАҲОР МИЛИСА ДАР БАЛҶУВОН

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/3736-2010-12-02-08-12-05.html

Назари Шумо

Security code
навсозӣ


sultoni-qalbho
 
taronahoi jovidonai ahmad zohir 2025

lohuti ohangsoz ham bud

ahmad zahir va musiqii gharb 45458754
 
askshoi-khotiravi
 
rudaki chang bigriftu 12214554
 
payvandi ahmad zahir bo mavlavi 548787
 sultoni qalbho qismi duvvum 4544854