ПАДАРИ “АЛӢ БЕДАКӢ” БОЗДОШТ ВА БАРОДАРАШ ЗИНДОНӢ ШУД
Музаффар Давлатов, падари “Алӣ Бедакӣ” баъд аз мавриди пурсӯҷӯи бозрасон қарор гирифтанаш дар шаҳри Душанбе нопадид шудааст. Муҳаммадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари ҳизби неҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) гуфт, ки аз нопадид шудани Музаффар Давлатов пайвандонаш ба масъулони ҲНИТ хабар додаанд. Вай афзуд: “Мо ҳоло машғули таҳқиқи ин ҳодиса ҳастем ва қасд дорем дар ин замина расман ба ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ муроҷеъат кунем.”
Ин дар ҳолест, ки Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати кишвари Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки Музаффар Давлатов, "барои даст доштан дар чанд ҷинояти вазнин, аз ҷумла хабар надодан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар мавриди содиршавии ҷиноят" боздошт шуд. Додситонии низомӣ дар ин замина алайҳи Музаффар Давлатов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Ин дар ҳолест, ки авохири ҳафтаи гузашта додгоҳи Душанбе Ҳусниддин Давлатов, бародари “Алӣ Бедакӣ”-ро барои 11, 5 сол равонаи зиндон кардааст.
Аловуддин Давлатов, мулаққаб ба “Алӣ Бедакӣ” дар авоили моҳи ҷорӣ дар пайи як амалиёти вижаи нерӯҳои интизомӣ ва амниятӣ дар минтақаи Рашт кушта шуд. Мақомоти Тоҷикистон “Алӣ Бедакӣ”-ро дар ҳамла ба комюнҳои вазорати дифоъ дар дараи Камароб, ки дастикам 26 кушта бар ҷой гузошт, муттаҳам карданд. Маҳмадалӣ Ҳайит, муъовини раҳбари ҳизби неҳзати исломии Тоҷикистон рӯзи душанбеи 31 январ ба Би-би-сӣ гуфт, ки рӯзи шанбеи гузашта Музаффар Давлатов ба раёсати ҷустуҷӯи ҷиноии вазорати умури дохила даъват шуда ва баъд аз он нопадид шудааст.
Масъулони бахши матбуъотии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон гуфтанд, ки аз ин ҳодиса хабар надоранд. Маҳмадалӣ Ҳайит мегӯяд, Музаффар Давлатов 75 сол дошта ва дар ноҳияи Рашт ба сар мебурдааст. Дар посух ба ин суол, ки чаро ҲНИТ ба сарнавишти Музаффар Давлатов таваҷҷӯҳ дорад ва оё вай узви ин ҳизб буд, оқои Ҳайит гуфт, ки “вай узви ҳизби мо нест, вале падари узви ҳизби мо Ҳусниддин Давлатов мебошад.”
Ин дар ҳолест, ки авохири ҳафтаи гузашта додгоҳи шаҳри Душанбе паси дарҳои баста Ҳусниддин Давлатов, бародари “Алӣ Бедакӣ”-ро барои 11,5 сол равонаи зиндон кард. Ба далели ин, ки ҳукми додгоҳ ҳанӯз ба иҷро надаромадааст, қозии ин парванда аз шарҳи ҷузъиёти ин хабар худдорӣ кард. Ҳусниддин Давлатов, ки узви ҲНИТ мебошад, дар авоили моҳи сентябри соли гузашта дар яке аз масоҷиди Душанбе боздошт шуда буд ва ин амр боиси пахши баёнияе аз тарафи ҲНИТ бо ибрози нигаронӣ аз амалкарди ниҳодҳои амниятӣ шуда буд.
Вале, баъд аз ҳодисаи ҳамла ба комюнҳои вазорати дифоъ дар дараи Камароб, телевизиюни давлатии Тоҷикистон навореро пахш кард, ки дар он Ҳусниддин Давлатов иддаъо дошт, ки ин "амали теруристиро бародараш Аловуддин Давлатов анҷом додааст." Ҳусниддин Давлатов дар ин навор мегуфт, ки бо дастури бародараш аз Душанбе чанд баста униформи низомӣ ва маводд барои таҳияи маводди мунфаҷира харидорӣ кардааст.
Аммо ба гуфтаи масъулони ҲНИТ Ҳусниддин Давлатов, узви ин ҳизб, ки узви маҷлиси ноҳияи Рашт низ буд бо пайкорҷӯён иртиботе надошт ва машғули тиҷорат буд. Ба ин далел бархе аз соҳибназарон ҳадс мезананд, ки эҳтимол дорад эътирофи телевизиюнии Ҳусниддин Давлатов таҳти фишор ба даст омадааст. Дар ҳамин ҳол, баъд аз кушта шудани “Алӣ Бедакӣ” ва ҳафт тан аз ҳамроҳонаш дар авоили моҳи январи соли ҷорӣ мавзӯъи таҳвили аҷсоди ин афрод ҳамчунон норӯшан боқӣ мондааст.
Мақомоти пулис мегӯянд, ки тибқи қавонини Тоҷикистон дар бораи терурисм аҷсоди афроди муттаҳам ба ин ҷурм ба пайвандонашон таҳвил намешавад. Бо ин ҳол, ҳеҷ додгоҳе ҳанӯз даст доштани ин афрод дар аъмоли теруристиро собит накардааст. Аммо Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон ин қазияро дигар гуна шарҳ дода буд. Вай дар нишасте матбуъотӣ гуфт, ки ин аҷсод аз сӯйи пайвандонашон шиносоӣ нашуданд ва ба ин далел давлат худ барои дафни онҳо муваззаф шудааст. Ин дар ҳолест, ки пайвандони ин афрод иддаъо доранд, ки оҳоро барои шиносоии аҷсоди афроди кушташуда даъват накардаанд.
Би-Би-Си
Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/28-latestnews/4309-2011-01-31-07-36-45.html