12:22:42 30-уми Июни 2025 сол
Внимание
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/09_khujand_blast_2265874'
  • Lack of access rights - File '/images/stories/2010/09/09_khujand_blast_2265874'

ИНФИҶОРИ ХУҶАНД: ГУРӮҲЕ НОШИНОХТА ХУДРО МАСЪУЛ ХОНД

Як гурӯҳи ношинохтаи исломгаро, ки худро Ҷамоъати Ансоруллоҳ муъаррифӣ карда, ҳамлаи интиҳории ҳафтаи гузашта ба як идораи пулис дар шаҳри Хуҷандро ба уҳда гирифтааст. Ин гурӯҳ мегӯяд, ки ин ҳамларо барои интиқомгирӣ аз қатлу озори мусалмонон аз сӯйи давлати Тоҷикистон анҷом додааст. Дар ин бора сойти интернетии "Кавказсентр.ком", ки маъмулан матолиби марбут ба гурӯҳҳои мухталифи исломиро пахш мекунад, хабар додааст.

 

Ин сойт аз ҷумла аз қавли ин гурӯҳ менависад: "Ин амалиёт дар вокуниш ба қатлу озори бародарони мо ва мусалмонони одӣ, ки дар беруни ин макони манфур анҷом шудааст." Сойти Кавказсентр мегӯяд, ки ин баёнияро ба василаи имейл аз манбаъе номаълум дарёфт кардааст. Вале ҳеч манбаъи мустақилли дигар ин хабарро таъйид накардааст.

 

Дар авохири ҳафтаи гузашта, дар ҳамлае интиҳорӣ ба як идораи пулис дар шаҳри Хуҷанд, ки дар Тоҷикистон собиқа надоштааст, чаҳор нафар, аз ҷумла ду маъмури пулис, кушта ва беш аз 25 нафари дигар захмӣ шуданд. Худраве, ки ба гуфтаи мақомот, дар он маводди мунфаҷира ҷо карда шуда буд, рӯзи 3 сентябр бо суръати боло ба муҳавватаи идораи мубориза бо ҷароими созмонёфтаи пулис дар вилояти Суғд ворид ва мунфаҷир шуд.

 

Мақомоти Тоҷикистон ангушти иттиҳом дар мавриди ин ҳодисаро ба Ҷунбиши исломии Ӯзбакистон, як гурӯҳи исломгарои мамнӯъ дар кишварҳои Осиёи Миёна, дароз кардаанд. Ин инфиҷор дар ҳоле рух дод, ки ахиран Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, аз густариши нуфузи гурӯҳҳои тундрави исломӣ дар ин кишвар ҳушдор дода ва аз мардум даъват кардааст, ки фарзандони худро ба мадрасаҳои исломии кишварҳои хориҷӣ барои таҳсил нафиристанд.

 

Пештар, гурӯҳе 25-нафарӣ аз зиндониён дар Тоҷикистон панҷ зиндонбонро кушта ва аз боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар фирор карданд, ки давлат онҳоро ба гурӯҳҳои теруристӣ муртабит хонда ва гуфтааст онҳо қасди барандозии низомро доштаанд. Дар пайи ин ҳодиса оқои Раҳмон мақомҳои амниятии баландпояи ин кишварро аз симаташон барканор кард.

 

Би-Би-Си

Адреси доимии маводи мазкур: http://www.ruzgor.tj/news/13-news/3074-2010-09-09-01-23-50.html

 

Назари Шумо

Security code
навсозӣ